ХИЁНАТ БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ БО ХУДСАФЕДКУНӢ АЗ ХОТИРАҲО ТОЗА НАМЕШАВАД

ХИЁНАТ БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ БО ХУДСАФЕДКУНӢ АЗ ХОТИРАҲО ТОЗА НАМЕШАВАД

Ҷаҳони имрӯз зери хатари ҷиддии падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстримизм қарор гирифтааст. Ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеъаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, аксариати давлатҳои сайёра эълон кардаанд, ки мо барзидди ин зуҳурот, яъне терроризму экстримизм мубориза мебарем. Аммо имрӯзҳо айён гашта истодааст, ки баъзе давлатҳои дунё сиёсати духураро пеша карда, чунин гуруҳҳу созмонҳо ва ҳизбҳои террористиро маблағгузорӣ мекунанд ва ба онҳо паноҳгоҳ медиҳанд. Аз ин ҷо бар меояд, ки ҳеҷ як гуруҳу созмон ва ё ҳизби террористӣ бе дастгирии давлати дигар фаъолият карда наметавонад. Пушида нест, ки чунин давлатҳо ҳамту он гурӯҳҳоро барои амалӣ кардани ҳадафҳои шахсияшон дастгирӣ намекунад, алббата, ки дар паси ин дастгириҳо ҳадафҳои пасипардагии худро низ пиёда мекунанд.

Дар замони мо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмону паймонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.  Баъзе аз чунин гурӯҳҳо ва ашхоси курбину нотавонбинони давлату миллати кӯҳанбунёд шукуфоиву пешрафти кишвари моро нодида гирифта, пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба самти Тоҷикистони соҳибистиқлол санги маломат зада истодананд, ки ин амалкарду кирдорҳои зишти онҳо ба ҳақиқат наздик нест.

Дар ибтидои солҳои 90-ум саркардагону намояндагони ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз бо номи  «Паймони миллии Тоҷикистон» ва ҷунбиши «Озодандешон» ниқоб  иваз намудаанд,  тавассути хоҷагони хориҷиашон  дар меҳани азизамон   ҷанги хунини бародаркӯшро аланга дода буданд. Ин хоинони курдил миллатро дар ҳоли парокандагиву давлатро ба завол рӯбарӯ сохтаанду касофатии  ғайриинсонгароёнаи   онҳо то ҳанӯз аз ёдҳо зудуда нашудааст.  

ТЭТ ҲНИ ва    «Паймони миллии Тоҷикистон»  бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мақолаҳояшон аз ТЭТ ҲНИ,  «Паймони миллии Тоҷикистон», гурӯҳи 24 ва ҷунбиши «Озодандешон» пуштибонӣ намуда,ба қавле худ ва ҳамтоёнашро аз об соф баровардани мешаванду амалкардҳои ифротгароёнашонро ҳамчун қаҳрамонӣ медонанд. Аммо ин хоинон ва «шоҳреҳҳони сиёсии онҳо» як чизро бояд донанд, ки  ҳаргиз  ҷурму гуноҳ ва хиёнат ба давлату миллат бо об тоза намешавад ва нахоҳад шуд. 

Бо хондани мақолаҳои  онҳо  дар саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ва «isloh.net»  зери мавзӯъҳои Тоҷикистону тоҷикбадбинонаашон  мо шаҳрвандони бедордилро бетараф нагузошта водор ба он месозад, ки қалам бар даст гирифта, андешаҳои худро нисбати чунин мақолаҳои  бемағзу бепояи ашхоси кӯрдилу  асолатбохтаи дайдуе, ки ба бемории ҳорӣ гирифторанду ҳангоми дарафтодан ба роҳгумзадагони навбатӣ мехоҳанд онҳоро низ ба маризӣ гирифтор намоянд, иброз намоем.

Бо ба кор даромадани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун як чанд муддат ҷорзаниҳои ин тоифа хоинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таваққуф монд. Гумони онро мекардем, ки ин хоинони миллат аз  иқдомҳои бунёдкоронаву созандаи Тоҷикистон ва татбиқи амалишавии ҳадафи муҳими давлату ҳукумати кишвар ба ваҷд омада аз кирдорҳои зишти тоҷикбадинонаашон пушаймонанду назди миллату давлатамон  узр  мепурсанд. Аммо гумону пешгӯиҳои мо ботил баромаду бас. То ин рӯидоди таърихӣ ин хоинони миллат аз нокифоягии барқ дар  Тоҷикистон назди ҷомеаи ҷаҳонӣ шикоят мекарданду бакордароии  Неругоҳи барқи обии Роғунро афсона ва дур аз ҳақиқат медонистанд. Аммо бо ба кор даромадани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии Роғун,  афсонаи гумон мекардагии ин тоифа хоинони асолатбохта бо иродаи қавии Сарвари давлат ва муттаҳидии миллати куҳанбунёд ба ҳақиқат мубаддал гашт.

Ин иқдом тире буд, ки ба ҷону рӯҳи  ин тоифа хоинони миллату давлат заду онҳоро назди хоҷагонашону ҷомеаи башарӣ  масхара сохт. Аммо каждум ҳеҷ гоҳ аз кирдорҳои зишташ воқиф намемонад, чунки табиати аслиаш чунин аст. Ба қавли шоири бузургвор, ки нисбати чунин ашхос фармудаанд:

                         Неши ақраб на аз пай кин аст,

                         Муқтазои табиаташ ин аст.

 Новобаста аз ин ҳама бадбиниҳои ашхос ва паймонҳои  хиёнаткору ғаразҷӯ  Тоҷикистони азизамон пешрафт менамояду рӯз аз рӯз шукуфонтар мешавад.

Кушишу талошҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  танҳо ба хотири пешрафту шукуфоӣ ва  ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар асту халос ва на чизи дигар. Дигар набояд ҳеҷ гурӯҳ ва ашхоси бадкеше иродаи қавии мо шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлолро дигар созаду мафкураи моро бо ғаразҳои манфуронаю ифротгароёна мағзшӯӣ намояд.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *