ХИЁНАТПЕШАГОН АНДЕШАИ ФАРДО НАДОРАНД

Таҷриба ва рушди ҷомеа нишон дода истодааст, ки тағйирпазирии табиати бархе аз инсонҳо зери таъсири омилҳои гуногун, аз қабили нафси саркаш, номуваффақиятӣ дар зиндагӣ, хиёнатпешагӣ ва фурўхтани номусу нанг ба зуҳуроти маъмулӣ мубаддал гаштааст. Ин бошад зуҳуроти басо хатарнок буда, нишонаи деградатсияи инсон ҳамчун мавҷуди иҷтимоию биологӣ мебошад. Яъне, хислатҳое, ки ба мавҷуди бошуур ё худ инсон хос тадриҷан аз байн рафта метавонад ўро ба мавҷуди бешууре, ки арзишҳои муқаддаси инсонӣ барояш бегонаанд, мубаддал гардонад. Ин гуфтаҳо ба нафароне дахл доранд, ки имрўзҳо дар зери домани хоҷагони хориҷии худ заифона паноҳ бурдаанду, Ватан-Модарро объекти ҳуҷум қарор додаанд. Ба инобат бояд гирифт, ки ҳуҷуми онҳо бо тиру туп нест, зеро аслиҳаи ҷангиро ин бардагон қудрати бардоштан надоранд. Ҳуҷуми онҳо тавассути ҳарзагўи ва суханфурўшӣ аст. Оре, маҳз суханфурўшӣ, ки имрўзҳо мутаассифона ба аслиҳаи муборизаи ин номардон ва қувваҳои пуштибони онҳо мубаддал гаштааст.

https://youth.tj/uncategorized/16336/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *