ИНТИХОБОТ ИФОДАИ БА ХАЛҚ ТАЪЛУҚ ДОШТАНИ ҲОКИМИЯТ

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ БА ХАЛҚ ТАЪЛУҚ ДОШТАНИ ҲОКИМИЯТ

Тавре ҳамагон огаҳем санаи 11-уми октябри соли равон дар кишвари азизамон Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳо пешбарӣ гардидаанд.

Бояд гуфт, ки интихобот василаест, ки ба халқ таълуқ доштани ҳокимиятро ифода мекунад. Яъне тибқи меъёрҳои муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгарӣ соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва тавассути интихобот иродаи хешро бевосита изҳор мекунад. Тоҷикистон, ки ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, маҳз дар доираи ҳамин меъёр сохтори интихоботии дохилиашро ба талаботи байналхалқӣ мутобиқ кардааст. Дар қонунгузории ҷорӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ таъмингари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар интихобкунӣ ва интихобшавӣ роҳу воситаҳои ташкили интихоботи шаффофу демократӣ инъикос шудаанд. Масалан, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҷлиси поёнии доимоамалкунанда ва Сарвари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи интихоботи бевосита аз ҷониби мардум дар райъпурсӣ интихоб карда мешаванд.

Фикр мекунам, дар ҷаҳони муосир кишваре нест, ки аз интихобот истифода накунад. Кишварҳои олам новобаста аз сохти сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсии ҳукмрони ҷамъиятӣ интихоботӣ чӣ парлумонӣ бошад ва ё чӣ президентӣ ин равандро кӯшиш мекунанд истифода намоянд ва ба мардум шароит фароҳам меоранд, ки маҳз худашон номзади арзандаашонро интихоб бикунанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки интихобот бисёр марҳилаи ҳассос аст. Собит гардидааст, ки дар бисёри кишварҳои олам ҷангу низоҳо ва гирдиҳамоиҳои дохилӣ маҳз пеш ва ё баъд аз интихобот сар задааст. Бино бар ин мардумро боваркунонидан ва тафаккури онҳоро ба ҳадафҳои олии худ моил сохтан кори осон нест. Дар ин марҳила нақши калидиро  барои номзадҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои мукаммали интихоботӣ ва шахсияти онҳо мебозад. Чунки барномаи ҳар як номзад муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя мардум тасмим мегирад, ки кадоме аз ин номзадҳо арзанда нест ва кадоме аз ин номзадҳо арзандааст ва метавонад бо барномаи худ ояндаи давлату миллатро дурахшон созад ба он овоз медиҳанд.

Ташкили гузаронидани интихобот яке аз роҳҳои ба худидоракунӣ ҷалб кардани миллионҳо шаҳрвандон мебошад. Онҳо нафақат овоздиҳанда, балки ташкилкунандаи интихобот низ ҳастанд.

Маъракаи интихобот ягона давраест, ки дар он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти  тамоми мамлакат мавзӯи гуфтугӯи ошкоро қарор мегирад. Дар ин баҳсу мунозираҳо намояндагони қариб ҳамаи табақаю гурӯҳҳои иҷтимоӣ иштирок меварзанд. Он яке аз роҳҳои асосии бедор кардан ва ташаккул додани афкори ҷомеа мебошад.

Дар раванди интихобот шахсе Президент интихоб мегардад, ки метавонад мардумро боваркунонад, ки қудрати аз номи халқ идора кардани давлатро дорад, шаъну шараф, ҳуқуқу озодиҳои мардумро таъмин мекунад ва онҳоро ба зиндагии шоиста мерасонад.

Аҳлиддин ИЗЗАТУЛЛОЕВ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *