ЧАРО ДАВЛАТҲОИ НАСРОНИ БА НАҲЗАТИҲОИ БО НОМ “ИСЛОМИ” МИНБАР МЕДИХАНД?

ЧАРО ДАВЛАТҲОИ НАСРОНИ БА НАҲЗАТИҲОИ БО НОМ “ИСЛОМИ” МИНБАР МЕДИХАНД?

ТАҲЛИЛ.  Дар ҳар як ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ танҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ  муваффақ мешаванд. Аммо дар Точикистон баръакси онро ташкилоти террористи-экстримистии ҳизби наҳзати ислом соли 2015 мехост бо роҳи чанг ҳукуматро соҳиб шуда давлати исломи ташкил диҳад. Хушбахтона ба ин аҳдофи шумашон мувафақ нашуданд ва аз чониби Қувваҳои муссалаҳи Чумҳурии Точикистон дар мудати кутоҳ маҳв карда шуданд, қисми дигари аъзои ин ҳизб ба хорича гурехта аз ончо боз ба сиёҳкори машғуланд..

Имрӯз, ки сарвари ТТЭ ҲНИ-ро Кабирӣ аз номи дини мубини Ислом, барои бо мақсади нопоки худ: Барҳам додани соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар гӯшаҳои гуногуни олам, дар назди хоҷагони бедину бедиёнаташ гиряву зорӣ дорад, бояд фаромӯш насозад, ки халқи тоҷик ва тоҷикистониён дигар фирефтаи ақидаҳои бебунёдӣ онҳо намегарданд. Дар чомеъаи мо барои онҳое, ки маънои демокративу давлатдории демократӣ ва давлати миллӣ барояшон шинос аст, аз амалҳои фиребгаронаи ин ташкилоти экстремистиву террористӣ бохабаранд.

Ба назар чунин мерасад, ки ҳатто он хоҷагоне, ки аз аввал фаъолияти ин ҳизби ватану фарҳанги миллии худашро ба фурӯш мондаро танзиму бо маблағ таъмин мекарданд, дигар ба вай боварӣ надоранду маблағгузориро қатъ карданд. Агар ин тавр набошад, пас барои чӣ аъзои ин ҳизби террорристии ба ном исломиро дар олами насронӣ (Олмон, Австрия, Лаҳистон, Чехия…) ба минбарҳои сиёсӣ мекашанд? Давлатҳои насрони, ки ба ислом то андозае душмани доранд боз ба наҳзатиҳои бо ном “исломи” минбар медиханд. Аз раванд танҳо як хулосаи мантиқи баровардан мумкин аст — ин ҳам хамдасти бо душмани ислом. Аз суи дигар чизи дигар мусаллам аст, ки Кабирӣ фарди сиёсатбоз ва дар талоши вазифаву сарват ва қудрат, яъне дар пайи қонеъ кардани талаботи нафс аст ва дар ин роҳ наҳзатиҳо на ба фармудаҳои  Худо амал мекунанду на ба Куръони карим.

Чойи зикри хос аст, ки ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нашрияҳои машҳури дунё, аз ҷумла «Ал-Аҳром»-и Миср ин ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун «Ҳизби шайтонӣ» ном бурда ва яке аз ҳамсафону ҳаммаслакони чунин ташкилотҳои террористии ҷаҳон ба мисли ДИИШ, «Ҷабҳат-ат нусра» ва ҲИӮ шуморидаанд.

Кабирӣ ҳамчун сардори ҳизби террористӣ бо сагбачаҳояш барои қонеъ гардонидани талаботҳои хоҷагонаш ба тамоми хиёнаткориҳо даст мезананд. Ҳоло ТТЭ ҲНИ бо ҳазор ҷонканиҳои бенатиҷааш барои мардумро фиреб додан, анҷуману паймонҳои дурӯғин таъсис медиҳад. Вале ин пинҳонкориву бозиҳои пасипардагии ӯ дигар ба ҳама маълум аст.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТИ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *