ЗАМОНИ КУЧМАНЧИГАРИ ГУЗАШТ. ҚИРҒИЗҲО БОЯД ДУРУСТ ДОНАНД, КИ ЮРТАИ ХУДРО ДАР КУЧО НАСБ КУНАНД…

ЗАМОНИ КУЧМАНЧИГАРИ ГУЗАШТ. ҚИРҒИЗҲО БОЯД ДУРУСТ ДОНАНД, КИ ЮРТАИ ХУДРО ДАР КУЧО НАСБ КУНАНД…

ВОКУНИШ. Дирўз бо шунидани хабари муноқишаи навбати дар хати марзи Точикистону Кирғизитон, ки боиси марги як сокини шаҳри Исфара ва захми шудани як афсари точик гардид, ин амали кирғизхо маро ҳамчун як шаҳрванд сахт хашмгин кард. Чунин амалҳо ва бемурувативу рафторҳои номуносиби бародарони қирғиз дар масъалаҳои марзи мардуми Точикистонро ба шўр оварда, чунин ҳолатҳо сабри ин миллати куҳанбунёдро лабрез кардааст, бояд онхо ба чунин рафторҳояшон хотима диҳанд…

Солҳои охир миёни Точикистону Қиризистон муноқишаҳои сарҳади зиёд рух медиҳанд, ки боиси марги чандин тан сокинон гардидааст.

Точикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дўстона доштанд, солҳои ахир баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Точикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандози намоянд. Ҳоло он, ки дар ҳуччатҳои таърихии тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 хати марз муайяну мушахас гардидааст.

Тавре, огаҳи дорем муносибатҳо дар сатҳи олии давлати хуб асту аммо дар тарафи муқобил, яъне шахсоне дар сатҳи поёни (маҳалла) худсарона ба анчоми амалҳое даст мезананд, ки ин хилофи тамоми қонунҳои байналмилали ва тамоми санадҳои ба имзорасидаи миёни ду давлати дўсту бародар – Точикистон ва Қирғизистон аст. Инчо савол ба миён меояд, ки чаро ҳукумати марказии Қирғизистон пеши роҳи шаҳрвандони худро гирифта наметавонад ё чаро сатҳи поёни ба ҳукумати маркази итоат намекунад? Аз эҳтимол ҳам дур нест, ки дар ин кор худи давлат ҳам даст дошта бошад ва мардумро ба чунин кор сафарбар кунад?!   

Мавриди зикри хос аст, ки мардумони кунании минтақаи Осиёи маркази аз ҳарвақта дида бештар ба рафоқату ҳамзисти ва дўсти ниёз доранд. Пайдост, ки наслҳо пайи ҳам омада, боз мераванд, аммо дўсти мисли хуршеду моҳ човидон аст. Дўсти миёни халқҳои минтақа танҳо саодату хушбахти меорад, вале душманиву чанг бошад рўзи сахту хароби.

Точикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дўстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Точикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, инчо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як точику точикистониро бе тараф гузошта наметавонад. Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдори кардан чи асту ин хок барои мо чи аҳамият дорад. Ҳар як вачаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он чонро дареғ намедорем. Ин заминҳо аз бобову бобокалонҳоямон мондааст, бояд чониби қирғиз ба даъвоҳои бе мантиқу бе асос ва ба хушунату муноқиша хотима дода, заминҳое, ки ба ичора гирифта буд баргардонад.

Чанде пеш Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жеенбеков дар шаҳри Исфара чиҳати ҳалли мушкилоти чойдошта ва тезонидани раванди делимитатсиякунони ва демаркатсиякунонии сарҳад вохўри анчом доданд ва ба ифоқа низ расида буданд. Аммо баъзе аз доираҳои манфиатчўйи қирғиз сулҳу субот ва тинчиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва худсарона ба амалҳое даст мезананд, ки хилофи созишномаҳои баимзорасидаи миёни ҳарду кишварҳост.

Ангезаи муноқишаҳои пай дар пай дар сарҳадоти Точикистону Қирғизистон асосан дар муайян ва аломатгузори нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо чиҳати муайян ва аломатгузории хати сарҳадот ба харитаҳои чуғрофи ва санадҳои давраҳои гуногун такя мекунад.

Дар асоси маводу ҳуччатҳои таърихи, қарорҳои қабулгардида ва комиссияҳои паритети аз солҳои 1925, 1936, 1969, 1989 собит менамоянд, ки бародарони қирғиз қарори Президиуми ВЦИК (Комитети Ичроияи Марказии Умумироссияги)-ро аз 4 майи 1925 ва қарорҳои минбаъда дарч гардидаро оиди дурустии кори комиссия дар масъалаи сарҳад эътироф намекунанд ва қотеъона қарорҳои яктарафа қабулгардидаи солҳои 1958-1959-ро дархост мекунанд, ки ин асос надорад.

Суоле пеш меояд, ки қарори яктарафа қабул гардида аз солҳои 1958-1959 барои бародарони қирғиз чи аҳамияти хоса дорад?

Тибқи санадҳои таърихи соли 1958, аз ҳудуди Хучанд 56 ҳазор га, Конибодом 10,8 ҳазор га ва аз Исфара 32.780 га замини Точикистон ба қирғизҳо ба ичора ба муддати 25 сол дода мешавад. Соли 1958 аз марзи колхози ба номи «Калинин», чамоати Чоркўҳи ноҳияи Исфара 144 ҳазор га замин аз ҳисоби заминҳои дар мавзеи Работ буда то Кони-Ғут, ки яке аз конҳои қадима буд, ҳамчунин дар назди он бинои касалиҳои рўҳи ва гўсфандшўяки колхози Калинин чойгир шуда буд, ба қирғизҳо ба ичора дода мешавад.

Ҳамин тариқ аз соли 1958 то 1962, аз ҳисоби заминҳои чарогоҳии Исфара  32780 га замин ба марзи Қирғизистон ба ичора дода мешавад. Дар ин раванд мероси бойи ниёгон бошишгоҳҳои қадимаи точикон Хоча-Ғор, ки академик Бобочон Ғафуров дар китоби худ «Точикон» маълумот дода навиштаанд: «Дигар ёдгории палеолити боло, ки бо номи Хоча-Ғор машҳур буда, дар водии хурди силсилакўҳи Туркистон, дар назди Чоркўҳ воқеъ аст. Ин ёдгори ба охири палеолити боло тааллуқ дорад. Эҳтимол меравад, ки одамон дар ин чо 15-12 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологи зиндагони кардаанд» (Ғафуров Б. «Точикон». Душанбе, «Ирфон-1983, саҳ. 17»).

Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки гузаштагони точикон аз чое наомадаву маҳз дар ҳамин сарзаминҳои бобои ба олами ҳасти чашм кушода рушд намудаанд. Ҳамчунин, мавзеи Хоча — Ғор яке аз бошишгоҳҳои қадимаи точикон буда, дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун маскани бобои дар идҳои «Наврўз» ва дигар чашну маросимҳо барои сокинони чамоатҳои Сурх, Чоркўҳ ва мардуми Исфара макони сайру сайёҳат, чашнҳои милли буданд. Ин мавзеъ аслан дар асоси васиқаҳо ба сокини чамоати Чоркўҳ Мулло Абдураҳмон Махсум ва фарзандони он кас Мулло Турсунбой-махсум тааллуқ дорад. Дар паҳлўи чапи Хоча-Ғор мавзеи чарогоҳии «Ғозник» (Сайдгоҳ) ва дар паҳлўи рости он мавзеъҳои чарогоҳии Кин-кон, Ҳоитак, Исковут, Сафедорак, Бедак, дар доманаи кўҳи сарбафалаккашидаи Сари-сорт (Сарасво(а)т), ки ба маънии «тачасумкунандаи об» ва дар қуллаи он «Ҳамвори» омадааст, воқеъ гардидааст.

Аз солҳои 80-ум баҳри ҳифзу ҳимояти ин катибаҳо бо воситаи Вазорати фарҳанги Чумҳурии Точикистон ва Вазорати корҳои хоричии Қирғизистон мурочиат карда шуд, аммо ба он мактубҳои изтироби Ҳукумати Қирғизистон аҳамият надод.

Хулоса, қарори Президиуми ВЦИК-ро аз 4 майи 1925 (ЦГАОР СССР, фонд 336,описи 19, ед хр.297.л.87 бо имзои котиби ВЦИК Кисилёв) ва қарори Машварати Президиуми ВЦИК РСС Ӯзбекистон аз 29.09.1925 (ЦГАОР СССР, фонд 336,описи 19, ед хр.297.л.43) ҳуччати асоси барои баҳсҳои сарҳадии байни Точикистон ва Қирғизистон буда, қарори комиссияи паритети аз соли 1958 барои Точикистон асоси хуқуқи надорад. Дар асоси тақсимоти сарҳадии байни Қирғизистон ва Точикистон аз солҳои 1924-27 Исфара 90.000 га чарогоҳ дошт, аз он 32,780 га дар марзи худи Точикистон буд, 57,2 ҳазор чарогоҳҳои худро Қирғизистон барои ноҳияи Исфара барои истифода дода буд. Аммо аз соли 1958 оғоз намуда, оҳиста — оҳиста 32,780 га чарогоҳҳои Исфараро қирғизҳо ғайриқонуни ғасб намуданд. Айни замон, қирғизҳо бидуни ягон далелу санад ҳадди хати муайяни сарҳади Исфараю Бодкон ва қисматҳои ноҳияи Бобочон Ғафуровро чун мулки бобоии хеш даъвогари доранд ва пайваста роҳи Ворухро, ки дар анкалав “инзиво” қарор дорад мебанданду онро азони худ дониста истодаанд. Ин хилофи манфиатҳои миллии мо мебошад.

Замони кучманчигари гузашта рафт, дигар он замон нест, ки ҳар тарафе гусфандон мерафтанд, онҳо низ аз қафояш рафта юртаи худро насб кунанд. Аз ин хотир қирғизҳо бояд дуруст донанд, ки юртаи худро дар кучо насб кунанд. Ворух ва Чоркуҳ қисме аз хоки Ватани маҳбуби мо буда, пораи тани ҳар як точику точикистонист. Мо ҳаргиз намегузорем, ки ба заминҳои мо бегонае дастдарози бикунад. Мо хун медиҳему хок намедиҳем.

Шаҳбози Искандар, таҳлилгари сиёси.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *