НАҲЗАТИҲО БО ИН АВОМФИРЕБИАШОН БАРОИ ХУД ДАР ДУЗАХ ОТАШИ ҶАҲАННАМРО ОМОДА КАРДААНД

НАҲЗАТИҲО БО ИН АВОМФИРЕБИАШОН БАРОИ ХУД ДАР ДУЗАХ ОТАШИ ҶАҲАННАМРО ОМОДА КАРДААНД

ВОКУНИШ. Таърихи давлатдории миллатҳо собит кардааст, ки ҳамеша давлату кишварҳои ободро инсонҳое ба хоку хункашидаанд, ки барои мансабу пул ва мавқеъи сазовор ноил гардидан мардумро фиреб дода аз эътиқоду боварӣ ва эҳсосоти онҳо истифода бурдаанд. Ташкилоти террористӣ-экстримистии ҳизби наҳзати исломии дар Тоҷикистон мамнуъ низ аз аввали таъсисёбиаш аз эътиқодоти динии мардум истифода бурда, як қисмро дар авоили ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба тазоҳуроту майдоншинӣ ва қатли ҳамватанони худ истифода бурданд, қисми дигарро барои ҳамфикр набудан бо онҳо ваҳшиёна ба қатл расонидаанд. Имрӯз низ аз он усулҳои собиқи худ истифода бурда, боз Кабирӣ мардумро ба тазоҳуроту ҷанг алайҳи давлату миллати худ даъват дорад.

Мо ба ин назарем, ки имрӯз миллати тоҷик оқил дигар шудааст ва набояд фиреби ин ҳувиятбохтагону қалобон ва хиёнатпешагонро хурад.

Ба қавли Лоиқ:

        Мардумонро як сар савод омухтему илму хат,

Бояд акнун оқилу доно шавад.

Соли 1996 дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки: “Дар ҳар як ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ танҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ бояд муваффақ шаванд. Дар ин амр роҳи дигаре нест. Тариқи зӯроварӣ ва фиребу найрангро ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёду демократӣ намепазирад”. Ин оянданигарии Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2015, баъди амалҳои хиёнаткоронаи сарварони ҳизби террористии аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон манъшудаи ТТЭ ҲНИ исботи худро ёфт.

Бинобар он бамаврид аст, ки боз як таъкиди Пешвои миллатро иқтибос биорем: «Мову шумо бояд як қувваи ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор диҳем».

Тамоми олам, онҳое, ки маънои демокративу давлатдории демократӣ ва давлати миллӣ барояшон шинос аст, аз амалҳои фиребгаронаи ин ташкилоти экстремистиву террористӣ бохабаранд. Ба назар чунин мерасад, ки ҳатто он хоҷагоне, ки аз аввал фаъолияти ин ҳизби Ватану фарҳанги миллии худашро ба фурӯш мондаро танзиму бо маблағ таъмин мекарданд, дигар ба вай боварӣ надоранд. Агар ин тавр набошад, пас барои чӣ аъзои ин ҳизби террорристии ба ном исломиро дар олами насронӣ (Олмон, Австрия, Лаҳистон, Чехия…) ба минбарҳои сиёсӣ мекашанд? Аз ин амалҳо як чиз мусаллам аст, ки Кабирӣ фарди сиёсатбоз ва дар талоши вазифаву сарват ва қудрат, яъне дар пайи қонеъ кардани талаботи нафс аст ва дар ин роҳ наҳзатиҳо на таваккал ба Худо доранду на ба Куръони карим.

Ҷойи зикри хос аст, ки ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нашрияҳои машҳури дунё, аз ҷумла «Ал-Аҳром»-и Миср ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун «Ҳизби шайтонӣ» ном бурда ва яке аз ҳамсафону ҳаммаслакони чунин ташкилотҳои террористии ҷаҳон ба мисли ДИИШ, «Ҷабҳат-ат нусра» ва ҲИӮ шуморидаанд.

Кабирӣ ҳамчун сардори ҳизби террористӣ бо сагбачаҳояш барои қонеъ гардонидани талаботҳои хоҷагонаш ба тамоми хиёнаткориҳо даст мезананд. Ҳоло ТТЭ ҲНИ бо ҳазор ҷонканиҳои бенатиҷааш барои мардумро фиреб додан, анҷуману паймонҳои дурӯғин таъсис медиҳад. Вале ин пинҳонкориву бозиҳои пасипардагии ӯ дигар ба ҳама маълум аст. Баръакс бо ин кор масъулини ТТЭ ҲНИ оташи ҷаҳаннамро, ки солҳост дар дузах барояшон омода аст, бештару сӯзонтар карданд.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ “ҲАҚИҚАТ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *