БОЗИҲОИ СИЁСИИ КАБИРӢ-МАКРИ ЗОҒИ СИЁҲИ ДАР ҶАНГАЛРО МЕМОНАД

БОЗИҲОИ СИЁСИИ КАБИРӢ-МАКРИ ЗОҒИ СИЁҲИ ДАР ҶАНГАЛРО МЕМОНАД

ВОКУНИШ. Фаъолиятҳои хиёнаткоронаи таблиғотичиёни наҳзатӣ бо сардории Муҳиддин Кабирӣ қиссаи зоғи аз ҷангал рондашударо мемонад, ки мутмаинем рӯзе тақдири ӯ ба тақдири зоғ мепайвандад.

Зоғе ба хотири обрӯ ва мақом  пайдо кардан дар муҳити давлатсолории ҷангал худро бо рангҳои гуногун орову торо дода, ба гунае  зебо сохт, ки мислашро ҳеҷ ҷонвар надида буд.  Ҳатто баъзе аз ҷонварони дар ҷангал сукунатдошта ба  зоғ эътиқод оварданд, ҳар ҷо ки мерафтанд аз зебоии зоғ башорат медоданд.

Аз ин таърифу тавсифи аҳли ҷангал зоғ чунон мағрур гардид, ки дигар чизеро назараш намегирифт. Худро дар соири хубрӯёни дунё тасвир мекард. Ҳатто ба  зеботарин паррандаи ҷангал товус, ки дар назокату зебоӣ аз ӯ кам набуд, бо тамасхур менигарист.

То рӯзе, ки аз осмон борон омаду ҳамаи сиру асрори зоғи сиёҳро кушод. Ҳама рангу бори ӯ шуста шуд. Аҳли ҷангал аз найрангҳои зоғ воқиф шуда,  ӯро аз ҷангал пеш карданд.

Мисоли он ки Муҳиддин Кабирӣ баъди хиёнаткорӣ дар соли 2015 аз Тоҷикистон ронда шуда, ҳамаи бозиҳои пасипардагии уву ҳамтоёнаш  барои мардуми Тоҷикистон аён гардид.

Месазад то ҷое биандешем, ки ҳар рафтори каҷу хоинона ва ҳар рангу зебоибозии  айёрона бо мурури вақт исбот мешавад. Ва барои он ки инсон дар ҷомеа шармсор нагардад бояд якрӯю якзабон буд. На ба мисли Кабирию ҳамсафонаш, ки як бор аз дин мегӯянду маротибаи дигар аз яҳудо.

Боз нашр аз сомонаи http://www.hhdtkhatlon.tj/node/6973

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *