Ваҳдат сарчашмаи амнияту осоиштагист!

Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Чи тавре ки дар хотир дорем, дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навинимо қарор гирифта буд. Хушбахтона, мардуми мо сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида, баъди музокироти сангину тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоити миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор кард, ки имрӯз аз он айём 23 сол сипарӣ мегардад. Бисту се соли эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, бисту се соли сулҳу субот ва оромӣ ва муҳимтар аз ҳама, бисту се қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Имрӯз мо ҷавонон бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон бахусус насли ҷавон мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.
Дар ин раванд қайд намудан ба маврид аст, ки ғояи ваҳдати милли барои мо ҷавонон мероси пурарзиши маънавии гузаштагонамон буда, гузаштагони мо ин арзиши муҳими инсониро эҷоду ташаккул додаанд ва ҳамчун ҷавҳари ҳастии инсон барои мо тарғибу васф кардаанд. Имрӯз ҳаёти ҷавонии мо хеле ширину рангин аст. Орзуҳои зебо дорем. Ҷавонӣ мекунем. Ҳаловати зиндагиро ба сар дорем. Ин ҳама дар фазои сулҳу ваҳдат ва амнияти миллӣ дастёб гардидааст. Сулҳу ваҳдат ва амнияти имрӯзаро барои мо офариданд ва барои офаридани он офарандагонаш ҷонбозиҳо намуда, аз баҳри ҷони худ гузаштанд. Яъне ба хотири пойдории давлат, ҳастии миллат ва хушбахтии мо ҷавонон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хираду кордонии азалӣ ва ҷонфидоӣ сулҳу ваҳдат офариданд. Мо хушбахтем. Вазифаи мо таҳким ва абадан пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат аст, то ки наслҳои ояндаи миллат низ мисли мо тавонанд хушбахт гарданд, ҷавонӣ кунанд. Миллат хушбахт гардад ва давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ монад. Ин рисолати мост. Асосгузори сулҳу ваҳдат, намунаи беҳтарини сулҳофариро ба ҷаҳониён манзур намуданд ва нишон доданд, ки фарзанди як миллат наметавонад душмани якдигар бошад, фарзанди як миллат бояд якдигарро бахшад, ягона бошад ва дастаҷамъона ватанашро обод созад. Инчунин исбот намуданд, ки тамоми кинаю адоват, душманию бадхоҳи, ҷангу низоъ ва зиддиятро бо заковати миллӣ бахшидану авф намудан ва таҳаммулпазирию гузашт кардан аз байн бурдан мумкин аст. Инро мо ҷавонон бояд омӯзем.
Ҳар як ҷавони бонангу номус бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар Ватани мо Тоҷикистон пояндаву ҷовидон бошад ва сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкорӣ дар кишвар фаъолона ширкат намояд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон
ва варзиши ноҳияи Айнӣ
Носирзода Наврузбой Оқилбой

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *