Абдуллоҳи Раҳнамо: Аз фикрам намегардам, зеро дуруст аст!

Абдуллоҳи Раҳнамо: Аз фикрам намегардам, зеро дуруст аст!

Савганду фарёду шарҳи сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо бар «демократитарин мақола»-и худ, ки мавриди баҳсу баррасиҳои ҷиддӣ ва таҳоҷуми лафзӣ бар зидди шахсияти ӯ  қарор гирифтааст. Дар ин матлаб ӯ як эътирофи ҷиддӣ ҳам кардааст.. 

Чанд рӯз пештар, сомонаи радиои «Озодӣ» мақолаи бандаро бо номи гӯёи «Тангное миёни «адолати таърихӣ» ва «адолати иҷтимоӣ»: ё нигоҳе ба роҳи душвори давлатшавии кишварҳои пасошӯравӣ дар ҳошияи интихоботи Белорус» нашр кард. Бо вуҷуди ба мавқеи ин расона мувофиқ набудани баъзе бандҳои мақола, нашри он намунаи эҳтиром ба асли гуногунфикрӣ буд, ки ҷойи қадрдонист.

Аммо як ҳафтаи бознашру шарҳнависию ҷавобнависии бешумор атрофи ин мақола нишон дод, ки дар фазои иттилоотии сиёсатзадаву ѓайрикасбию пуртазод чунин маводи бунёдӣ фаҳми камтар ёфта, метавонад на танҳо дарк нашавад, балки шарҳи баръакс гирифта, қурбонӣ ва талаф гардад.

Манзараи умумӣ нишон медиҳад, ки бахши азими корбарон сатҳинигару «хабархонак» шуда, тобу тавони хондану ҳазм кардани и маводи бунёдиро надоранд ва бахши азими дигар, мухолиф будану мухолиф гуфтанро вазифаи касбию ҳизбии худ карда, бе ҳеҷ мулоҳиза дар боби муҳтавои мавод, дур аз мавзӯи он қатор-қатор ҷавобу ҳошиянависӣ мекунанд. Дареғо, ки ба ҷои таваҷҷуҳ ба таҳлили моҳияти раванд ва лаҳзаи ҳассоси таърихии сарнавишти давлатҳоямон, муҳимтарин баҳсу интизори хонандаи фейсбукӣ ин будааст, ки «муаллиф ҷонибдори Лукошенко аст ё тарафи эътирозгарон», «тарафдори диктотура аст ё демократия», «тарафдори ҳукумати Тоҷикистон аст ё мухолифи он», «ҳадафаш сиёҳкунист ё сафедкунӣ», «мавод дароз аст ё кӯтоҳ», «муаллиф чоплус аст ё фосиқ», «мусулмон аст ё кофир» ва ҳатто «муаллиф дар донишҷӯияш чанд костюм дошт»(?) ва ғ.

Яъне, аксарияти шарҳнависону ҷавобгӯён посух меҷӯянд ё амалан интизор доранд, ки муаллиф «изҳороти сиёсӣ» диҳад, ки тарафдори Лукошенко аст ё тарафдори эътирозгарон?

Бале, фазои маҷозии сиёсӣ то ба ҳамин сатҳ сиёҳусафед шуда, вариантҳои васеътари дигарро тасаввуру таҳаммул тааммул намекунад. Яъне барои камтар касе муҳим будааст, ки худи андеша дуруст аст ё нест, худи раванди таърихӣ чунин аст ё нест, худи хулосаҳои муаллиф воқеист ё нест, варианти дигари рушди ин кишварҳо низ вуҷуд дорад ё не? Бо дидани ин назарҳои маҳдуду ҳукмҳои бераҳмона бар ростии андешаи худ шакке накардаам, аммо ростӣ аз дурнамои андешаи сиёсии тоҷикӣ ва гуфтумони солими миллӣ то ҳадде ноумед шудам.

Ва ёдам омад, ки табиби хуби тоҷик Абдулло Давлатов гоҳо болои маводҳои соҳавии тиббияш қайд мекунад, ки ин тавсияҳо «танҳо барои корбурди кормандони тибб аст». Пас аз ҳуҷуми эҳсосию ғайрикасбӣ ба ин навишта, банда ҳикмати ин равиши доктори муҳтарамро дарк карда, низ ногузир ин бор болои мавод таъкид намудам, ки «ТАНҲО БАРОИ АҲЛИ ИН МАВЗӮЪ ПЕШБИНӢ ШУДААСТ». Бинобар ин, бо таъкид ба чанд нуктаи шарҳӣ, матни дақиқтаршуда ва васеъшудаи ин навиштаро, ки аз назари банда барои дарки раванд ниҳоят муҳим аст, пешниҳод намоям:

1.Ин мақолаи калонҳаҷм ягон хабари расонаӣ ё гузориши журналистӣ дар бораи ҳодисҳои Белорус нест, ки интизор бошем то ҷолиб, шавқовар, кӯтоҳ, ҳисоботдиҳанда ё кӯбанда бошад, касеро ҳимояту касеро маҳкум кунад. Балки он таҳлили илммеҳвари худи равнади мураккаби таърихии давлатшавии кишварҳои пасошӯравист, ки ҳамаи ин кишварҳо камебеш фаро мегирад. Аз ин рӯ, мавзӯи он баррасии муаммои муҳимтарини таърихи муосири ин давлатҳо буда, новобаста аз будан ё набудани буҳрони Белорус ё новобаста аз мондан ё рафтани А.Лукошенко на муҳиммияти ин масъала аз байн мераваду на аҳаммияти ин навишта.     

2.Ба ҷойи шарҳу ҳукмҳои эҳсосию сиёсӣ, агар аҳли мавзӯъ, яъне сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, мутахассисони равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят фаъолони сиёсии ботаҷриба назарҳои худро ироа кунанд, диди арзишманди онҳо боиси такимили дидгоҳҳои ҷомеа ва дарки иштибоҳҳои муаллиф мегардад. Бинобар ин, агар миёни касоне, ки бо ин таҳлил мухолифанд, касоне бошанд, ки дар ҳамин сатҳ ҳамин масъаларо бе сиёсатбозию бе таҳқиру эҳсосост таҳлили илмӣ карда, ҳолати дигари онро нишон диҳанд, ин хушбахтии мо хоҳад буд ва ҳатман эътирофу эҳтиром мегузорем.

Наход болотарин сатҳи ҷавоб ба як андеша дар муҳити маҷозию иттилоотии мо фарёду нафтару туҳмату таҳқири ҳамдигар бошад?

(Ҳамин лаҳзаи нашр дидам, ки донишманди тоҷик Ҳафиз Бобоёров посухи сазоворе ба ин матлаб навиштааст, ки бо вуҷуди розӣ набудан ба бахше аз ҳукму равишу бинишҳояш, ки марбути илмҳои дигари ҳамҷаворанд, аз ин сатҳу ин фарҳанги баланди муколамаи эшон самимона сипосзгузорӣ мекунам! Муҳим ин аст, ки аз ҷиддияти маводи эшон аҳаммияти ин мавзӯъ ва дурустии гузориши масъала бори дигар  собит мешаванд.)

3.Банда эътироф дорам, ки дар чунин муҳит таъкид бар тезиси «авлавият доштани мақомии институти давлат бар заруратҳои дигар» дарку истиқболи зиёд надорад ва мавҷи интиқодро ба бор меорад. Аммо аввалан, дареғ мебуд, ки мутахассис дар масъалаи соҳавии худ тобеи раъйи ом шавад ва сониян, банда мақоларо ҳаргиз ҳамчун сиёсатмадор нанавиштаам, ки дар ҷомеа хол гирам ё он тарафи касеву зидди касе бошад. Балки онро маҳз ҳамчун сиёсатшинос бо камоли масъулият дар баробари сарнавишти давлатдории миллӣ навишта ва хусусияти ин муаммои таърихиро аз диди соҳаи худамон оромона шарҳ додаам. Ҳоло касе тарафдор бошаду касе мухолиф, ҳақиқати илмӣ ва воқеияти таърихӣ таѓйир намеёбад.

4.Муҳимтарин сухан ин аст, ки бар хилофи бардоштҳои бисёр сатҳӣ, мақола ҳаргиз зидди худи демократия ва ҳаргиз ҳимоят аз худи диктотура набуда, балки баръакси он, бар зарурати гузаштан аз низомҳои пасошӯравӣ ва расидан ба ҷомеаҳои ҳуқуқмеҳвари демократии муосир таъкид дорад ва роҳу механизму ҳасосияту мушкилоти ин гузаштанро шарҳ медиҳад. Ба ибораи дигар он муфидтарин мақола барои демократишавии ҷомеаҳои мо, балки он демократитарин мақола аст.

Аммо дар айни замон, аз нигоҳи комилан воқеъбинона монеаҳои дохиливу хориҷии ин роҳро шарҳ карда, нишон медиҳад, ки чӣ гуна дар шароити заифии ниҳоди давлат(1), парокандагии нерӯҳои сиёсӣ(2), печидагии вазъияти иҷтимоӣ (3) ва ноустувории фазои геополитикӣ(4) гузаштани ин роҳ мушкил аст ва метавонад ба ивази шикасти давлат (бо дахолати дигарон) анҷомад, чуноне, ки дар Гурҷистон ва Украина ва ғ.

Бинобар ин, паёми асосии мақола ҳушёрии миллӣ ва эҳтиёти азим на аз худи демократия(!), балки аз тарҳҳои ҳадафманду воридотии  қудратҳои берунӣ бо номи «демократисозӣ» ва пайомадҳои давлатшикани он дар муҳити пуррақобати геополитикии имрӯз (бо дасти қудратҳои дигари берунӣ) ва дар айни замон, аз роҳи низоми қавию мутамарказ устувор сохтани институти сохторию арзишии давлат ҳамчун поя, зарфият ва муқаддимаи ҳатмии ҳама гуна гузор ба ислоҳоти демократӣ мебошад. Ин ҳақиқатест, ки натанҳо бо ақл дарк мешавад, балки ҳатто бо чашм метавон дид.

Аз ин рӯ, фақат ба хотири ба касе писанд набудани ҳукумат ё бад дидани муаллиф ё ба хотири лаззати ҷавобнависӣ ин қадар таҳқиру тамасхуру инкор намудани чунин ҳақиқати мутлақи таҷрибашуда на танҳо ҳайратовар аст, балки ҷабр дар ҳаққи сарнавишти мардуму кишвар мебуд. Боз ҳам мисоле аз таҷрибаи табибони муҳтарам мезанам, ки мудири Бемористони Ибни ибни Сино бо эҳсоси масъулияти бузурги касбӣ сари ҳар вақт дар саҳифаи худ тавсия ва ҳушдор медиҳанд, ки эй дӯстон, вирус ҳанӯз ҳаминҷоҳост, худу фарзандонро эҳтиёт кунед. Аммо мо бепарво бозору идгардак меравему баъдан яке-яке хабари марги ҳамдигарро мешунавем.

Бо ин қиёс, қасам ба Худованд, ки агар моҳияти ин равандҳои мураккабро дарк накунем ва дар чунин масъалаи муҳимми сарнавишти давлату миллат бо ин ғафлату нафрату эҳсосоти хом ҷавобнависак кардаву бо ин ҷаҳл пеш равем, дар оянда на танҳо барои суботу оромии ин кишвар, балки барои худи давлату давлатдорӣ низ дар сӯг хоҳем нишаст.

Фоҷеаи Украину Гурҷистон барои оқил кофист. Аз ин рӯшантар чи метавон гуфт?

5.Бо вуҷуди ин, бори дигар ба ин мавод баргашта, бе тағйири аслҳо, матни мақоларо аз нав хеле дақиқнависию бозкушоӣ намудам, ки нуктаҳо барои доираи васеътари хонанда низ қобили фаҳм бошанд.
 Ва ҳамчун фарёди миллӣ(!), хоҳиш доштам, ки ин маводро, ки бо ҳама риску масъулият навиштаам, на аз нигоҳи манфиату ихтилофҳои сиёсии лаҳзаӣ ё муносибати шахсӣ ба муаллиф, балки хунсардона ва аз нигоҳи манфиатҳои бунёдии миллию давлатӣ ва сарнавишту ҳуқуқи давлатдории мардуми мо арзёбӣ фармоед. Он гоҳ паёми меҳварии он дарк хоҳад шуд.

***

ТАНГНОЕ МИЁНИ «АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ»

 ВА «АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ»

    Ё нигоҳе ба роҳи душвори давлатшавии кишварҳои пасошӯравӣ

 дар ҳошияи интихоботи Белорус

(Матни такмилшуда)

Интихоботи президентии Белорус, ки чанд рӯз пештар ҷамъбаст шуд, дар муҳити фикрию сиёсӣ ва шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ пӯшишу вокуниши васеъ дошт. Дар баробари табрики расмии Роҳбари давлат ва истиқболи бахше аз шахсияту доираҳои ҷамъиятӣ аз пирӯзии А.Лукашенко дар он, дар ин фазо дидгоҳҳои дигаре низ дида шуданд, ки аз маҳкумияти пирӯзии ӯ то ситоиши эътирозҳо ва номзади мухолифинро дар бар мегирифтанд. Баъзе корабарон дар ин мавзӯъ  шеърҳо суруданду баъзеи дигар ин фурсатро барои қиёси ду низоми давлатӣ ва танқиди ҳукумати Тоҷикистон истифода намуданд. Бо саҳифагардонии баъзе аз ин мавод, зарур донистам, ки чанд хулосаву мулоҳизаи шахсии худро атрофи ин интихоботи мураккабу сабақомӯз ба миён гузорам. Аммо мавзӯи меҳварии мавод на баёни раванду ҷузъиёти ин интихобот, балки баррасии роҳи душвору фоҷеавии давлатшавӣ ва демократисозии кишварҳои пасошӯравӣ аст, ки дар интихоботи Белорус бори дигар рӯшану мубрам гаштааст. Умедворам, ки ин мавзӯи ниҳоят ҷиддӣ дар сатҳи худи мавзӯъ ҷиддӣ хонда ва ҷиддӣ гирифта шавад.

1.Аз назари низоми арзишҳои ахлоқӣ ва сиёсие, ки банда ҳамчун инсон ба он эътиқоди амиқ дорам, ба ҳукуматҳои сахтгири саркӯбгар ҳеҷ ҳусни таваҷҷуҳе надорам. Хусусан, дидани саҳнаҳои «саркӯби дифоъӣ»-и эътирозҳо дар шаҳрҳои Белорус, ки чанд рӯзи пешгузашт, барои банда ҳамчун инсон ва зиёӣ бисёр сахту ногувор аст. Бале, ҳамчун инсон, ҳамчун соҳиби эҳсосоти инсонӣ. Вазъияти чунин кишвари осуда ва чунин мардуми хуб бояд ба ин ҷой кашида намешуд…

Аммо дар канори эҳсосот ҳар яки мо ҳамчунин ақл, ихтисос, мутолиа, маълумот ва таҷриба низ дорем, ки ҳангоми арзёбии масъала ё падидае бояд ҳатман аз он низ кор бигирем. Ин аст, ки дар авҷи ҷароҳатёфтагии эҳсосоти инсонӣ, мо бояд қудрату хунсардии онро низ дошта бошем, ки ҳар падида, аз ҷумла интихоботи Белорус ва таҳаввулоти атрофи онро аз диди тахассусию таҷрибӣ ва нигоҳи прагматикии сиёсӣ арзёбӣ намоем. Муҳимтар аз ин, на танҳо худи ҳаводиси Белорус, балки лаҳзаи сиёсӣ ва бистари таърихие, ки ин ҳаводис дар он ҷараён доранд, ҳушмандона дарк намоем. Ва бандҳои поин талош ё нигоҳест аз ин дидгоҳ.

2.Хулосаи аввали банда аз таҳлили таърихи муосири кишварҳои истиқлолёфтаи баъдишӯравӣ ин аст, ки онҳо барои давлат шудан як марҳила ба низомҳои қавии мутамарказ ниёз доранд. Низоми идории давлатмеҳваре, ки бо қудратмандӣ ва назорату ҳидояти қатъии самти рушди ҳамаи соҳаҳо, давлатро ҳамчун низоми воҳиди ҳуқуқию сиёсӣ(1), ҳамчун механизми ягонаи иқтисодӣ(2), ҳамчун зерсохтори ягонаи иртиботӣ(3), ҳамчун маҷмуаи мавзуни арзишию равонӣ, яъне ҳисси шаҳрвандӣ ва миллати сиёсӣ (4), ҳамчун фазои ягонаи амниятӣ(5) ва ҳамчун воқеияти собити низоми байналхалқӣ(6) то охир ташаккул диҳад. Гузаштану комёбии чунин раванди мураккабу ногузири давлатшавии ин давлатҳо дар ҳолати мавҷудияти низомҳои заиф ва ихтилофҳои дарунии ҷомеа бисёр мушкил мебошад.

Ин ки мухолифини дохилӣ ё берунияшон ин низомҳоро режимҳои «авторитарӣ» ё «диктаторӣ» ном мебаранд, нақшу рисолати таърихии онҳоро дар масири давлатшавии ин кишварҳо коҳиш намедиҳад. Хусусан, дар ҳоле, ки агар бахше аз ин бардоштҳо асосе дошта бошанд, бахши асосии он на ифодаи моҳияти сохториву сиёсию арзишии ин низомҳои сиёсӣ, балки корбурди политтехнологию геополитикӣ дар муқобили онҳост. Ва нуктаи муҳим ин аст, ки чунин низомҳои мутамаркази сахтгир шояд на ҳамеша моҳияти комилан прогрессивӣ, одилона ва миллатдӯстона доранд, аммо таъкиди мо рӯи моҳияти ниҳодофарӣ ва давлатсозии онҳост, ки дар ин марҳилаи рушди ин давлатҳо бисёр ҳалкунанда аст. Мисли ташаккули устувори давлати муосири Туркия дар даврони ҳукмронии мутлақаи Камол Отатурк ва ғ.

Аз ин рӯ, бо он осебпазирии бисёромилие, ки дар оѓози истиқлолияти худ ҳамчун давлат ва миллат ба мерос гирифтаанд, мавҷудияти низомҳои қавию сахтгири мутамарказ, ки имрӯз дар Русия, Белорус, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мушоҳида мешаванд, як марҳилаи таърихан ва ҳаётан муҳимм ва ногузири рушд ва давлатшавии ин кишварҳост. Мутаассифона, ин хулосаи зоҳиран ногувор на як арзёбии сиёсӣ ва эҳсосӣ ё на як мавқеи ҷонибдоронаи муаллиф, балки як хулосаи таърихӣ ва таҷрибӣ мебошад.

3.Новобаста аз бисёр муҳим будани арзишу ормонҳои демократӣ, ки дар он шакке нест, мутаассифона, омилҳое чун заъфу шиканандагии низоми давлатӣ(1), навъи пасоистеъмории фарҳанги сиёсӣ(2), вазъи мураккаби иҷтимоӣ(3) ва низ, муҳити пуртазодди геополитикӣ ва минтақавӣ дар атрофи ин кишварҳо(4) иҷозат намедиҳанд, ки ин онҳо дар ин марҳилаи рушди худ бе мушкилоти ҷиддӣ ба кишварҳои демократӣ ва рушдёфта табдил шаванд. Бо узрхоҳӣ аз бовармандони воқеии арзишҳои демократӣ, бояд ин ҳақиқати талхро эътироф намуд, ки дар шароити зикршуда, талоши татбиқи сунъию бошитобу воридотии демократия ва либерализм барои ин кишварҳо ҳамчун давлат метавонад ҳатто марговар бошад. Зеро то имрӯз хеҷ таҷрибаи демократисозии шитобзада дар кившарҳои пасошӯравии дорои чунин сарнавишт комёб набудааст ва нахоҳад буд. Ва то замоне, ки ин ҷамеаҳо ё ақаллан элитаи фикрию сиёсии онҳо худ ба сатҳи андешаи давлатию арзишҳои демократӣ нарасанду «лаҳзаи муносиби тавозуни геополитикӣ» фароҳам нашавад, чунин хоҳад буд.

Дар солҳои аввали пасошӯравӣ Русияро барои ин вуруд нотайёрро демократияи бармаҳал қариб ҳамчун давлат аз байн мебурд ва агар чанд соли дигар демократияи либералии елтсинӣ идома меёфт, дар қадами аввал давлат пурра ба дасти олами ҷиноӣ мегузашт ва дар қадами дуюм, зери таъсири маҷмуаи омилҳои дохиливу хориҷӣ фурӯпошии Русия ҳамчун давлати воҳид пурра имконпазир мебуд.

Давлатҳои воҳиде чун Гурҷистон, Украина ва Молдова дар масири «демократишавӣ»-и воридотӣ ва вокуниши ҳатмии геополитикӣ ба он бахшҳои бузурге аз ҳудуди худро аз даст доданд, зеро онҳо ҳанӯз аз дохил давлати комил нашуда буданду суботи дохилӣ ва тавозуни геополитикиро бемулоҳиза шикастанд. Ва ҳамон рӯёрӯии геополитикии қудратҳо рӯи ин масъала, ки дар ниҳоят боиси порашавии ин кишварҳо шуд, имрӯз низ атрофи ҳар кишвари дигари пасошӯравӣ дар ҳамон сатҳ, балки дар қавитар аз пеш боқист. Бинобар ин, имрӯз талоши бо тарҳ ё кумаки берунӣ «демократӣ» шудан, ки аксаран бознигарии самтгирии сиёсати хориҷии кишварҳоро низ дар пай хоҳад дошт, барои онҳо низ метавонад ба баҳои бохтани давлат ё бахше аз кишвар ё бахше аз истиқлолаш тамом шавад. Озарбойҷон ҳам солҳои аввали истиқлол «роҳи демократия»-ро гирифту дар он лаҳзаи заифшудагии худ натавонист тамомияти ҳудудии онвақтаи худро саривақт барқарор намояд ва ҳалли ин масъала ҳанӯз ҳам ба омили берунӣ ва ба самтгирии геополитикии ин кишвар гиреҳ хӯрдааст.

Бинобар ин, дӯстони ислоҳталабе, ки пайваста демократияи Гурҷистону ислоҳоти М.Саакашвиллиро чун улгу ташвиқу пайравӣ мекунанд, ба ибораи дигар, порашавии Гурҷистонро низ чун ретсепт ё пайомад қабул кардаанд ва розиянд, ки ниме аз кишвар аз даст раваду онҳо дар ними боқимондаи дигараш демократияро созанд. Зеро, мутаассифона, ҳамон омиле, ки бо эҳсоси хатари воқеӣ ба «манфиатҳои анъанавӣ»-и худ бахше аз қаламрави ин кишварро фурӯ бурд, ҳамчунон побарҷост ва дар шароити имрӯзаи таърихию минтақавӣ ин сенария нисбати ҳар кишвари дигар баробар ба яқин аст. Ё дар таблиѓот ба мардум демократӣ шудани Украинаро талқин карда, зери омилҳои зикршуда ба чор бахш пора шудани ҳудуди ин кишвар ва дар ин моҷаро аз даст рафтани нигини Украина –Қрим ва  фақат дар як бахши аз назари саноати ва стратегӣ дуюмдараҷаи қаламрави Украина  татбиқ шудани демократияро ёдрас накардан низ авомфиребӣ мебуд. Зеро чунин таҳаввулот, ҳатто дар сурате, ки дар моҳият рӯҳияи адолатхоҳона дошта бошад, на дар ваккум ва на зери идоракунии комили миллию дохилӣ, балки маҳз дар матни воқеияти сарди геополитикӣ ва зери таъсири шадиди омилу манфиатҳои фаротар аз тавони мо мегузаранд, ки рӯи натиҷа таъсири ҳалкунанда хоҳанд дошт.

Қирѓизистони ҳамсоя, ки дар ҳамин рӯёрӯии манфиатии дигарон бармаҳал ба лоиҳаи «демократисозӣ» кашонида шуд, то имрӯз ҳамчун давлат ба худ намеояд ва ҳоло дар роҳи давлатшавӣ мушкилоти азимие дар пеш хоҳад дошт, ки баҳси он пеши коршиносон рӯшан аст. Ҳатто ин кишвар низ пас аз озмудани чанд «инқилоб» акнун маҷбур аст, ки «демократия»-ро кам-кам «танзим» карда, низоми қавии сахтгири марказиро эҳё кунад, ки бархӯрди боварнакардании роҳбарияти феълии он бо президенту ҳукумати пешин оѓози ҳамин бозгаштро ба хубӣ нишон дод. Ва пешбинӣ мешавад, ки минбаъд дар он «ҷазираи демократия» низ ҳар сол бо иштироки панҷ ҳазор нафар «инқилоб» кардан муҳол хоҳад буд.

Танҳо намунаи қобили зикр дар фазои пасошӯравӣ комёбии нисбии кишварҳои сегонаи Назди Балтик аст, ки онҳо дар шароити таърихӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва ҷуѓрофии комилан дигар қарор доштанд, ки баҳси он тӯлонист.

Хулоса, бинобар омилҳои дохиливу хориҷии зикршуда, демократия ва маҷмуи арзишҳои он, ки ҳамчун механизми идоракунии ҷомеа ва ҳамчун фарҳанги шаклгирифтаи дохилӣ метавонад як наҷоти миллӣ бошад, барои ин кишварҳо дар ҳамин марҳилаи рушдашон ҳамчун лоиҳаи воридотӣ дар воқеъ омили бесуботӣ ва марги давлатист. Ин нукта низ ҳаргиз мавқеи манфии муаллиф нисбат ба аҳаммияти худи демократия нест, балки баёни ҳақиқати талхест, ки дар таҷрибаи ин кишварҳо мебинем.

4.Таҷрибаи муосири Русия ва Ӯзбекистон, ки барои зеҳни мо ошнотар аст, дар масъалаи авлавиятбандии доштани низоми қавию сахтгири мутамарказ(1) ва татбиқи ислоҳоти либералӣ(2) ба ду хулосаи хеле ҷиддӣ ишора доранд. Русия бо он нишондиҳандаҳои заифдавлатии пасошӯравӣ ҳаракати барқарории худро аз демократияи либералӣ оѓоз карда, то остонаи нобудии давлатӣ рафт ва ногузир ба низоми мутамаркази фарогиру назоратгару давлатмеҳвар баргашт. Низоми имрӯзаи Русия бегумон низоми матлубе нест, аммо он наҷоти ин давлатро ҳамчун давлат таъмин намудааст. Зимнан, Озарбойҷон ҳам, ки роҳро аз демократия оѓоз карда буд, дар остонаи фурӯпошии бештари худ, ки метавонист аз Ҷумҳурии Мухтори Нахҷувон низ маҳрум монад, роҳбари собиқи Кумитаи давлатии амнияти СССР Ҳайдар Алиевро ба қудрат оварда, дубора ба низоми қавии мутамаркиз баргашта, наҷоти давлатии худро таъмин кард.

Аммо баръакси ин ду намуна, Ӯзбекистони ҳамсоя ҳаракати худро аз низоми сахтгири мутамаркиз оѓоз карда, дар он марҳила худро ҳамчун давлат сохт. Маҳз дар ин марҳила он ба давлате табдил шуд, ки низоми воҳиди ҳуқуқию сиёсӣ, механизми ягонаи иқтисодӣ, зерсохтори воҳиди иртиботӣ, маҷмуаи ҳамоҳанги арзишӣ (миллати шаҳрвандӣ), фазои ягонаи амниятӣ ва ҷойгоҳи собити байналмилалии худо то охир ташаккул дод. Ба меъёри илми сиёсат, Ӯзбекистон дар ин марҳила ба давлати побарҷой (состоявшееся государство) табдил шуд. Бо вуҷуди бешубҳа баҳснок будани сиёсатҳои роҳбари пешини ин кишвар И.Каримов, бояд қайд кард, ки хидмати таърихӣ ва миллии ӯ барои давлат ва миллати худаш, оре барои давлат ва миллати худаш, маҳз ҳамин буд. Ва имрӯз, ки президенти нави ин кишвар бо ифтихору боварӣ ислоҳоти демократӣ ва либералӣ мегузаронад, тамоми ин ҳаракат рӯи низоми устувори давлатӣ ва давлати шаклгирифтае истодааст, ки маҳз дар давраи давлатдории қавии мутамаркази И.Каримов бунёд шудааст. Аз назари таърихӣ давлатдорӣ, муҳим ин аст, ки дар баҳои он ҳама маҳрумиятҳои арзишӣ ва инсонӣ худи хона сохта шудааст ва акнун соҳиби нави он метавонад баъзе ҷиҳозро ҷобаҷо кунаду баъзе гӯшаҳоро таъмир. Бинобар ин, бе «диктатура»-и каримовӣ «реформаторӣ»-и мирзиёевӣ дар ин шакл ва бо ин комёбӣ ҳаргиз имкон надошт. Яъне, давлатҳои пасошӯравӣ барои давлат шудан ногузиранд, ки ин марҳилаи душвору ногуворро гузаранд.

Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин назар боз ҳам ҷолибтар буда, моҳиятан ҳар ду вариантро озмудааст. Дар солҳои аввали истиқлол дар шароити низоми заифи давлатӣ ва роҳбарӣ(1), набуди фарҳанги муносиби сиёсӣ(2), ихтилофи ҷиддии дохилӣ(3) ва номусоидии омили хориҷӣ(4) фароҳамшавии фазои демократии мутлақ натанҳо боиси бесуботӣ, балки сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва ба марзи нобудии давлатӣ рафтани кишвар гашт. Танҳо барқарории ваҳдату субот ва низоми қавии мутамаркази давлатӣ боис шуд, ки дубора кишвар ба масири давлатшавӣ баргашта, наҷоти миллӣ ва давлатӣ таъмин гардад. Акнун Тоҷикистон низ зери роҳбарии қавӣ ҳамчун давлати шаклгирифтаи побарҷой марҳилаи эҳёву барқарориро ҷамъбаст карда, метавонад оромона ба марҳилаи рушди устувор гузарад. Нуктаи муҳимме, ки дар ҳолати пеш наомадани он парокандагию бесуботии солҳои аввал, метавонист хеле пештар аз ин фаро расад.

Барои қиёси мавзӯӣ метавон ёдовар шуд, ки чунин марҳилаи гузор аз ҳукуматҳои мутамаркази сахтгир ва ҳатто мутлақгаро дар таҷрибаи кишварҳои муваффақи демократии имрӯз хеле маъмул аст. Ин марҳиларо, аз ҷумла Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Ҷопон, Тайван, Миёнмар ва ѓайра гузаштаанд. Масалан, нақши марҳилаҳои «диктаторӣ»-и Отатурк дар ташаккули Туркияи муосир, Суҳартову Сукарто дар давлатшавии Индонезияи муосир ва генерал Роде У дар ҳифзи Кореяи Ҷанубӣ бисёр ҳалкунанда будааст. Дар ин таҷриба муҳмтарин нукта ин аст, ки транзити солими физикӣ ё мазумнии низомҳо саривақт анҷом шуда, ин «марҳилаи зарурии шаклгирӣ» ба ҳолати абадӣ табдил нагардад, ки намунаи манфии он таҷрибаи Кореяи Шимолист.

5.Аз ин назар, президенти имрӯзаи Белорус А.Лукашенко ҳамчун роҳбари марҳилаи давлатшавии ин кишвар барои ин давлат хидмати беназири миллӣ ва таърихӣ кардааст. Ӯ бо низоми сахтгиру мутамаркази худ давлатро ҳамчун низоми сиёсӣ сохта, тамоми аркону атрибутҳои моддию маънавӣ ва дохиливу хориҷии онро то ҳадди ниҳоии ташаккул расонидааст. Ин, ки имрӯзҳо баъзе корбарони мо ӯро беибо «диктатор»-у «ҷинояткор»-у «бандит»-у «фашист» меноманд, ҳадди ақалл, арзёбии эҳсосию таъсирпазирии расонаӣ ва ё арзёбии комилан ѓайрикасбист. Бинобар ин, агар ӯ тӯфони атрофи ин интихоботро дар рӯзҳои наздик ба оромӣ ҷамъбаст намояд, мантиқан дар давраи нави президентии худ рӯи механизми рафтан ва интиқоли қудрат фикри ҷиддӣ хоҳад кард. Зеро нақши таърихии ӯ амалан поён ёфтааст ва ӯ дигар ҳамчун шахс муҳим нест, ӯ ҳамчун нақш ва марҳидаи муҳим аст.

Аммо ҳатто агар А.Лукошенко дар ин мавҷхези эътирозҳои ҳимоятшудаву ҳидоятшуда бо фишор аз қудрат барканор шавад, боз ҳам ӯ рисолати таърихию миллии худро дар нисбати давлату миллаташ анҷом додааст. Ҳар касе, ки пас аз ӯ ояд, рӯи он низоме хоҳад нишаст, ки маҳз А.Лукошенко аз нобудию фурӯпошии сохторӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва ҳудудӣ наҷот додааст; соҳиби он давлате хоҳад шуд, ки маҳз Лукошенко онро аз марҳилаи таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ гузаронидаву давлат кардааст. Албатта, агар «нерӯи нав» бо вуҷуди шиорҳои баландаш, вазъияти иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ва ин мардумро бисёр бадтар аз имрӯза накунад, дар солҳои наздик ҳаргиз беҳтар аз ин нахоҳад кард. Ин низвоқеияти бебаҳс аст, чуноне, ки дар Украина ва ҷойҳои дигар.

Бинобар ин, дар сурати барканории маҷбурии Лукошенко ва шикаста шудани низоми сиёсии ин кишвар, хушҳолиҳои эҳсосии дохиливу хориҷӣ чандон дер давом нахоҳад кард. Яъне, агар дар беҳтарин ҳолат фурӯпошии ҳудудии ё ишѓоли хориҷии бахше аз Белорус пеш наояд, боз ҳам ақаллан дар даҳ соли оянда ин кишвар ба авҷи буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию амниятӣ расида, истиқлолияти он то сатҳи шартӣ поин омада, ҳолати буҳронии он то даҳсолаҳо идома меёбад. Ва бозандаи аслии чунин ҳолат маҳз мардуми белорус ва давлатдории он  хоҳад буд.

Албатта, агар дар ин кишвар, мисли Озарбойҷон, Ӯзбекистон ё ҳатто Арманистон гузариши нарм ва солим сурат гирад, ҳам таҷриба ва ниҳоди давлатдорӣ ҳифз мешавад ва ҳам рисолати миллию таърихии Лукашенко комилу мондагор мегардад. Ин нукта низ ҷонибдорӣ ё мухолифати муаллиф бо ӯ нест, балки воқеияти таърихӣ ва сиёсӣ ҳамин мебошад.

6.Тавре зикр шуд, омили дигаре, ки ин равандро мураккаб ва осебпазиртар месозад, омили хориҷӣ ё идомаёбии набарди геополитикӣ атрофи ин кишварҳост. Яке аз печидатарин заминаҳои таъсиргузории ин омил маъмулан дар фаҳми умумӣ фарқ гузошта нашудан миёни демократия ҳамчун низоми идорӣ ва маҷмуаи арзишҳо(1) ва демократия ҳамчун абзор ва сиёсати баъзе қудратҳо(2) мебошад. Таҷриба нишон додааст, ки бо истифода аз ин ҳолат, баъзе қудратҳои ѓарбӣ барои фишор рӯи низомҳо ва роҳбарони барояшон номуносиб ё таѓйири самтгирии хориҷии онҳо маҳз «демократия» ва «ҳуқуқи башар»-ро ҳамчун абзор ба кор мегиранд. Вақте чунин тасмиму чунин лоиҳа барои «демократисозӣ»-и кишвари хосе рӯи даст гирифта шавад, дар раванди табиқи он мақсад аз таблиѓу талқини «демократия» ва «ҳуқуқи башар» ҳаргиз худи демократӣ кардани он кишварҳо ва эҳсоси хайрхоҳонаи озоду хушбахт сохтани мардумонашон нест, балки ба воситаи тӯфони демократияхоҳӣ ба нафъи манфиатҳои геополитикии худ иваз кардани қудрати сиёсӣ мебошад. Яъне дар чунин ҳолат, демократия на ҳамчун арзиш, балки маҳз ҳамчун абзори дахолату манфиат истифода мешавад. Масалан, чанд президенти Қирѓизистон то имрӯз бо шиори «демократия» барканор карда шудаанд, аммо инсофан ҳеҷ кадомашон аз А.Акаев арзишмеҳвару демократтар набаромаданд.

Ё агар дар ҳақиқат меъёри дӯстишон демократия ва мақсади умумии онҳо демократисозии кишварҳо бошад, муҳимтарин шарикони стратегии худи Ѓарб дар Шарқ ѓайридемократитарин кишварҳои ҷаҳонанд, ки он ҷо амирону маликону шоҳони мутлақу меросию абадӣ ҳоким буда, на ҳизб, на интихобот, на интиқоли қудрат, на ҳуқуқ ва на озодӣ вуҷуд надоранд. Аммо чун мавқеи ин кишварҳо манфиати минтақавию байналхалқии ин қудратҳоро таъмин мекунад, демократӣ набудани онҳо бисёр оддӣ қабул мешавад ва ҳатто аз он ёдоварӣ намегардад. Дар ҳоле, ки кишварҳое чун Русия, Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ё Тоҷикистон, ки аз сӯи Ѓарб пайваста барои «нақзи демократия» танқид мешаванд, барои зиндагии як инсон дар муқоиса бо он кишварҳо садҳо баробар озодтару демократитаранд. Ҳамин тавр, болои кишварҳои пасошшӯравӣ, ки ташаккули дохилӣ ва тақсимоти геополитикияшон ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, аз чор сӯ навъе набарди лоиҳаҳои азими манфиатӣ идома дорад, ки ҳамагӣ номҳои фиребандаи демократию ҳамгароию ислоҳоту рушд доранд. Ин кишварҳоро яке ба демократия мехонаду яке ба интегратсия мекашаду яке ба амнияти воҳиду як ба сарнавишти муштарак.

Аз тарафи дигар, татбиқи чунин лоиҳаи воридотии «демократисозӣ», ки дар як марҳила қудрати давлатиро заиф, нерӯҳои сиёсӣ ва афкори умумиро пароканда ва назорати амниятии дохилиро суст мекунад, фурсату заминаи ҳар гуна дахолати беруниро ба вазъияти дохилии ин давлатҳо фароҳам месозад. Он гоҳ вобаста ба вазъияту фарҳанги ҳар ҷомеа, қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ барномаи худро бо дасти «демократҳо», «ислоҳхоҳон», «исломгароён», «ҷомеаи шаҳрвандӣ», «ҷавонон» ва ѓайра татбиқ менамоянд. Бодастгирии нерӯҳое, ки барои коргардонони фаромиллӣ на моҳияти арзишии онҳо, балки нақши абзории онҳо дар ин ҷобаҷоии роҳбар ё қудрати барояшон номатлуб муҳим аст. Ҷавоби ин саволи хеле маъмул, ки чаро Ѓарб ё қудратҳои дигар гоҳо гурӯҳҳои исломгароро дастгирӣ мекунад, низ дар ҳамин нукта нуҳуфта аст, зеро дар ин раванд онҳо ҳамчун нерӯи исломӣ ва имонӣ дастгирӣ намешаванд, балки ҳамчун абзори муносиб барои сарнагунии низомҳои барои ѓарб ё шарқ номуносиб дар кишварҳои худ корбурд меёбанд. Аммо бузургтарин таҳдиди чунин дахолати берунӣ ба ин раванд дар он аст, ки дар натиҷаи низоъ кишварҳо аз фурсати таърихии давлат шудан маҳрум мешаванд ва ҳамчун давлати ноқиси нотамом даҳсолаҳо дар вазъи буҳронӣ боқӣ мемонанд. Ҳолате, ки дар ниҳоят ба манфиати муштараки қудратҳои бузург аст.

Масалан, агар Украина дар чунин набард пораву шикаста намешуду имкон меёфт, ки ба маънои томми он давлат шавад, он ҳоло рушд ёфта қудрате тақрибан ҳамвазни Франсия, Германия ё Британия мебуд: бо мавқеи ҷойгиршавии стратегӣ(1), қудрати сеюми ҳастаӣ(2), артишу нерӯи ҳавоии муқтадир(3), иқтидори азими иқтисодию саноатӣ, аз ҷумла метолургия ва саноати ҳарбӣ(4), аҳолии босаводу баландтаҳсил(5) ва худмеҳварии сиёсӣ(6). Аммо аввал силоҳи ҳастаияш гирифта шуд, сипас иқтисодаш ѓорат шуд, сипас минтақаҳои саноатию стратегияш тарака шуданд, акнун ҳудудаш пора шуд ва истиқлолаш низ нима гашт. То ҷое, ки президенти он акнун гила дорад, ки ҳатто таъйини додситони кулли кишварро бояд бо хориҷа мувофиқа кунад. Ҳамин тавр, дар ин ихтилофи дохиливу рӯёрӯии байни қудратҳо Украинаи қавию ҳастаиву саноатию стратегӣ ба давлати заифи фақири вобастаи парокандаи як бахшаш «демократӣ» табдил шуд. Сарнавиште, ки метавонад ҳар кишвари дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла Белорусро низ интизор бошад.

7.Таҷриба нишон медиҳад, ки дар тарҳҳои воридотии «демократисозӣ»-и ин кишварҳо ва шикастани раванди давлатшавии онҳо бештар се воқеияти талхи ин марҳилаи рушд метавонад истифода шавад. Аввал, моҳияти ѓайрилибералии низомҳои сиёсӣ, ки бештар дар шакли маҳдудсозиҳо ва фасод ифода меёбад. Дуввум, мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, ки барои давлатҳои ин марҳилаи рушд амалан ҳалнопазир аст. Сеюм, хастагии равонӣ аз якрангии тӯлонии низомҳо ё роҳбарон, ки дар сатҳи қишри фаъоли ҷомеа ба таври табиӣ шакл мегирад. Он на арзёбии иҷтимоӣ ё ақлонии вазъият ва дурнамои ҷомеа, балки маҳз ҳолати равонии инсон мебошад, ки гоҳо ҳатто дар сатҳи оила низ пеш меояд.

Дар ин вазъият, агар кишвар ҳадафи геополитикӣ қарор гирад, нақши гурӯҳҳои абзорӣ барои ташкили «инқилобҳо» асосан аз барҷаста ва тезутунд кардани ҳамин се мушкилаи мавҷуда ва дар ин замина, ба ҳаракат овардани бахше аз ҷомеа дар баробари низоми сиёсӣ иборат мешавад. Аксари тадқиқот нишон медиҳад, ки ин ҳаркатҳо бо иштироки ҳамагӣ 2-5 дарсади аҳолӣ сурат мегирад, ки дар технологияи сиёсӣ барои талқини равонӣ «халқ» номида мешаванд. Масалан, тибқи гузориши аксари манбаъҳо дар оммавитарин рӯзи эътирозҳои Белорус то 200 ҳазор нафар иштирок доштаанд, ки албатта манбаъҳои давлатӣ онро камтар гуфтаанд. Яъне, дар умум, тамоми иштирокчиёни фаъоли эътирозҳои майдонии Белорус дар тамоми шаҳрҳои он ҳудуди 2-3-и аҳолии даҳмиллионии ин кишварро ташкил кардаанд. Бахши дигаре аз аҳолӣ маъмулан эътирози хомӯшона доранд. Аммо омилҳое чун пӯшиши касбию фаъоли иттилоотии рӯйдодҳо, истифодаи технология муосири сиёсӣ, ба воҳима дучор шудани низоми сиёсӣ ва ё бетарафии аксарияти аҳолӣ метавонад саҳнаи козиби «қиёми миллӣ» ё «инқилоби мардумӣ»-ро ба вуҷуд орад.

(Мушкили дарки берунии моҳияту миқёси чунин буҳронҳо ҳамеша дар он аст, ки тамоми иштирокдорони он аз номи «халқ» баромад мекунанд ва дар натиҷа, дар фазои иттилоотӣ амалан чандин «халқ» ба вуҷуд меояд, ки ҳеҷ яке фарогири ҳамаи халқ нест. Масалан, дар ҳамин буҳрони Белорус ибораҳое чун «эътирози халқ бар зидди низом», «саркӯб шудани халқ аз тарафи низом», «бедор шудани халқ аз хоби ѓафлат» ва ѓайра, ки зиёд садо медиҳанд, бешатр адабиёти политтехнологӣ буда, як сухани зеҳнӣ ва расонаист. Масалан, агар Лукошенко аз «варианти эронӣ» истифода кунад, метавонад дар баробари ин «халқ» боз «халқ»-и дигареро ба майдон резад, чӣ кам ва чӣ зиёд. Албатта, рӯшан аст, ки ин ҷо истифодаи нохунак барои калимаи халқ на беэътиноии муаллиф ба мафҳуми халқ, балки ишора ба истифодаи сунъию ҳадафманди ин истилоҳ дар раванди сиёсӣ ва хусусан дар технологияи ташкили ин гуна таҳаввулот мебошад.)

Ва тавре зикр шуд, дар аксари ҳолатҳо чунин эътирозҳо бештар на тасаввури дақиқи эътирозгарон дар бораи нишондиҳандаҳои марҳилаи баъдӣ, балки бештар хастагии равонии бахше аз ҷомеаро ифода мекунанд. Ҳусни таваҷҷуҳ ба бону С.Тихоновская, ки шояд 1% аз таҷриба, зарфият ва мудирияту давлатдории Лукашенкоро надошт, низ на таваҷҷуҳ ба барномаву тавоноии ӯ, балки изҳори ташнагии равонии як қишри ҷомеа ба таѓйирот буд. Аммо аксари эътирозгарон дар авҷи ин хастагию ташанагӣ ҳатто тасаввур намекунанд, ки бинобар омилҳои пештар зикршуда, аксари ин кишварҳо пас аз барканории хушунатомези низомҳои суботмеҳвар ба марҳилаи тӯлонии бесуботӣ, ноамнӣ ва осебпазирии иҷтимоие ворид мешаванд, ки то суботу рифоҳи баъдӣ умри як насли дигарро барбод медиҳад. Илова бар таҷрибаҳои ҳудуди ИДМ, таҷрибаҳои кишварҳои арабие чун Миср, Либия, Ироқ, Сурия ва ѓайра ин ҳолатро рӯшан нишон додааст.

8.Барои бо муваффақият сипарӣ ва ҷамъбаст шудани ин марҳилаи мушкилу ногузири таърихӣ ва ҳифз шудану идома ёфтани ниҳоду мактаби андӯхтаи давлатдорӣ, рафтори тадбиргарона ва масъулиятшиносонаи худи низомҳои мутамаркази давлатӣ низ нақши ҷиддӣ дорад. Боз ҳам таҳлили таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки барои чунин гузариши солим ва беосеб, чунин низомҳо бояд, пеш аз ҳама ба чанд иштибоҳи марговар роҳ надиҳанд:

-бо эҳсоси бениёзӣ аз оммаи мардум фосила нагиранд, ки ин ҳолат боиси бегонашавии физикӣ ва сипас бегонашавии арзишии ҷомеа аз низоми сиёсӣ мегардад. Дар ин самт дастгоҳи идеологии низом бояд тавонад, ки нақш, рисолат, хидматҳо, дастовардҳо ва дурнамои низом ва давлатро ба бовари умумӣ табдил карда, арзишҳои онро ҳамагонӣ намояд, то низоми сиёсӣ бо арзишҳои худ дар ҳошия намонад;

-ҳамзамон бо танзими ҷиддии вазъият, маҳдудиятҳо ва фасодро ба ҳадди таҳаммулнопазир набурда, бо дасти худ потенсиали эътирозӣ ё «маводи инқилобӣ»-ро барои дигарон парвариш надиҳанд;

-низоми амниятӣ ва хусусан, низоми амнияти фикрӣ ва иттилоотии онҳо чӣ аз назари технологӣ ва чӣ аз диди касбию методологию мазмунӣ бояд аз сатҳи замон ва аз иқтидори рақибони иттилоотияшон қафо намонад, зеро имрӯз шикасти иттилоотӣ метавонад оѓози шикасти сиёсию физикии низомҳо гардад;

-иҷро шудани рисолати таърихии худро саривақт дарк намуда, дар татбиқи механизми интиқоли қудрат таъхири зиёд накунанд ва онро пеш аз фарорасии инфиҷори психологии ҷомеа анҷом диҳанд. Масалан, интиқоли мавзунтари қудрат дар Озарбойҷон бар раванди рушди давлатдории он таъсири сахт манфӣ нагузоштааст, аммо Қазоқистону Белорус дар ин масъала андаке таъхир доранд;

-дар таѓйиру бознигарии сиёсати хориҷии худ шитобкорӣ накарда, тавозуни минтақавиро даѓалона нашикаста, шубҳаи абарқудратҳоро дар бораи дурнамои самтгирии геополитикии кишвар ба сатҳи хатарнок боло набаранд.

Ҳамин тавр, дар сурати риояти ин марзҳо, давлат метавонад раванди давлати мондагор шуданро тай карда, ба таври мавзун аз марҳилаи эҳёву барқарорӣ ба марҳилаи ислоҳот ва рушд гузарад. Аммо дар сурати сарнагунии «инқилобӣ»-и низоми сиёсӣ таҷрибаи андӯхтаи давлатдорӣ низ шикаста, бисёре аз равандҳо аз сифр оѓоз шуда, раванди давлатшавии чунин кишварҳо осеби шадид мебинад.

9.Таҳаввулоти артофи интихоботи Белорус инро низ дигарбора нишон дод, ки мутаассифона, мафҳумҳои баланде чун «кишварҳои дӯст» ва «шарикони стратегӣ» барои давлатҳои ин марҳилаи рушд кафолат ва такягоҳи чандон боэътимоде нестанд. Ба ибораи дигар, ҳеҷ давлати абарқудрат шарики доимии стратегии хеҷ давлати дигаре намебошад. Шарикии стратегии онҳо то он марзест, ки Шумо ҳамчун давлат ё ҳамчун роҳбар дар доираи манфиатҳои он таъриф ёбед. Аммо баробари камтарин калавиш дар самтгирӣ ё нишон додани истиқлоли назар, бисёр чизҳо таѓйир меёбад. Чуноне, ки ҳоло А.Лукошенкои мустақилу ботаҷриба ба устухоне дар гулӯи абарқудратҳои ду тарафи худ табдил шудааст. Ҳатто дар матни табрикномаҳои баъзе аз ин қудратҳо дақиқан таъкид шудааст, ки ӯро то кадом марзҳо ва бо кадом шартҳо эътироф мекунад.

Аз ин рӯ, кишварҳои дигар низ бояд дар сиёсатгузории худ фиреби ин мафҳумҳои баланди сиёсию дипломатиро нахӯранд, зеро дар ин лаҳзаи ҳассос ва дар ин раванди мураккаби таърихӣ танҳо шарики стратегии пойдори ин давлатҳо мардуми худашон мебошад. Ва агар ин низомҳо бо касе дӯст ва шарики стратегӣ будан хоҳанд, пас бо мардуми худ бояд дар чунин пайванди стратегӣ қарор дошта бошанд. Зеро агар низомҳои сиёсӣ аз мардум бегона шаванд, дар баробари «дӯстони байналмилалӣ» ва «шарикони стратегӣ» хеле осебпазир мегарданд ва онҳо имкон меёбанд, ки «халқ»-ро (яъне гурӯҳи муайяни маҳдудеро бо ин номи фиребанда) дастгирӣ карда, тарҳи манфиатии худро дар ин кишварҳо ба осонӣ амалӣ намоянд.

10.Ва ниҳоят, дар камони рушди чунин кишварҳои пасоистеъморӣ шояд масъалаи асосӣ маҳз ҳамин бошад, ки оё такмили марҳилаи давлатшавӣ ва гузори ором ба марҳилаи рушд ва деморкратия муяссар мегардад ё дар натиҷаи иштибоҳи дохилию тарҳи «инқилоб»-и хориҷӣ  ин раванд нотамом монда, ба буҳрони тӯлонӣ табдил мешавад. Масалан, шиксати равнади давлатшавӣ дар Гурҷистон ва Украина акнун ин кишварҳоро даҳсолаҳои тӯлонӣ дар буҳрони давлатӣ қарор медиҳад ва шояд дар ниҳоят бо нимҳудуди боқимондаи худ созиш мекунанд.

Ба иборати дигар, муаммои асосии ин марҳила дарёфти пайванду таносуб байни «адолати таърихӣ» ва «адолати иҷтимоист». «Адолати таърихӣ» дар ин баҳс ба он маъност, ки ин миллатҳо ҳаққи давлат доштан ва ин кишварҳо ҳаққи давлат шуданро доранд ва маҳз таъмини ин ҳуқуқи онҳо тантанаи адолати таърихӣ хоҳад буд. Зеро барои онҳо соҳибдавлатӣ на танҳо як ормони деринаи таърихӣ, балки акнун як имкони нодири таърихӣ низ мебошад. Чуноне, ки дарду андешаи соҳибдавлатӣ барои тоҷикон наздику ошност, назди дигарон низ ҳамин қадар муҳимм аст. Аз ин рӯ, дар ин марҳила вазифаи авваллиндараҷаи чунин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, маҳз таъмини адолати таърихӣ, яъне ҳифз ва соҳибӣ кардани давлату давлатдорӣ ва давлати пойдор кардани он мебошад.

Аммо «адолати иҷтимоӣ» дар ин баҳс ба он маъност, ки мардум ба демократия ё мушахахсан ба низоми шаффофтари сиёсӣ, озодиҳо ва зиндагии шоиста низ ҳуқуқ ва эҳтиёҷ доранд. Хусусан, қишрҳои оммии мардум дар бораи ҳадафи аввал, яъне адолати таърихӣ ва ҳифзи давлатдорӣ камтар андешида, асосан рӯи адолати иҷтимоӣ, ки барои зиндагии онҳо моҳияти нақдӣ дорад, таваҷҷуҳ ва ҳассосият нишон медиҳанд ва татбиқи онро талаб мекунанд. Бинобар ин, дар ҳамин марҳилаи рушд кишварҳои пасошӯравӣ бо муаммои таносуби «адолати таърихӣ» ва «адолати иҷтимоӣ» рӯбарӯ мешаванд.

Моҳияти ин муаммои печидатарин дар он аст, ки бе ташаккулу ҳифзи давлат ҳеҷ тарҳу барномаву ормон, аз ҷумла демократия, амалӣ намешавад, аммо бе таъмини адолати иҷтимоӣ низ таъмини таҳаммули дарозмуддати ҷомеа дар раванди давлатсозӣ бисёр мушкил аст. Дар айни замон, дар шароити печидаи дохиливу хориҷӣ татбиқи васеи «адолати иҷтмоӣ» ногузир бисёре аз фурсатҳои давлатшавиро осебпазир месозад. Бинобар ин, аз назари давлатдорӣ бе ягон шубҳа дар чунин марҳилаҳо барқарории «адолати таърихӣ» бар таъмини «адолати иҷтимоӣ» авлавияти мартабаӣ меёбад. Албатта, «авлавияти мартабаӣ» ба маънои пайдарҳамии замонии татбиқи ин ду «адолат» нест, балки таъкид бар дарки муҳиммияти болотару бунёдитари яке бар дигаре дар марҳилаи муайян аст. Вагарна адолати иҷтимоӣ ба маънои васеи он, муҳимтарин вазифаи давлат ва муҳимтарин омили машруъияти давлат барои мардум мебошад.

(Агар фақат бо мақсади такмили фикр, ҳамин мавзӯъро дар интихоботи президентии ахири Афѓонистони ҳамсоя пайгирӣ намоем, дақиқан мебинем, ки нерӯҳои асосии сиёсии ин кишвар пас аз даҳсолаҳои ҷангу баҳсҳои шадиди ормониву арзишӣ болои лоиҳаҳои динию дунявию исломию демократӣ, дар ниҳоят ба масъалаи аҳаммияту авлавияти ниҳоди давлат ва суботи ҷомеа баргашта, ин бор барномаҳоли интихоботии худро маҳз дар ҳамин поя сохтанд: Ашраф Ѓанӣ -тими «Давлатсоз», Абдулло Абдулло – тими «Субот ва ҳамгароӣ». Яъне мафҳумҳои арзишии «демократия», «ислом», «халқӣ», «парчамӣ», «озодӣ», «ҳуқуқ» ва ѓайра дар барномаҳои интихоботии ин кишвари зоҳиран исломитарину демократитарину озодитарину гуногунандештарини минтақа ба сатҳи дуввумии эътиборӣ рафтанд. Дар натиҷа, болотарин ва муҳимтарин ваъдаи номзадҳо ба мардум на ислому на демократия, балки давлат ва субот буд. Яъне, сабақи ин бозгашту бозандешии мафҳумӣ дар Афѓонистон ин аст, ки бе институтсионализатсия шудани давлат ва бе ниҳодина шудани субот татбиқи ҳеҷ тарҳу арзишу ормону идеология имконпазир нест.)     

Ҳамин тавр, дар ин марҳилаи таърихии рушд сарнавишти давлатшавии кишварҳои ҳамсарнавишти пасошӯравӣ ва соҳибдавлат мондани миллатҳои онҳо ба он вобаста хоҳад буд, ки то куҷо тавозуну авлавиятбандии мақомии (на ҳатман замонии) ин ду «адолат», яъне адолати таърихӣ (=фурсату зарурати давлат шудан) ва адолати иҷтимоӣ (=зарурати табиии демократӣ шудан)-ро таъмин намуда, аз ин марҳилаи эҳё ва барқарорӣ ба марҳилаи рушди устувор ва демократияи пойдор гузашта метавонанд. Гузори ногузире, ки омилу таҳдидҳои бешумори дохиливу хориҷӣ бар халали он нишастаанд ва фақат роҳбарону низомҳои ботадбир метавонанд бо сиёсатҳои санҷида ва ҳифзи ҳамбастагии давлат ва мардум комёбии онро таъмин намоянд.

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

Бознашр аз сомонаи интернетии «Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блокнависони тоҷик» https://euctj.org/abdullohi-rahnamo-az-fikram-namegardam-zero-durust-ast/?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *