НАҲЗАТИҲО ДЕР Ё ЗУД БАРОИ ҶИНОЯТҲОИ КАРДААШОН ПОДОШИ САЗОВОРИ ХУДРО МЕГИРАНД

НАҲЗАТИҲО ДЕР Ё ЗУД БАРОИ ҶИНОЯТҲОИ КАРДААШОН ПОДОШИ САЗОВОРИ ХУДРО МЕГИРАНД

ВОКУНИШ. Тайи чанд вақт аст, ки саркардагони наҳзатӣ дар хориҷи  кишвар даст ба нобакориву иғвоандозӣ пардохтаанд. Бо ин корашон, мехоҳанд вазъи ором ва осудаи кишвари маҳбубамонро ноором созанд. Наворҳои дурӯғине, ки наҳзатиҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ омода карда дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо  ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Онҳо дуруст медонанд, ки имрӯз аксариати мардуми кишвар бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст ҳастанд ва барои онҳо сегменти тоҷикии шабакаҳои интернетӣ майдони калони таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротист. Бино барин ин афзалияти калонро моҳирона истифода мебаранд, то ки мардуми кишаври худро мағзшӯйи бикунанду зиди сиёсати давлату ҳукумат бишуронанд. Алббата барои ин корашон ҳоло ҳоло подошҳои пулӣ гирифта истодаанд, аммо ин дер давом намекунад, подоше, ки онҳо сазоворанд шармандавор аз суи хоҷагонашон ҳатаман мегиранд.  

Аз баромади ин гуфтаҳои номардона, гӯё ӯ мусичаи бегуноҳест, ки ба ягон терроризму экстремизм дахолат надорад ва карданӣ ҳам нест? Магар ин ҳодисаҳое, ки тӯли чанд соли охир дар ҳудуди кишвар сар заданд мисол шуда наметавонанд? Дар куштори сайёҳони хориҷӣ номи Кабирӣ  баромад,  магар ин далел шуда наметавонад?  Ҳақ бар ҷониби он нафароне, ки гуфтаанд:

«Вақте, ки Муҳиддин Кабириро гӯш мекунӣ, хоби одам мегирад ва ягон харфи наве дар хотири бинанда ва шунаванда намемонад. Хуб нест, ки беҳтараш хомӯш бошад?»

Илова менамоем, ки бетаҳаммулии ӯ, бо садои баланд ва ҳадафмандона ҳарф задани ӯ аз бемаърифатии ин нохалаф дарак медиҳад ва андеша дорем, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш ҳатто аз наздикии кӯчаи дин ва диндорӣ нагузаштаанд. Пас бо кадом асос ҳамаи онҳо даъвои Ватану давлат доранд, кас намедонад? Барои ободии Ватан чӣ кор карданд? Ҳатто ба вазни як хас фоида наовардаанд. Онҳо, ки сабабгорӣ асосии муноқишаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон буданд, умеди баргаштанро ҳатто андеша ҳам набояд кунанд. Чунки онҳо хоини Ватан буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Як бор ин миллат бо баимзорасидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ гуноҳи онҳоро бахшид, аммо ин нохалафон боз кори худро кардан, дасте, ки бо хун олуда буд боз суйи хун рафт. Ҷои ӯ ва роҳзанонаш паси панҷара аст. Паси панҷарае, ки аз натанҳо ҳаво, балки хоки Ватан ҳам намудор набошад.

Рафтори маккоронаю иғвоангезонаи Муҳиддин Кабирӣ барои ӯ одат шудааст, вале чун ҳамешагӣ гуфтаҳояш мисли буғи об дар ҳаво нопадид хоҳад шуд. Ин бародарони шайтон мисли ҳамешагӣ исбот кардан мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя карда намешавад. Мехоҳанд бо ин роҳ аъзои ҳизби наҳзатро, ки бархе аз онҳо барои кирдори террористиашон ва  қисме барои иғвогарию тафриқаангезӣ зиндонӣ шудаанд, озод намоянд. Худ фаромӯш кардаанд, вале таърих гувоҳ аст, ки ҳамон шабу рӯз дар минтақаҳои азхудкардаашон чӣ нобакориҳое намекарданд. Махсусан бо занону духтарони ҷавон, ки ҳатто ба балоғат нарасида буданд.

Муҳиддин Кабирӣ дар ин рӯзҳо бекас мондааст ва танҳо бо ҳамон се — чор нафари шармандаву рӯсиёҳе, ки номҳояшонро намехоҳем ба забон биёрем аз хориҷи кишвар даъвои Ватану ватандорӣ доранд. Аҷабо, худашон фаҳмидаанд, ки рӯзҳояшон башумор мондааст. Бояд ёдовар шуд, ки Кабирӣ дар  хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагонаш дар хонаҳои боҳашамату серу пур зиндагӣ дораду як умр аз боби хизмат ба Ислом  ва дар роҳи ислом шиорпартоӣ  мекунад. Аммо аз гирдиҳамоие, ки  дар авруппо ба ҷалби чанд кӯдаки дунёбехабар  ва бо маблағи ночиз харидашуда ташкил карданд, афту башараи чанд наҳзатии дигари фиребхӯрда нишон дод, ки  онҳо аллакай  фиреби Кабириро ҳис кардаанд. Аммо чӣ илоҷ, ки Кабирӣ бо ҳиллаву найранг он ҷавонони ноогаҳро тарсонда дар дилашон маҳбаси бо деворҳои баланд ва панҷараҳои оҳаниндошта сохта, онҳоро зиндонӣ кардааст. Аз он маҳбаси тарсу ваҳм баромдан барои он ҷавонон кори мушкил аст.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *