НАҲЗАТИҲО БАРОИ ФИРЕБИ НАЗАР СИМОИ ХУДРО УРУПОИ КАРДААНД, АММО ҲАДАФҲОИ ПАСИПАРДАГИЯШОН ҲАМОНЕ, КИ БУД ҲАСТ…

НАҲЗАТИҲО БАРОИ ФИРЕБИ НАЗАР СИМОИ ХУДРО УРУПОИ КАРДААНД, АММО ҲАДАФҲОИ ПАСИПАРДАГИЯШОН ҲАМОНЕ, КИ БУД ҲАСТ…

Таърихи инсонӣ шоҳиди ҷангу низоъҳои зиёди хунин буда ва ҳаст, ки бештар рўйи ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ тамаркуз карда ва мекунанд. Доираи ихтилофоти динӣ ва мазҳабӣ дар шарқи мусулмонӣ бар асари ноогоҳӣ, камдонишӣ, бефаҳмӣ, бефаросатӣ, ҷаҳлу таассуб ва саранҷом беҳувиятии як қишри авомфиреби рўхонӣ, ки маъмулан бо ном ё титулҳои мулло, шайх, сўфӣ, зоҳид, эшон, ҳазрат ва амсоли инҳо миёни ҷомеа мушаххас мешаванд, тавсеа ва густариш меёфт. Мутаассифона, дар сад соли ахир ҳам ин қишри ҳангомасоз ва худхоҳ боиси ноҷуриҳои ҷиддӣ дар низоми зистии мардуми мусулмон гардида, талошҳои собиқадори онҳо дардисарсозанд. Илова бар ин, рўҳонияти муҳофизакор ва авомфиреб ҳамеша дунболи қудрат мегардад ва ҷиҳати ғасби қудрат аз тамоми шеваҳои машрўъ ва ғайримашрўъ истифода мебарад. Қудратмадорӣ ва салтанатхоҳии ин қабил ва тоифа аз зеҳни мағшуш ва ошуфтаи онҳо сарчашма мегирад. Дар умум, метавон «хобби»-и ин тоифаро дар савор шудан бар гардани мардум ва аз тариқи тарсу фишорҳои мудавоми ақидатӣ ва равонӣ таҳти таъсир қарор додани ҷомеа тасаввур кард. Бо макру ҳиял ва найрангу фиреб мардумро ба дом медароваранд ва дар хидмати худ қарор медиҳанд

Ҳанўз аз нимаи дуюми солҳои шастуми асри бист сар карда, насли нави рўҳониёни маҳаллӣ таври пинҳонӣ ба мубориза алайҳи низоми давлатдории шўравӣ шўриданд ва тадриҷан қишрҳои гуногуни иҷтимоиро ба роҳи мубориза даъват намуданд. Муқовимати пасипардагӣ бо мафкураи коммунистӣ, ки бар пояи афкори дунявӣ бунёд ёфта буд, дар давоми солҳои ҳафтодуми қарни гузашта оҳиста-оҳиста шакли муборизаи дастаҷамъонаи ҷавонони мазҳабиро ба бар кард. Аз заифии блоки идеологии кишвар ва бетафовутии масъулини ҳизбӣ-сиёсӣ истифода бурда, дар води Вахш созмони сиёсие таҳти унвони Ҳаракати ҷавонони исломии Тоҷикистон таъсис ва минбаъд густариш ёфт. Дар заминаи созмони сиёсии динӣ ҳалқаҳои дарсии динū дар гўшаву канори ҷумҳурӣ ташкил шуданд, ки насли ҷавони муллоҳои наҳзатӣ дар баробари тадриси масоили динӣ-мазҳабӣ, ҳамчунин ба масоили сиёсӣ, ақидатӣ ва мафкуравӣ дахл карда, муридон-сабақгиронро ба муборизаи сиёсӣ омода менамуданд.

Ҳамин тариқ, ТТЭ ҲНИ дар шакли ибтидоӣ таъсис ёфт ва барои рўйи даст гирифтани мардум ва ҷомеа иқдом кард. Албатта, барномарезиҳои ибтидоие, ки ТТЭ ҲНИ ва раҳбарияти вақти он роҳандозӣ кардан мехостанд, аз ҷониби мардум ва табақоти иҷтимоӣ пазируфта нашуд ва муборизаҳои идеологӣ бар нафъи ҷомеа анҷом пазируфт. Акнун масъалаи муҳим ба даст овардани насли ҷавон, ки хуни гарм дошт, аввалиндараҷа ҳисобида шуд ва гурўҳҳои таблиғотии ТТЭ ҲНИ-ӣ корро дар самти ҷалби ҷавонон ба тарафи наҳзат ҷоннок намуданд.  Бо ин ният, дастандаркорони наҳзатӣ аз ҳисоби муллоҳои нисбатан ҷавон ҳалқаҳои дарсиро таъсис дода, ба таври пинҳонӣ ҷараёни муқовиматро алайҳи низоми дунявӣ, ки аз ҷониби онҳо ҳамчун низоми бебандубор ва бехудо талаққӣ мешуд, таҳким бахшиданд. Муридон ва шогирдони мактаби наҳзатӣ кай медонистанд, ки охири кор ба ҷанги бародаркуш меанҷомад ва пайвастан ба наҳзат паёмадҳои хатарбор ва хунин хоҳад дошт. Он замон насли ҷавони хавохоҳи ТТЭ ҲНИ, ки боқимондаҳояш феълан марҳилаи солмандиро аз сар мегузаронанд, намедонистанд, ки бо чӣ созмоне сари кор гирифтанд ва оқибати кор ба чӣ фоҷиае меанҷомад? Афсўс, ки насли он замон ҳаводори ТТЭ ҲНИ иштибоҳи худро пай набурд ва масти ҳангомаю худхоҳиҳои ин созмон гардид.     

Бояд ёдовар шуд, ки аз нахустин рўзҳои соҳибистиқлолӣ зиёиёни асили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рўҳонияти наҳзатӣ даргир шуданд. Дар ин даргириҳои лафзӣ дар ибтидо хурофоту таассуби мазҳабӣ ғалаба кард ва зиёиёни тоҷик таҳти фишори равонӣ ва мафкуравии исломи сиёсӣ қарор гирифтанд. Дар масири муборизоти мазҳабӣ рўҳонияти исломӣ  таҷрибаи созмони махфии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон(минбаъд ТТЭ ҲНИ)-ро, ки соли 1973 таъсис ёфта буд, минҳайси сарчашмаи мафкуравӣ ва сиёсӣ истифода кард. Собиқаи усулу методҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ-мазҳабӣ имкон дод, ки баъзе «саршиносон»-и рўхонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ ҳарҷу марҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, оташи бетартибиҳои мардумиро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон доман заданд ва ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги бародаркушӣ гардиданд. Намунаҳои аввали террори динӣ-мазҳабӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри бист ба дасти муридони наҳзатӣ дар гўшаҳои даргири қаламрави Тоҷикистон сурат гирифт. Дар моҷароҳои сиёсию низомие, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба вуқўъ пайваста, боиси ҳалокати зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гардид, ТТЭ ҲНИ ширкат ва саҳми бевоситаи фаъол дошт. Ҳосили ин «ширкати фаъол»-ро метавон имрўз дар чеҳраи насли миёнсол ва солманди ҳар як тоҷикистонӣ ба хубӣ мушоҳида кард. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ТТЭ ҲНИ ба истилоҳи ҳуқуқи ҷиноятӣ, фигуранти асосии силсилаи ҷиноятҳо маҳсуб меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз масири рушду тараққӣ бозмонд. Махсусан, омил ё фактори мазҳабзадагӣ мисол ва намунаи асосиест, ки ҷомеаи тоҷикро аз масири таҳрикот ва таҳаввулот канор гирифт. Аз тарафи дигар, агар ҷанги шаҳрвандӣ, ки омили асосиаш ТТЭ ҲНИ буд, ба вуқўъ намепайваст, Тоҷикистон бемайлон рушд мекард ва ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ мерасид. Кишварҳои Осиёи Марказӣ — Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, ки марҳилаи ҷанги шаҳрвандиро нагузарониданд, бар асари амнияту оромиши сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ пеш рафтанд. Муҳимтар аз ҳама, ин кишварҳо ТТЭ ҲНИ надоштанд ва маҳз надоштани ин гуна созмони тахрибкори сиёсӣ-мазҳабӣ барояшон роҳи тараққиётро ҳамвор кард. Магар чунин нест? Фаразан, агар чунин созмони сиёсӣ-мазҳабӣ (ТТЭ ҲНИ) дар Тоҷикистон вуҷуд намедошт ва тарҳи ҷанги шаҳрвандӣ рехта намешуд, миллати тоҷик бидуни садама задан ба ҳувияти миллӣ ба марҳилаи рушду тараққӣ иқдом мекард ва ба феҳристи мамолики тараққикардаи ҷаҳонӣ шомил мешуд. Аммо, чуноне ки медонем, дар ибтидои марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ авзои сиёсию иҷтимоӣ бо найрангҳои наҳзатӣ бад шуда, мусибат болои мусибат мардум ва кишварро таҳдид намуд ва саранҷом мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ  гардид.    Мубориза бо низоми дунявӣ, ки зидди назарияҳои хушки хурофоти динӣ мебошад, дар меҳвари кори сиёсӣ ва ҳизбии наҳзат буду ҳаст. Агарчи насли собиқи наҳзат суннатҳои исломиро дар пўшиши либос риоят мекарданд, қишри нави наҳзатиён, ки аз омадани Кабирӣ ба маснади раёсати сиёсӣ ташаккул ёфт, ба хотири ҷалбу ҷазби ҷавонон аз василаҳои нави иттилоотӣ, техникӣ, риторикӣ ва коммуникатсионӣ корбаст намуд. Аз ин ҷост, ки барои рўпўш кардан ва аз чашми мардум дур доштани ин ҳадафи стратегӣ ТТЭ ҲНИ аз василаи мудерн кардани зоҳир – ба бар кардани шиму костюм, бастани галстук, тарошидани риш, риоёти ҳадафмандонаи низомии зиндагии дунявӣ, таассуби мазҳабиро пинҳон доштан ва амсоли инҳо васеъ истифода мебарад. Методикаи муборизоти сиёсӣ вобаста ба шароити нави геосиёсӣ барои ТТЭ ҲНИ дар давраи нави таърихӣ (солҳои 2006-2015) тағйир ёфт. Бо тақозои замон ва муҳимтар аз ин, барои ҷалби сиёсати ҷаҳонӣ ва мамолики мутамаддини башарӣ ба созмони динии ТТЭ ҲНИ симои раҳбарияти наҳзатӣ, ба истилоҳ, замонавӣ шуд ва бо истифода аз либоси муосири урупоӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани лидерони наҳзатӣ амри зарурӣ гардид. Аммо ҳадаф тағйир наёфт ва ҳамоне ки буд, боқӣ монд (касби қудрат, зиллати миллат, салтанати исломи асримиёнагӣ, ҷамъовари молу маноли мардумӣ, ҷамъи сармояи миллӣ, ҷорӣ намудани қавонини динӣ, барҳам задании низоми дунявӣ, афзудани фабрикаи истеҳсолоти барда ва ғайраҳо). Қудратхоҳии раҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ихлосмандони онро метавон ба содагӣ дар симои баъзе муллову эшонҳои маҳалли мушоҳида кард. То метавонанд аз бовармандии мардум сўйиистифода мекунанд, аз минбарҳои дини ва муқаддасоти мазҳаби сўйиистифода намуда, Худо ва ҳам мардумро рўйирост фиреб медиҳанд, рақибони худро бепарда ва бешармона таҳқир мекунанд, на дар пайи меҳру муҳаббат, балки пайи сарвату қудрат ва шукўҳу шаҳомат мегарданд. Ҳадафҳои пасипардагии ТТЭ ҲНИ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд, аз ин лиҳоз ин созмони террористии дунявиситез ва хирадгурезро зуд аз байн бояд бурд.

 МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТИ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *