КАБИРӢ ВА ИСЛОМӢ СИЁСӢ

КАБИРӢ ВА ИСЛОМӢ СИЁСӢ

ВОКУНИШ. Ба андешаи солим  Кабирию ҳамсафонаш ҳар  қадар, ки метавонанд барои сиёсӣ кардани ислому масҷид бо дарназардошти манфиатҳои сарваронашон  ҷон коҳонанд ба мақсад намерасанд. Ҳатто  ин тоифа  гумроҳон Худоро низ, ки кори  қазову қадар ба хости  исми поки ӯ  тавъам аст, дар бозиҳои манфуронаи сиёсиашон истифода кардан мехоҳанд.

Кадом як шайтони охирулзамони наҳзатӣ бо исми Сиддиқи Акбар  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор зада, аз баста шудани доираи масоҷид дар Тоҷикистон гиллагузорӣ намудааст.

«Шореҳи сиёсӣ»-Сиддиқи Акбар  ба мавзӯъи баста шудани масҷидҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дахл карда,  боре андеша намекунад, ки оё масоҷиди басташуда заминаи бунёди қонунӣ доштанд ё не!  Оё зарурати бунёди масҷид бар ҳар сари аҳолии кишвар, ки  дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба маротиб зиёд гардидааст, вуҷуд дорад? Оё мусулмонии мо танҳо дар фаъолияти масоҷид аст! Оё мусулмонӣ дар дил аст ё дар масҷид? Оё ва садҳо оёҳои дигари посухталаб.

Ба таваҷҷуҳи Сиддиқи Акбар мерасонем, ки тамоми кору фаъолияти наҳзатии ифротӣ дар масоҷид оғоз ёфта буд. Таъсиси ТЭТ ҲНИ низ бо роҳбарии падари маънавиатон Саидабдуллоҳи Нурӣ аз масҷид оғоз гардида буд-ку! Магар рӯзи сиёҳи миллатро, ки бо ном «аҳли масҷид» сари  ин мардум овард, фаромӯш сохтед! Баъдан, оё дар як деҳа ё маҳалла зарурати ду  ё якчанд масҷид мавҷуд аст?!

Баъзан нимчамуллоҳои  мисли худатон манқурт дар ростои  афкори масҷидмеҳварӣ як деҳаро ба якчанд қисматҳо ҷудо карда буданд. Ба ҷойи ба ҳам овардани мардум ва аҳли тақвою тарғиби мазҳаби таҳаммулгарои Ҳанафӣ даст ба корҳои зишту зидди суннатҳои фармудаи Паёмбари ислом Муҳаммад (с.в)  амал  мекарданд.

 Маълум аст, ки оғои Сиддиқи Акбар (мутмаинам, ки номашон низ хуфият дорад) ба ҷуз тафриқаю  зидди ҳам шуронидани мардум дигар ягон рисолати созанда надорад.

Роҳи шумою ҳаммаслаконатон  дигар,  роҳи мо дигар. Аммо барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёҳи худ исломро сиёсӣ насозед.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *