ДУШМАНИ ШАХСИЯТРО БАХШИДАН МУМКИН АСТ, АММО ДУШМАНИ ВАТАНУ МИЛЛАТ ВА ДИНРО БАХШИДАН МУМКИН НЕСТ!

ДУШМАНИ ШАХСИЯТРО БАХШИДАН МУМКИН АСТ, АММО ДУШМАНИ ВАТАНУ МИЛЛАТ ВА ДИНРО БАХШИДАН МУМКИН НЕСТ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат дод. Вале ин озодиро гурӯҳои алоҳида ба таври худ қабул карданд. На ҳама ба қадри ин озодӣ ва тинҷиву амонӣ расид. Тоҷикистон ягона давлати пасошуравиест, ки дар қаламрави он ба ҳизби исломӣ — Хизби наҳзати исломӣ иҷозати озодона фаъолият кардан дода шуда буд. Ин ҳизб аз солҳоӣ аввали таъсисёбӣ фаъолияти худро танҳо ба хотири ноором гардондани авзои сиёсии ҷомеа равона сохта, ин самти фаъолияташро то имрӯз дигар накардааст. Баъди он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд Ҳукумати мамлакат шароит фароҳам овард, то роҳбарияти ин ҳизб иштибоҳи таърихии хешро ислоҳ намуда, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азиз кору фаъолият намоянд. Мутаассифона, онҳо ношукрӣ карда, амалҳои иғвогаронаи худро идома доданд ва имрӯз низ давом дода истодаанд.

Сокинони мамлакат тавассути шабакаҳои телевизионӣ филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”- ро, ки дар он амалҳои ғайриинсонии аъзои ТТЭ ҲНИ-ро бо чашми capдиданд. Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ин ҳама барои бадном намудани ҲНИТ роҳандозӣ мешавад. Баръакс, он наворҳое, ки пахш гардиданд, маҳз бо хоҳиш ва талаби мардуми аз дасти аъзои ин ҳизб ҷабрдида пешкаши тамошобин гардидаанд.

Ҳангоми таҳлили таърихи фаъолияти ин ҳизби террористӣ мушаххас мегардад, ки ҳизби номбурда чандин марҳалаҳои на чандон дури таърихиро паси cap кардааст. Ба гуфтаи худи сарваронаш, замоне ки ҳизбашон таъсис ёфт, ҳануз Ҳукумати шӯравӣ салтанат дошт. Сарварони ин ҳизб дар ёддоштҳои худ навиштаанд, ки «онҳо тариқӣ пинҳонӣ фаъолият мекарданд». Замоне, ки ин ташкилоти террористӣ (ҲНИ) ба фаъолият шуруъ намуд, дар Тоҷикистон, ҳамчун яке аз ҷумҳуриҳои шуравӣ, арзишҳои динӣ маҳдуд буданд. Барои мисол, нашри адабиёти динӣ маҳдуд, дари масҷид ва мазорҳо баста, рафтан ба ҳаҷ мамнӯъ буд. Бинобар ин, аксарият инсонҳои соҳибфарҳангу равшанфикр роҳи аз ин мушкилот берун рафтанро дар озодии дину мазҳаб медиданд. Бештари фарҳангиёну тараққихоҳони миллӣ озодии миллату давлатро дар эҳёи арзишҳои динии исломӣ медиданд.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръон ба забони точикӣ бо теъдоди сад ҳазор нусха нашр гардид, соли 2009-ум 1310 — солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ҷашн гирифта, шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии кишварҳои исломӣ эълон шуд. Давоми солҳои соҳибисиқлолӣ садҳоҳазор шаҳрвандони мамлакат Ҳаҷро ба ҷо оварда, ҳоҷӣ шуданд ва имрӯз ҳам рафтан ба шаҳрҳои Макка, Мадина ва дигар ҷойҳои муқаддаси мусалмонон ягон мушкилӣ надорад.

Дар баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ муносибат ба дин ва арзишҳои динӣ ба куллӣ дигар шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз ҳама ба­рои қонеъ гардондани талаботи динии шаҳрвандон фаъо­лият кард. Дари ҳазорон масҷид кушода ва мазору ҷойҳои муқаддас ободу эҳё, адабиёти динӣ фаровон нашр шуданд. Аз ин рӯ, вуҷуд доштани ҳизбе, ки гуё ба хотири манфиатҳои динии шаҳрвандони Тоҷикистон мубориза мебарад, умуман дар ҷомеъаи мо зарурат надошт ва надорад. Агар воқеаҳо ва хатарҳои муосири минтақа ва чаҳонро ба назар гирем, вуҷуд доштани ҳизби дороӣ характери динӣ дар замони авҷ гирифтани ифротгароиҳои динӣ воқеан, ҳам барои Тоҷикистон ва барои минтақа хатари ҷиддӣ дорад, зеро барои гурӯҳҳои пасипардагие, ки мехоҳанд манфиатҳои геополитикии хоҷагони хориҷии худро амалӣ кунанд, беҳтарин ниҳоди расмӣ ҳамин ҳизбҳои сиёсии исломианд.

Ҳизбҳои сиёсии динӣ дар ҳама мавридҳо аз эҳсосот ва боварҳову эътиқодоти динии мардум хеле хуб суистифода карда, онҳоро ба роҳгумӣ мекашанд. Онҳо тавассути ҳизбҳои сиёсии динӣ инфрасохторҳои мавҷудаи давлатиро барҳам медиҳанд ва ҳар ҳадафу манфиате, ки доранд, барои барҳам додани амнияти минтақ ва ҷаҳон бо истифода аз ҳамин созмону ҳаракатҳои динии сиёсӣ амалӣ мегардонанд. Мисоли равшан ин кирдору амалҳои хиёнаткоронаи содиркардаи Ҳоҷӣ Ҳалим бори дигар собит сохт, ки намояндагони собиқи ИНОТ ва аъзои ҲНИ кинаву адоват ва ғаразу хусуматҳои пешинаро ҳануз ҳам аз қалб нарондаанд ва аз кирдору амалҳои пешинаашон даст кашиданӣ нестанд.

Бояд тазаккур дод, ки собиқ ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) чанд сол пеш дар фазои озоди кишвар фаъолияти густурда дошт, вале сарваронаш аз ин имконоти мавҷуда истифода намуда, таври пинҳрнӣ амалҳои ҷиноятии худро пеш мебурдаанд. Ҳодисаҳои чанд вақти охир нишон доданд, ки намояндагони ин ҳизби террористӣ мехоҳанд, воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор намоянд. Ин кирдори ноҷавонмардонаи роҳбарияти ҳизбро дида, шаҳрвандоне, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба ҳизби номбаршуда бовар доштанд, бо хоҳиши худ аз аъзогии он даст кашиданд. Маҳз иштибоҳи худи роҳбарияти ҳизб сабаб шуд, ки пеш аз қатьи фаъолияти ғайриқонунии ҳизб аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар манотиқи алоҳидаи ҷумҳурӣ ин ҳизб худ аз худ аз фаъолият бозмонад. Шаҳрвандони кишвар пайи ҳам аз узвияти худ дар ин ҳизб даст мекашиданд ва дигар ба роҳбарияти ҲНИТ бовар надоштанд.

Ҳарчанд, ки Суди Олии Тоҷикистон бо садҳо далелҳои муттамад ҲНИ — ро ҳамчун ҳизби террористӣ фаъолияташро манъ дошта, аъзоён ва раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабириро дар ҷӯстуҷӯи интерпол дода бошад ҳам, аз хатари хатарзои он ҳеҷ гоҳ бепарво будан мумкин нест. Барои ин муаллимон, падару модарон, калонсолонамон, диндоронамон дар масҷидҳо аз руи талаботи ватандорӣ масъул ва вазифадор бошанд, ки шогирдонро дар мактаб, фарзандонро дар хона, намозгузоронро дар масҷидҳо аз хабари ин ҳизби мамнуъ огоҳ кунанд. Ҳар кадоми мо масъули амнияти зиндагии хеш ва истиқлолияту ваҳдати миллату давлат бошем.

Ҷангҳои шаҳрвандӣ хомӯш карда шуданд, давлат равиши зиндагиро ба роҳ монд. Фаромӯш набояд кард, ки мо тоҷикон чӣ душвориҳои мушкилро аз cap гузаронидем. Ба қадри заҳматҳои кашидаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан, сиёсати сулҳофаринии он ҷанобро дастгирӣ кардан, дар назди Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Наҳзатиҳо ҳадафмандона ҷангу ҷидолро дар Тоҷикиистон ташкил карданду аз он бесарусомониҳо истифода бурда, беҳтарин фарзандони миллати точик, аз қабили, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзод, Отахон Латифӣ, Юсуф Исоқӣ, Моёншо Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Муродулло Шералиев ва садҳо дигарро бо роҳи террор аз байн бурдаанд. Ин ҳизби хуношом барои Тоҷикистонро ба хун оғушта кардан беш аз ҳазор аъзоёнашро ба кишварҳои сарпарасташ Ҷумҳурии исломии Эрон ба­рои гирифтани таълимоти террористиву экстремистӣ фиристонда, аз онҷа ба Тоҷикистон барои қатли оми оварданду бо бадтарин шева мардуми Тоҷикистонро қатл карданд. Мардуми Тоҷикистон ба хотири пойдории сулҳу субот дар Ватан борҳҳо ин душманони миллату давлатро бахшиданд, мардуми Тоҷикистон бовар доштанд, ки наҳзатиҳо аз ин ба баъд дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва рушди давлат камари ҳиммат мебанданд, аммо маълум мешавад, ки мардуми Тоҷикистон дар бахшидани ин душманони хуксифат хато карда будаанд. Воқеъан ҳам бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки душмани шахсиятро бахшидан мумкин аст, аммо душмани ватану миллат ва динро бахшидан мумкин нест!

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *