«ХИЁНАТ»-БОЗТОБИ ХИЁНАТҲОИ НАҲЗАТ

«ХИЁНАТ»-БОЗТОБИ ХИЁНАТҲОИ НАҲЗАТ


Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки дар шабакаи телевизионии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, хиёнати наҳзатиҳо ва тамоми ҳаммаслакони онҳо бозгӯ мешавад, ки ин боиси ибрати тамоми шахсони соҳибхирад ва ҷавонон мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки мо мардуми Тоҷикистон пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ мекунем. Ба мо ягон мазҳабу равияи наве, ки мақсадашон тафриқаву фитнаангезӣ бошад, лозим нест.
Вақте кас ба филми “Хиёнат” таваҷҷуҳ мекунад, нафраташ нисбат ба амалҳои ноҷавонмардона ва мунофиқонаи ин ташкилоти ба ном исломӣ, ки на гуфтору на рафторашон ба дини поки ислом иртиботе надорад, бештар мегардад.
Агар ин ташкилоти террористӣ-экстремисӣ зархарид ва дастпарвари хадамоти пасипардагии кишвари исломии ба мо маълум намебуд, аз куҷо ин қадар маблағҳо ба хазинаи ин ҳизби террористӣ ворид мегардид?
Саркардагони ташкилоти мазкур, ки худро ҳамчун пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар зоҳир нишон медоданд, агар хизматгорони равияи ғайр намебуданд, пас манбаи дастгирии молиявии онҳо аз куҷо сарчашма мегирифт?
Хушбахтона, дар гузашта низ дар ҳошияи филмҳои мустанаде ба фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аз забони муассисону саркардагонаш чун Айёмиддин Сатторов, Қиёмиддини Ғозӣ, Мулло Абдураҳим ва ғайра баҳои воқеӣ дода шуд. Барои ҳар инсони мусалмони ин ватани тинҷу ором, он қадар амалҳои террористӣ ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ. аз сӯи наҳзатиён, аз ҷумла қатли сарбозон дар водии Рашт (дараи Камароб) гуноҳест, нобахшиданӣ.
Ҳар инсони худшинос вақте ки филми «Хиёнат» — ро тамошо намояд, ба ҷуз лаънат ва нафрат нисбат ба саркардагони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом чизи дигаре ба ёдаш намеорад.
Роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, ки дар интихобот муваффақ нагардиданд, нақшаҳои табаддулоти давлатиро пеш гирифтанд, вале Худованд, ки аз нияти ифлосашон огоҳ буд, онҳоро ба мақсади нопокашон нарасонид.
Ба мо тоҷикистониён лозим аст, ки фирефтаи ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ нагардида, аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат, алалхусус гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки “Тоҷикистон мазҳаби худ ва пири худро дорад, он ҳам Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит мебошад”, ҷонибдорӣ намуда, илму маърифат омӯхта, тавассути он Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари мутараққӣ ва ободу зебо табдил гардонем.

И.Музаффарӣ https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=967479230342828&id=100012422796620

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *