ЗАБОН ДАР ТАШАККУЛИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛАТ НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД!

ЗАБОН ДАР ТАШАККУЛИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛАТ НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД!

АНДЕША. Имрӯзҳо, ки падидае бо номи ҷаҳонишавӣ тамоми мамлакатҳои мустақилу номустақилро ба коми худ кашидан дорад, ягона василаи нигаҳ доштани ҳуввияту худшиносии миллӣ ин, пеш аз ҳама, ҳифзи забони миллист. Зарфияти забони тоҷикӣ беинтиҳосту бекарон. Олимону шоирони гузаштаи нажоди мо бораи ҳифзи забони ноби тоҷикӣ ва ба мерос мондани он ба насли имрӯзу оянда захматҳои зиёде кашидаанд. Амсоли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯлқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедили, Ҷалолиддини Румӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва садҳову ҳазорон эҷодкорон, адибон, шоирону нависандагон ва олимону донишмандони миллатро метавон ном бурд, ки дар рушди бемайлон ва ғанӣ гаштани хазинаи фарҳангии забони тоҷикӣ саъйу талошҳои қобили пазироӣ ва шоёни таҳсини фаровон кардаанд. Ба хотири нигоҳ доштани ин забони бузург фарзандони ҷоннисори ин миллати кӯҳанбунёд аз дасти бадхоҳони забони тоҷикӣ заҳматҳо ва азобу дарду ранҷҳои ҷонкоҳе дидаанд.

Мардуми тоҷик дар даврони Истиқлолият шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа гардидааст. Имрӯз Ҳукумати кишвар баҳри ҳифзу устувор нигоҳ доштани забони тоҷикӣ як қатор қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул ва тасдиқ намудааст, ки солҳо боз баҳри ҳамчун забони асосии давлатию давлатдории мамлакат истифода шудани забони тоҷикӣ хизмат карда истодаанд.

Дар баробари ин, сокинони кишвар баъд аз қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», ки 5-уми октябри соли 2009 қабул шудааст, ҳар сол санаи 5-уми октябрро ҳамчун рӯзи «Забони давлатӣ» дар тамоми минтақаҳои мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҳамчун ҷашнвораи бузурги таърихии миллӣ таҷлил менамоянд.

Донистани забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ барои ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ судманду зарур аст ва он ба рушд ва камолоти шахсию касбии ҳар фард дар ҷомеа мусоидат мекунад. Омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ва волидону бузургтарон дар хона ва фаъолони ҷомеа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо дарки ин моҳият мекӯшанд, ки фарзандон ва ҳар узви дигари ҷомеа дар баробари омӯхтани илмҳои дигар, донишҳои хуби забонӣ ҳам дошта бошанд.  Ин боис ба он мегардад, ки дар замири насли имрӯз меҳру муҳаббат ва садоқату арҷгузорӣ ба Ватан, забону адабиёт ва фарҳангу санъат ва тамоми арзишҳои умумимиллӣ бештар ба вуҷуд оварда шавад.

Имрӯз дар фазои интернетӣ баъзе доираҳои манфиатҷу мехоҳан бо истифода аз тарғиботҳои дуруғини идеологии худ сари мардумро гаранг карда мутақоид созанд, ки “Забони имрӯзаи мо забони тоҷикӣ нест” “мо тоҷикон ҳоло миллат нашудем”, “хати кирилӣ ба забони имрӯзаи мо ҷавобгу нест”, “мо бояд ба асли хеш баргардем” ба ҳамин монанд мавзуҳоро тарғибу ташвиқ доранд ва дар тафаккури мардум зеҳният созӣ кардан мехоҳанд. Бо тамоми маъни хулоса баровардан мумкин аст, ки агар дар тарозуи манфиатҳои миллӣ хостаҳои онҳоро баркашем, яъне ба асли гуфтаи онҳо баргардем давлатдории миллӣ ва ормони ҳазорсола ё мисли лахча месӯзад ва ё хокистар мешавад!

Бинобарин мо сокинони кишвар имрӯз муваззаф ҳастем, ки барои пояндаву устувор мондани давлатдории миллии хеш, забони модарӣ ва забони давлатии хеш — забони тоҷикӣ фарзандон ва наслҳои аз худ хурдтарро дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ва гиромию азиз доштани забони ноби тоҷикӣ ва пос доштани дигар арзишҳои умумимиллию умумибашарӣ тарбия намуда, ба камол расонем. То ба ин васила тавонем, дар самти тарбияи насли ояндасози миллату Меҳан саҳми андаке ҳам бошад, аз худ гузорем. Чун забон дар ташаккули ҳуввияти миллат нақши муҳим дорад.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *