МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АТРОФИ ПЕШВОИ ХУД МУТАҲИДАНД

МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АТРОФИ ПЕШВОИ ХУД МУТАҲИДАНД

Миллати тоҷик кашмакашиҳои ҳизбу ҳаракатҳои тундагаро ва ҷоҳхоҳро, ки ҳадафҳои пардапӯши худро зери ниқоби дини Ислому демократия (мардумсолорӣ) пинҳон кардаву аз номи халқ сухан мегуфтанду миллатро бозичаи дасти худ намуда, ба ҷанги бародаркуш кашида буданд, он рӯзҳоро аз хотир фаромӯш накардааст. Дар тули истиқлолияти худ зиёд чунин ҳизбу ҳаркатҳо ва ташкилотҳое, ки аз номи халқ истифода мебурданд, диданд ва ҳеҷ яке аз онҳо ба миллати худ содиқ набуданд ҳамеша миллатро бо ду танга фурӯхта, хиёнат карданд. Миллати тоҷик дигар ба садоқати чунин ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ бо монанди ҳизби наҳзати ислом, озодандешон, паймони миллӣ, гурӯҳи 24 ва дигарон бовар надоранд. Тибқи ҳамон мақоли тоҷикӣ: “кур як маротиба ба чоҳ меафтад” ин миллати куҳанбунёд дигар   фиреб шумобарин хуксифатонро намехурад.

Бояд ин хуксифати кабирӣ ва дигар косалесаконаш пеши ин миллат сарфуруд оварда, ҳазорон бор бахшиш бипурсанд ва товони он ҷиноятҳои кардаашонро бидиҳанд. Аммо баръакс ин бадзотон дар руйи худ пусти хар кашида, боз дар хориҷи кишвар косалесаки муҳаммадиқбол наворҳои видеоӣ ва постҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, чунон таблиғ мекунад, ки гуё, ки инҳо ғамхори халқ ҳастанд. Аҷаб авобфиребу палидед шумо наҳзатиҳо.

Аҷибаш ин аст, ки онҳо боз дар хориҷи кишвар ҳарсол намоишкорона солгарди Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Гуё, ки барои онҳо Ваҳдати миллӣ арзиш дошта бошад. Инҳо аз кадом ваҳдат ҳарф мезананд мо намедонем? Кадом ваҳдатро ҷашн мегиранд? Ваҳдате, ки борҳҳо барои аз байн бурданаш бо маблағгузории кишварҳои душман табадулотҳои давлатӣ ва ғасби ҳокимиятро намуданд? Ваҳдате, ки барои беранг нишон доданаш дар чашми мардум, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорҳо постҳо пахш мекунанду пушишӣ дигараш медиҳанд?! Ҳарчанд ин душманони миллат — наҳзатиҳо борҳо бо роҳи силоҳ кӯшиши табадулоти давлатӣ намуданд, хушбахтона боре ҳам комёб нагардиданд. Имрӯз бошад он ҳуввиятбохтагони худфурухта роҳу равишашонро дигар карда бо роҳи идеологӣ мехоҳанд мафкураи мардумро парешон бисозанду идеологияи ифротгароёнаи худро дар тафаккури мардум ҷой кунад ва мардумро бар зидди давлат бишуронад.

Миллати тоҷик Истиқлолияти давлатиро агар бе ҷангу хунрезӣ ба даст оварда бошад, аммо сулҳу ваҳадати саросариро бо хунрезӣ, бо гурезашавии шумораи зиёди шаҳрвандон ва вайрону валангоршавии инфрасохтори иқтисодӣ ва маишии кишвар ба даст овард.

Ваҳдат — аслан мутаҳидӣ, ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумро ифода мекунад. Мардуми Тоҷикистон бо имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ  23 сол шуд, ки  дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ин неъмат бо талошу ҷонбозиҳои шаҳрвандони баору номус ва ватандӯст ба даст омад. Арзиши Ваҳдати миллии тоҷикон баробар ба Истиқлолияти давлатӣ аст. Инро ҳар тоҷикистони ба дурустӣ дарк мекунад.

Аммо сад афсус, ки наҳзатиҳо бо дигар рӯзноманигорону торикбинони худфурӯхта дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан, Феесбук аҳамият ва арзиши ваҳдати миллии моро пӯшиши дигар дода, баҳои зишт медиҳанд. Ҳоло он, ки он нафарон хуб медонанд, ки миллати тоҷик сулҳу ваҳдати миллиро бо чӣ талафоти ҷонию молӣ ба даст оварда буд. Баъзеҳояшон дар саҳифаҳои феесбукияшон менависанд, ки моро диламон ба ин миллат месӯзад… мо бо чунин амалу андешаҳоямон рӯшангароӣ мекунем…мо мардумро роҳ нишон медиҳем, ки ин корро кунанду он корро кунанд…, арманиҳо тонистанду чаро мо натонем…, гурӯҳи дигарашон бошад ба Конститутсия ва муқаддасоти миллӣ беэҳтиромӣ мекунанд. Худашонро тобиш ва ҳову ҳавои баланд дода, таҳлилгару дилсӯз, роҳнамо ва пушту паноҳи миллат меҳисобанд. Аммо баръакс чунин шахсони ҳуввиятбохта, хиёнат ба миллату давлат ва арзишҳои миллӣ мекунанд. Хулоса ҳаминхел суханони ғайри қонуниву ноҷоро миёни мардум паҳн мекунанд, ки мардум аз сиёсати давлату ҳукумат дилсардшуда бар зидди давлату ҳукумат бархезанду боз дар Тоҷикистон ҷангу ҷидол ба вуҷуд ояд ва онҳо аз хориҷа истода дуди ватанро тамошо кунанд. Аммо инҳо фаромӯш кардаанд, ки тафаккури мардуми Тоҷикистон дигар мисли тафаккури замони аввали истиқлолият парешон нест, ки бо ҳиллаву найранг ва бо даъвати террористони наҳзатӣ ба кӯчаҳо ба тазоҳурот бароянд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон бо шукургузори аз фазои тинҷу ороми кишвар дар гирди Пешвои худ муттаҳиданд ва бо хиради азалии ин марди бузург сари баланди худро ба мисли Парчами миллӣ боз ҳам баландатару баландатар мебардоранд.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *