НАҲЗАТИҲО БАР ЗАММИ ИНҚАДАР ҶИНОЯТҲОИ КАРДААШОН БОЗ БЕШАРМОНА ХУДРО БЕГУНОҲ МЕҲИСОБАНД

НАҲЗАТИҲО БАР ЗАММИ ИНҚАДАР ҶИНОЯТҲОИ КАРДААШОН БОЗ БЕШАРМОНА ХУДРО БЕГУНОҲ МЕҲИСОБАНД

 Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ 15ҷумҳурии бародар Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлолияти давлатияшро ба ҷаҳониён 9-уми сентябри соли 1991 эълон намуд. Аммо дар ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳаракату гуруҳҳое, ки хориҷ аз кишвар идора мешуданд бо тарғиботҳои идеологии худ дар миёни мардум тухми кинаву адовати динӣ, маҳалгароӣ, миллатгарои ва қудратталабиро коштанд. Аз ҷумлаи чунин ташкилотҳо, ташкилоти террористи экстримистии ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки ба сари мардуми мо душвориҳои зиёдеро овардааст. Ташкили гирдиҳамоии бардавоми наҳзатиён ахиран ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар он шабу рӯз касе намедонист, ки сабабгори ин ҷангу ҷанҷол кист, дар пайи он чӣ мақсаде ниҳон аст.

Оқибат бадхоҳони давлат – наҳзатиён худро ошкор намуданд, онҳо барои бастани сулҳ шартҳо ба миён гузоштанд. Яке аз он шартҳо ба таври расмӣ шинохтан ва бақайд гирифтани ҳизби пинҳонкори наҳзати ислом буд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳама шартҳои онҳоро пазируфта, умед бар он дошт, ки ин ҳизб аз ин ба баъд дар роҳи сулҳу ваҳдат ва рушди давлати соҳибистиқлол камар мебандад, аммо таърих нишон дод, ки наҳзатиҳо ба ин ҳама ҳуни ният сазовор нестанд.

Дар ибтидо на ҳама аз мақсади ниҳоии онҳо, ки ба сари қудрат омадану бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд, огоҳӣ доштанд. Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 ин мақсадро ошкор сохт. Кабирии косалеси хоҷагони хориҷӣ ва думравонаш маҷбур шуданд, ки барои раҳои аз ҷазо бо  роҳи пинҳони аз Тоҷикистон фирор намоянд. Ӯ, ки умеди бозгашт ба Тоҷикистонро аз даст додааст, ба ҳар як роҳу восита туҳмату буҳтони бардурӯғро нисбати давлату миллати тоҷик паҳн менамояд. Ба ибораи дигар, аз тариқи ютубу шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунад рӯи нопоки худро дар домони поки миллати тоҷик тоза кунад. 

Баъди баромади мубалиғи ин ҳизб Айёмиддин Сатторов ҳолати Кабири ва пайравонашро тассаввур намудан душвор нест. Мисли он аст, ки онҳоро дар болои сӯзан ва оташи тафсон шинонидаанд. Бетоқату безобитаанд. Аз бе ҳаёйӣ бо даъвату бе даъват ба ҷаласаҳо ҳозир гардида, кӯшиши худсафедкунӣ менамоянд, суҳбатҳои мустақим анҷом медиҳанду корҳои сиёҳи худро сафеду корҳои шоистаи дигаронро сиёҳ мекунанд. Бо ин корашон нафрати мардуми Тоҷикистон нисбати саркардагони ин ҳизби ифлос, махсусан Кабирӣ то андозае зиёд шудааст, ки агар дилхоҳ сокини кишвар бо инҳо рӯ ба рӯ шаванд ҳатман ба рӯяшон туф намуда, шаппотӣ мезананд.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *