ҲАШАРОТҲОИ ДАР АВРУПО САРГАРДОН!

ҲАШАРОТҲОИ ДАР АВРУПО САРГАРДОН!

Имрӯз, ки Тоҷикистон дар ру ба руи интихоботи Президентӣ қарор дорад, аз ин вазият ҳасос ҳашаротҳои наҳзатӣ истифода бурда, ният доранд фазои иттилоотии кишварро то баргузории интихобот зери ҳамлаҳои иттилоотӣ қарор диҳанд. Ин ҳашаротҳои сиёсии дар аврупо саргардон, ки дасташон то ба оринҷ ба хуни ин миллат тараст, имрӯзҳо бо забондарозии бешармона, бо худ сафедкуниву худтаърифкунӣ мехоҳанд мардум таърихро фаромӯш кунанду ин ҳашаротҳоро боваркунанд.

Бояд қайд кард, ки ташкилоти террористӣ-экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ баъди он, ки созмони террористӣ-экстримистӣ хонда шуд, дар хоириҷи кишвар барои сафед кардан ва пушонидани чеҳари манфури хеш пай дар пай созмону гурӯҳҳо ва паймонҳои дурӯғинро таъсис доданд. Аммо тавре мушоҳида мешавад, рӯз то рӯз парокандатару пурутар ва чеҳраи аслии онҳо дар назди мардуми Тоҷикистон боз ҳам манфуртар мешавад.

Кабирӣ  ба  хотири  аз даст нарафтани мавқеи ҳизби худ, яъне ТТЭ ҲНИ ва дар назари хоҷагони хориҷӣ, ҳамчун нерӯи асосиву тамаркуздиҳандаи Иттиҳоди мухолифони тоҷик ҷилва додани он дар паи дигарбора сарҷамъ кардани гурӯҳҳои сиёсие шуд, ки бо Ҳукумати кишвар ихтилофи назар доштанд. Аммо ин талоши Кабирӣ натиҷа надод ва ҳизбҳову гурӯҳҳои қаблии мухолиф, ки аллакай дар ҳайати ИНОТ як маротиба фиреби ТТЭ ҲНИ-ро хурда буданд, нахостанд  аз  як  сӯрох  ду  бор моргазида шаванд. Расидан ба ин ҳадаф барои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ниҳоят зарур буд. Бо назардошти  он ки онҳо амалан барои иҷрои ин кор қодир набуданд, маҷбур шуданд, ки ақалан ба таври зоҳирӣ ин ҳадафро бароварда кунанд. Усули зоҳиран амалӣ кардани ин ҳадаф он буд, ки Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ бояд ба таври сунъӣ якчанд ҳизбу гурӯҳҳои сиёсии мухолифандешро дар муқобили Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда,  баъдан онҳоро дар зери як чатр, ки дар дасти худи  ӯ  буд,  муттаҳид” мекард. Маҳз ҳамин ҳадаф боиси дар муддати кӯтоҳ пайдарҳам таъсис ёфтани чанд созмони дурӯғин шуда буд.  Бо  “муттаҳид”  кардани ин ҳизбу гурӯҳҳои маснӯъӣ Кабирӣ  боз як созмони дурӯғин бо номи “Паймони миллӣ”-ро таъсис дод ва “гӯё” бо таъсиси ин созмон ба ҳадафи деринаи худ расид.

Аммо ҲАҚИҚАТ ИН АСТ, КИ: ин паймон хонаи коғазинест, ки дарунаш пур аз буҳтон, дрӯғ, иғво, дассиса макр ва фитна аст ва наметавонад ба дарди  касе  хурад. Танҳо майдонест, ки дар он Кабирӣ бо ҳиллаву найранг худро ҳамчун як сиёсатмадорӣ дидгоҳи дунявидошта ҷилва медиҳад. Дар асл Кабирӣ ва роҳбарони ин паймони сунъӣ чеҳраҳои дурӯғини сиёсиеянд, ки фақат барои ҳангомаҷӯӣ, назарияпардозӣ ва рӯзгузаронӣ жожхоӣ мекунанд. Онҳо хӯсаҳоеянд, ки хоҷагонашон ба воситаи онҳо мехоҳанд то ҳадди имконпазир буҳронзоӣ ва ҳарросафканӣ кунанд. Онҳо бозича будани худро дуруст дарк кардаанд, аммо илоҷ надоранд, бояд зиндагиашонро дар чӣ шакле, ки набошад сомон диҳанд. Ин аст муборизаи онҳо барои гурусна намонданд дар кишварҳои аврупоӣ.

Сиёсати амалӣ  фаъолияти  мураккаби  иҷтимоиест, ки ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ абзорҳои он мебошанд. Ин  фаъолияти мураккабу душворро наметавон бо абзорҳои сунъиву дурӯғин ба роҳ монд. Феълан дар ихтиёри Кабирӣ, ки худро бозингари муҳиме дар арсаи сиёсии Тоҷикистон нишон додан мехоҳад, маҳз ҳамин гуна абзори коғазӣ бо номи “Паймони миллӣ” вуҷуд дорад, ки он фақат дар рӯи коғаз сабт шудааст  ва  онро ба ҷузъ муассисону протоколнависонаш дигар ҳеҷ касе намояндагӣ намекунад.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *