НАҲЗАТИЁН ҶАВОБИ ИН ҚАДАР ҶИНОЯТҲОИ КАРДААШОНРО ДАР НАЗДИ ХУДО ЧИ ТАВР МЕДОДА БОШАНД?

НАҲЗАТИЁН ҶАВОБИ ИН ҚАДАР ҶИНОЯТҲОИ КАРДААШОНРО  ДАР НАЗДИ ХУДО ЧИ ТАВР МЕДОДА БОШАНД?

ВОКУНИШ. Таърих гувоҳ аст, ки  мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим пешрафти зиндагиро  бо ақлу заковат, донишу фаросат, фарҳангу маданият таъмин мекунанд, на бо ҷаҳолату тиру туфанг ва ё дасисаандозӣ мисли Кабирӣ ва атрофиёни ӯ. Албатта мусалам аст, ки ТТЭ ҲНИ аз рӯзҳои авали фаъолияташ маълум буд, ки мақсади нопок ва маккорона дорад, ки аз номаш пайдост.

Фаъолиятҳои палидонаи наҳзатиён ба ҳамагон шудааст, ки дар бо истифода аз ниқоби ислом амалҳоеро иҷро кардаанд ва кардаистодаанд, ки кофарони қабр аз содир кардани онҳо худро дар канор мегиранд. Аз сарчашмаҳои исломӣ айён аст, ки дини мубини ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ниёз надорад ва нахоҳад дошт.

Имрӯзҳо мусаллам аст, ки наҳзатиён ва мансабталошонашон фардҳои  саросар ба ҷаҳолат афтодаро фирефта намуда аз дунболи худ мебаранд ва туъмаи мақсадҳои ғаразноки худ мекунанд ва ҳангоме, ки ба мақсади нопокашон расиданд аз паи қонеъ гардидани нафсонияти ҳароми хеш саргардон гардида молу дороӣ ҷамъ меоваранд. Айни ҳол мардуми тамадунофар ва бофарҳанги тоҷик хуб медонанд, ки наҳзатиён ба ҷуз валангор кардани шаҳру деҳот куштори бародару сӯзонидани хонаи бародар, сағир кардани тифлони хурдсол, вайрон кардани оилаҳои солим дигар ҳеҷ кореро анҷом надодаанд? Ба руи мардум хок пошида, “гӯё” ислом пешаи онҳост, аммо ин исломпешагонӣ фосиқу пастфитрат ба амалҳое даст мезананд, ки ҳатто ҳайвони ваҳшӣ ба анҷоми чунин корҳо қодир нест. Ин нуқтаро мо дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дидем. Ин хуксифатон худро ба қавле аҳкомдорони ислом меноманд, вале дар пайи вайрон кардани мафкураи бархе аз ҷавонони гумроҳу камсаводанд.

Эй наҳзатиёни террористи шумқадам оё боре фикр кардаед, ки ин ҳама ҷинояту амалҳои нопоки анҷомдодаи хешро, майлаш аз қонунку гурехта истодаед, аммо дар назди Худо  чӣ ҷавоб медиҳед? Фаромӯш накунед, ки Худо ҳаргиз дассисабозону фитнакорон ва хиёнатпешагонро намебахшад, инро низ фаромӯш накунед, ки аз роҳи ин тарафатон дида, роҳи он тарафатон шояд наздиктар бошад. Ҳоло ҳам дер нашидааст ростиро пеша кунед!  

     Чуноне, ки мефармоянд:

          Мор то рост нагардад  наравад дар сурох,

          Рост шав, то битавони ба лаҳад ғунҷидан.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *