ҲИФЗИ ЯКПОРЧАГИИ ВАТАН ВА ТАЪМИНИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

ҲИФЗИ ЯКПОРЧАГИИ ВАТАН ВА ТАЪМИНИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

Таҷрибаи башари собит месозад, ки ба озодии комил ва Истиқлолияти давлатӣ расидани ҳар як миллату давлат бе ба даст овардани ваҳдати миллӣ, мутаҳидии мардум дар атрофи роҳбари сиёсӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану сарзамини худ номумкин мебошад. Миллати тоҷик, бо инқадар донишу фарҳанги волояш ва тамаддунофарияш ҳазор сол аз давлатдории миллӣ бе насиб монд. Дар ин мудат зери шиканҷаи бегонагон қарор гирифт. Лекин фарҳанги волои миллат, таҳти сарварии фарзандони содиқи Ватан тавонист, ки тоҷикро ҳамчун миллати соҳибватан то имрӯз нигоҳ дорад.

Донистану омӯхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрӯзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад. Хушбахтии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо буд, ки бо амри тақдир аз рӯзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро ба савгандҳои хурдааш дар назди халқу миллат собит намуд.

Аммо душманони миллати тоҷикро ин мутаҳидиву сарҷмии миллат дар атрофи Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташвиш овардааст. Ин нотавонбинон ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки бо тарҳу барномаҳои муғризона мехоҳанд Тоҷикистонро боз мисли солҳои навадум ба майдони хунрезиҳо табдил диҳад. Аъзои ТТЭ ҲНИ ва роҳбарашон Кабирӣ хуб медонанд, ки гуноҳашон дар назди миллат хеле вазнин аст. Бинобар ин, ба хотири ҷуброни маблағҳои аз хориҷа ба даст овардааш Кабирӣ маҷбур гаштааст, ки дар байни баҳри беканори хиёнат дасту почак занад.

Мардуми Тоҷикистон ба идеологияи ТТЭ ҲНИ хуб ошно гашт ва пайомадҳои талхи онро дар солҳои навадум дид. Маълум гашт, ки он идеология ба ҳалқ ба ҷуз бадбахтӣ ҳеҷ чиз дода наметавонад. Аз аввали таъсиси ин ҳизб то имрӯз дастпарварони ТТЭ ҲНИ бештар ба дигар мазҳабҳои тундрав гаравиданд.

Солҳост шоҳидем, ки дар давлатҳое, ки азҳобҳо ва ҳизбҳои динӣ бо мазҳабҳои худ фаъолияту талоши ба сари қудрат расиданро доранд, дар он давлатҳо фақат кашмакашиву ихтилофҳо ҷой доранд. Шаҳрҳо хароб гашта, одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Дасту почакзаниҳояшон ба ин ҷо расидааст, ки ТТЭ ҲНИ аз ҳисоби як зумра раҳгумзадагони дигар аз аврупо суи Ватан санг партофтаистодаанд. Аммо ҳама аз ин ҳиллаҳои ТТЭ ҲНИ огоҳанд. Бо ин равиши аввомфиребонаашон барои баруи мардум хок пошидаг зуд зуд анҷуману созмонҳои дурӯғинро таъсис медиҳанду аз хоҷагон пул мегиранд.

Таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ҳар инсоне, ки тафаккури солим дорад, ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои фоҷеабори миллатро фаромӯш намекунад.

Наҳзатиҳо ҳоло ҳам беватан дар хориҷӣ кишвар пуштибони аз Исломро шиори худ намуда, мехоҳад таҳти ҳамин шиор тоҷикону тоҷикистониёнро бадном намояд ва аз ин ҳисоб соҳиби маблағу сарпаноҳ гашта, ҳаёт ба сар барад.

Фикр мекунам мардуми Тоҷикистон дигар ҳушёру зирак шудаанд  ва дуруст дарк мекунанд, ки ин миллат баъди 1000 соли бедавлатӣ, 1000 соли ранҷу азоб, дарба дарӣ дубора соҳиби давлат шудааст ва то чи андоза арзишманд будани ин дастовардро хуб мефаҳманд ва барои ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватани хеш ва пойдории давлатдории миллӣ ҳамеша омодаанд.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *