КАЖДУМҲОИ НАҲЗАТИРО, КИ БАРОИ ГАЗИДАНИ ТОҶИКИСТОН ТАРБИЯ МЕКУНАНД, БИЛОХИРА БА БАДАНИ АВРУПО НЕШИ ЗАҲРОГИНИ ХУДРО МЕЗАНАНД

КАЖДУМҲОИ НАҲЗАТИРО, КИ БАРОИ ГАЗИДАНИ ТОҶИКИСТОН ТАРБИЯ МЕКУНАНД, БИЛОХИРА БА БАДАНИ АВРУПО НЕШИ ЗАҲРОГИНИ ХУДРО МЕЗАНАНД

ВОКУНИШ. Роҳбарони ТТЭ ҲНИ аз рӯзҳои аввали ташкили ин гурӯҳи хиёнаткор дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандонро ба роҳ монда минтақаҳои гуногуни Ватанро зидди якдигар душман сохта, дар натиҷа ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳро ба қатл расониданд. Ҳамзамон онҳо ТТЭ ҲНИ – ро ҳамчун гурӯҳи сиёсии ҷабрдида дар назди хоҷагони хориҷии худ вонамуд намудаанд. Бо дастгирии охундҳои эрониву ташкилотҳои ҷангандози аврупоӣ наҳзатиҳои имонфурӯш барои барҳам додани сохти конститутсионӣ таблиғгари бегонапарастиву асолатбохтагӣ шуданд, ки ниҳоят бо ҷанги шаҳрванди анҷомид.

Ҳама ин амалҳои ноҷавонмардонаи хоинони миллати тоҷик аз минтақаи Қӯрғонтеппа оғоз ёфта, зарари ҷонию иқтисодиро шаҳрвандони ин минтақа ва дар маҷмуъ тамоми мардуми Тоҷикистон дидаанд. Дар ин минтақа ҳарчанд тарафдорони наҳзатиҳо даст ба амалҳои терорристӣ мезаданд, роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҳамеша даъво менамуданд, ки бо ҷинояткорон робитае надоранд. Тавре дар урфият мегуянд: «Бори каҷ ба манзил намерасад». Дар ин миён Муҳиддин Кабири бо ҳамаслакони худ, баъд аз фош шудани фиребу найрангашон ба мақсад нарасидаанд. Фаъолияти ТТЭ ҲНИ бар ивази ҷиноятҳои содирнамудаашон дар асоси қонунҳои амалкунанда қатъ гардонида шуд. Зеро бунёди ақидаи наҳзатиён терористӣ ва зиддиинсонӣ буд ва онҳо то ба имрӯз аз ҳадафҳои разилонаи худ даст накашидаанд. Чунончи аз тарафи шогирдони нохалафи онҳо ва дастпарварони хоҷаҳояшон 29.08.2018 амали терористиро зидди саёҳони хориҷӣ анҷом дода шуд. Ба ҳамаи шаҳрвандон маълум гашт, ки ташкилкунандагони ин хиёнат ба халқу давлат Муҳиддин Кабири, давлати Эрон ва баъзе хоҷагони Аврупои онҳо ба шумор мераванд.

Ба душмани миллати тоҷик ин давлатҳои дар боло зикршуда паноҳгоҳи сиёсӣ додаанд ва масъулияти ин гуноҳи азим ба зимаи онҳо низ ҳаст. Зеро маҳз аз ин ҳудуд Муҳиддин Кабири санги маломат ба тоҷику Тоҷикистони мезанад. Он рӯз дур нест, ки наҳзатиёни дасташон аз Тоҷикистон кӯтоҳшуда дар дили Аврупо амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Он гоҳ созмонҳои бо ном “ҳомии ҳуқуқи башар” ва САҲА дарк мекунанд, ки каждумро барои газидани мо тарбия карданд, вале билохира худашонро газид.

Маркази таҳлилию иттилоотӣ ва мубоҳисавии «Ҳақиқат»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *