ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА МАФКУРАИ ҶАВОНОН

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА МАФКУРАИ ҶАВОНОН

Терроризм аз калимаи лотини «terror» гирифта шуда, маънояш тарс, даҳшат, сиёсати тарсонидан ва фурӯ нишондани  душмани  сиёсӣ бо роҳи зӯрӣ, ҳатто бо ҷазоҳои  ҷисмонӣ, куштор, вайронкорӣ ва ғайра шаҳр дода шудааст.

Имрӯз ҷаҳони муосир  ба мушкилоти  зиёде рӯ ба рӯ аст, ки аз ҳама хатарноктаринаш терроризм мебошад. Хусусан шакли байналмилалии терроризм яъне терроризме, ки ба тамоми миллатҳо ва амнияти инсоният таҳдид мекунад. Имрӯз терроризми байналмилалиро қабои динӣ пушонда, онро бо ибораҳои терроризми динӣ ё терроризми мазхабӣ низ ёдовар мешаванд. Харакатҳои террористии ба ном исломӣ оламро дар ваҳшоният қарор дода, аҳолии осоиштаро кушта, кишварҳоро харобу ғapқи хун кардаанд. Аламовар он аст, ки барои амалӣ кардани ғаразҳояшон гурӯҳҳои террористй аз неруи чавонони кишварҳо истифода мебаранд. Ҷавонон ҳам ба гуфтаҳои ашхоси алоҳида гуш дода, бидуни таҳлилу идрок аз пайи онҳо мераванд ва умре сарсон мегарданд. Бадтар аз ин ҳам баҷони худ ҷабр мекунанду ҳам аҳли оилаи худро дар ғаму андӯҳ мешинонанд.

Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Онҳо барои ин хостаи худ иродаи бархе аз ҷавононро аз дасташон гирифта, ба қисме аз онҳо нашъаву ҳар гуна доруҳо гузаронда, аз худ бехудашон мекунанд ва барои татбиқи нақшаҳояшон истифода мебаранд. Барои мисол, ҳамин кофист, ки зиндагии чанде аз онҳои ба Сурия рафтаву даст ба сина зада “мо ҷиход мекунем» гуён аз тарики шабакаи интернет таблиғот мебаранд, шинос шавем. Бештари онҳо дар гузашта ё дузду ҷинояткор будаанд ё нашъаманд.Онҳое, ки аз ин кирдор дур будаанд, пас ба он ҳад сода будаанд, ки тавонистанд ба фиребу найранг дода шаванду аз зиндагиву мустакилияташон маҳрум гарданд

Гурӯҳҳои бадхоҳ ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳояшон аз дин моҳирона истифода мебаранд. Барои он ки медонанд чавонон хоҳ нохоҳ заъфи эътиқодӣ доранд ва дар баробари ин дониши мукаммалро дар бораи эътикод ё динашон соҳиб нестанд. Аз ин ру шахсони бесавод, камтаҷриба ва ноогоҳаз илмҳои диниву дунявиро ба дом мекашад. Ҷавонон, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дуруғи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ гарданд. Ин андеша, ки ҷавонони мо дар ҷангҳои кишварҳои бегона иштирок мекунанду дар ҳолати ҳалок гардидан шаҳид мешаванд, тамоман ғалат аст. Чӣ тавр шаҳид мешаванд, вақте тифлаконро ятим, занҳоро бева, ҷигари модари нафареро, ки ба қатл расондааст, реш-реш мекунад? Ҳол он ки дини ислом одитарин шиканҷаро ба кас раво намебинад Тавре гуфта мешавад, ҳар ки хуни як шахсро резад, ҳамчунон аст, ки хуни тамоми одамонро рехта бошад. Агар як касро аз куштан наҷот диҳад, ҳамчунон аст, ки тамоми башариятро аз куштан наҷот дода бошад.

Ба андешаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Ин гуфтаҳои Пешвои миллатро тасдиқ карда гуфтаниам, ки ислом ҳаргиз тарафдори одамкушӣ набуд ва мусалмон террорист нест ва террорист хеҷ гоҳ мусалмон шуда наметавонад. Ҳеҷ кас ҳақ надо­рад, ки Расули акрамро ҳамчун ҷангҷу ва дини исломро ҳамчун дини зулму шиканҷа ва куштор нишон диҳад

Барои пешгирии ин амалҳои номатлуб пеш аз ҳама лозим аст, ки ҳамон мазҳабе, ки дар кишвари мо — Тоҷикистони азиз роиҷ аст ва ин қадар сол бобову бобокалонҳои мо ба он пайрав буданд, дар макотиб, донишкадаву донишгоҳҳои кишвар дурустар таълим дода шавад, то насли ҷавон баробари илмҳои дунявӣ аз улуми дин ҳам огоҳ бошад. Дар ин сурат мумкин мегардад, ки ҷавонон сиёҳро аз сафеду хубро аз бад, ҳеҷ набошад мафҳуму маънои дурусти ҷиҳодро дарк мекунанд. Ташкил намудани вохуриҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқоид ба пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар омӯзишгоҳҳо бештар ба роҳ монда шавад. Гарчанде, ки пешгирии ин амалҳои номатлубро кормандони ҳифзи ҳуқуқ бар душ доранд лекин ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки саҳми худро дар  пешгирии ҷавонон аз гуруҳҳои экстримистӣ гузорад. Падару модаронро зарур аст, ки фарзандони худро аз шабгардӣ, бисёр вақт гузарондан дар марказҳои интернетӣ манъ кунанд, зеро яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистӣ ва пайравӣ кардан ба ақидаҳои бегона ва тундрав маҳз шабакаҳои интернетианд, ки ҷавонон боиси вайрон шудани мафкураю  рӯҳияи онҳо мегардад. Дар натиҷа бадхашму гапногир шуда, ҳурмати волидайнро ба ҷо  намеоранд. Ба дарсҳо аҳмият кам дода, худашон пайваста ба сомонаҳои интернетист. Маҳз тавассути интернет бисёр ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои тундрав, аз ҷумла  шомили созмони террористӣ ДИИШ гардида, побанди хоҷагони бегона шуда, умри ҷавони худро  баҳри  манфиятҳои ҷоҳу ҷалолхоҳон беҳуда хазон месозад.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *