ДУШМАНОНУ ХОИНОНИ МИЛЛАТИ МО АМНУ ОСОИШИ ТОҶИКИСТОНРО ДИДА НАМЕТАВОНАНД!

ДУШМАНОНУ ХОИНОНИ МИЛЛАТИ МО АМНУ ОСОИШИ ТОҶИКИСТОНРО ДИДА НАМЕТАВОНАНД!

ВОКУНИШ. Душманону нотавонбинони миллати мо, дар қолабҳои шахсиву гурӯҳӣ ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа мисли “Хамелион” рӯ зада, аз ритми азалии худ зери нотаи нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, бӯҳтон ва дуруғафканӣ бо мақсади ғасби ҳокимияти қонунӣ истифода карда, мехоҳанд ба шуури созандаи мардум, хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд, ки пайравони асилу воқеии Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, латма ва доғ ворид кунанд ва бехабар аз онанд, ки тирашон кайҳо хок хӯрдааст. Касе ба суханони пучу бебаънӣ ва бебунёди онҳо гуш намедиҳад ва агар диҳадам мисли тамошои мазҳакаи навбати гурӯҳи ҳаҷвӣ ва ё зери номи “Хоинони миллат” назар меандозаду як дамаке аз ин сӯзиши пур аз манфиатхоҳии шахсии хоинон фаротар бохабар мегардад.

Онҳо худ дарк кардаанд, ки дигар ҳеҷ кас ба қавле мухлиси суханҳои колабиашон нест, вале ҳамоно аз ин мавқеи бешарафиашон истифода мебаранд. Ҳар шахс ва шахсите, ки иродаи солим дорад ба ҳар тарзе зери шуури худ суолеро ба миён меорад, ки оё рӯзе мешуда бошад, ки ин гурӯҳчаҳои бо ном мухолифин ва зери пардаи “наҳзат” паноҳбурда, аз андешаҳои нигилистии худ даст кашанду афкори солимро пеша карда, ба ҷои он, ки дассисаҷӯйи кунанд ба фикри андешаи ифтихори миллӣ афтида, дар бунёди Тоҷикистони дунявӣ ва соҳибистиқлол ҳиссагузорӣ кунанд … Худо медонаду иродаи нотавонбинонаи онҳо!

Такрорам шавад инҷо ёдовари муҳим аст, ки воқеанҳам, имрӯзҳо бо ном мухолифони Ватан, ки зери чатри хоҷагонашон бурун аз марзи кишвар, дур аз ёру диёр, бо қалбҳои пур аз кину бағалҳои пур аз санги маломат бе ягон асноду асос ба ҷониби кишвари биҳиштосоямон, ки бо боду ҳавои пок, хиёбону гулгашт, шаҳру деҳу рустои обод, оби ҷонбахш ва гулу гиёҳи равонбахшаш қалби сайёҳону ҳар бинандаро мафтун намуда, сокинони Ватан аз ин туҳфаи Офаридагор фараҳманду шукри истиқлолиятро доранд, санги маломат мепартоянд. Мо ҷавонони зодаи Хатлон, чун ҳама ҷавонони кишвар, дар фазои амну осоиш кору фаъолият намуда, аз ба ном “андеша”, “афкор”-(нопок) “ақида” “хулоса” “таҳлил” “изҳорот”-и ташкилоти ифротии “Паймони миллӣ” ва андешаҳои муғризони роҳбари ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом Кабирӣ ва ҳама думравонаш, (дар қолабҳои таҳияшудаи гуногун),бояд ҷиддан огоҳ бошанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, чунин иғвобарангезиро шадидан маҳкум мекунем.

Чанде пеш низ ин хоинони кишвар ҳодисаи ҳамагирӣ бемори КОВИД-ро чун дастак истифода карда, хостанд, ки рӯи ин миллат ва бо ин масъалаи ҳассос фитнаангезӣ кунанд, ки аз ҷониби ҳама сокинон ба вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ гардиданд, ки ҳаққи ҳалолашон буд…

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *