ХИЁНАТ БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ — ИН МОДАРИ ХУДРО БА ДУШМАН ФУРӮХТАН АСТ!

ХИЁНАТ БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ — ИН МОДАРИ ХУДРО БА ДУШМАН ФУРӮХТАН АСТ!

ВОКУНИШ. Дирӯз дар саҳифаҳои интернетӣ наворе оиди ҳамоиши эътирозии ташкилоти террористӣ-экстримистии “Гурӯҳи 24” дар назди сафорати Русия дар шаҳри Берлин пахш шуд, ки дар он аъзои гурӯҳи мазкур бо нишони эътироз ба ҳукумати Русия “Гӯё” яке аз намояндаи ин гурӯҳи террористиро бо номи Шобудин Бадалов Русия ба Тоҷикистон истирдод карда бошад. Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин идаъои террористони гуруҳи 24-ро рад кардааст. Баъди тамошои ин навор дигарбора эҳсос кардам, ки найрангу иғвогариҳои ин террористони камхирад тамомӣ надорад. 

 Биёед ба воқеъият назар андозем, ин гурӯҳи дурӯғин чихел гурӯҳ аст ва саркардагони ин гурӯҳ киҳо будан ва киҳо ҳастанд? Гурӯҳи 24-ро Умаралӣ Қувватов нафаре, ки ба ташкилоти террористӣ-экстримистии Толибон байъат карда буд таъсис дода буд. Мутаъсифона якчанд сол пеш Умаралӣ Қувватовро дар шаҳри Истанбули Туркия аз ҷониби яке аз ҳамкор ва дӯсти худ аввал заҳр медиҳанд баъдан бо тапонча ба қатл мепасонанд. Мақсади ин гурӯҳ замони таъсисаш ҳамон буд, ки дар Тоҷикистон ҷангу низоҳоро ташкил бикунанд. Бо ин мақсад аз кисаи Умарали Қувватов якчанд ҷавонони ноогаҳро фирефта карда ба Олмон мебаранд ва минбаъд онҳоро барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон истифода мекунанд.

Рости навори мазкурро тамошо кардам дар он як чанд ҷавон ба қавли дигар кудаке, ки бинии худро дуруст тоза карда наметавонанд ва аз сиёсат фарсаҳо дуранд дар даст шиору овезаҳо ва расмҳои шаҳрвандони Тоҷикистон эътироз баён карда истодаанд, ки Шобудин Бадалов яке аз ҳаммаслакони онҳоро Русия ба Тоҷикистон истирдод кардааст. Аммо ҳам ҷониби Русия ва ҳам Тоҷикистон идаъои онҳоро рад карданд.

Як персонаж дар мултфилми ледниковый период ҳаст, номашро аз ходир баровардам, хулоса гардани дароз дорад ҳамон персонаж аз Шобуддин Бадалов ҳеҷ камие надорад. Тавсия медиҳам мултфилми мазкурро бо забони Тоҷикӣ тамошо кунед, бисёр аҷоиб аст. Шобудин Бадалов ҳатто дуруст гап зада наметавонад мисли ҳамон персонажи мултфилм аст. Ин шахсшро моҳи июни соли равон дар дар шаҳри Масква дар назди майдони сурх ҳангоми баргузории Паради ҳарбии бахшидашуда ба солгарди “Рӯзи ғалаба” барои  содир кардани ҷиноят ва бетартибӣ ба ҳабс гирифта буданд, вале баъди чанде озодаш карданд.

Баъди Умаралӣ Қувватов Шарофиддин Гадоев роҳбари ин гурӯҳ таъин гардид, ин ноқисул бошад дар наворҳои видеоияш суханоне мегӯяд, ки худаш дуруст сарфаҳм намеравад, ки чӣ мегӯяд. Ҳамеша чун суханони пур аз таҳқиру таҳдид ва парту палои ба суроғаи роҳбарони вазорату кумита ва хусусан ба Роҳбарияти Олии кишвар ва аҳли оилаи онҳоро мешунавем, нафратам ба уву ҳаммаслаконаш бештар мешавад. Охир инҳо ҳамаашон кӯдаканд, кӯдак. Яъне ин маънои онро дорад, ки онҳо замони алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз шояд баъзеҳояшон набуданд. Он чи ки онҳо дар бораи вазъи дохилии кишвар ва воқеаҳои он ҷанги хонамонсӯз мегӯяд, саросар дурӯғанду буҳтон. Дар урфият мегӯянд “То саг наҷакад соҳибаш нон намедиҳад”. Рафторҳои ин кӯдакони гурӯҳи 24 ва дигар ҳаммаслаконаш аккоси чоплусонаи сагеро мемонад, ки ба хотири луқмаи нон сару садо баланд мекунад.

Чун аз тинати ин «ватандорон»-у «озодихоҳон» огаҳем, ҳадс мезанем, ки ғайр аз носазо гуфтану туҳмат задан коре аз онҳо барнамеояд. Ягона ҳадафи онҳо бо ин рафтори номардонаи худ дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор додани Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд аз обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти мубрами рӯз, аз қабили норасоии оби тозаи ошомиданӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва ҳоказо хуб огоҳанд, аммо тинати нопок, виҷдони фурӯхташуда ва қарздорӣ пеши хоҷагонашон кӯрашон кардааст. Онҳо ҳамагӣ инсонияти худро аз даст додаанд. Воқеан онҳоро мебояд ба суоли он, ки дар қиболи ин ободиву озодӣ, пешрафту шукуфоӣ, тантанаи дӯстию рафоқат чӣ мехоҳанд ба мо диҳанд? Кадом неъмате беҳтару хубтар аз вожаҳои боло доранд, ки мехоҳанд Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва амну амонии моро қурбонаш созанд? Медонем, ки чизи дигаре ба ҷуз талаби ҷоҳу сарват ва ҳокимият надоранд, ки ба мо халқи тоҷик бидиҳанд!?

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *