КАБИРӢ ВА ҲИЛЛАҲОИ ХИЁНАТКОРОНАИ НАВБАТИИ Ӯ

КАБИРӢ ВА ҲИЛЛАҲОИ ХИЁНАТКОРОНАИ НАВБАТИИ Ӯ

Навори хиёнаткоронаи хоини миллат Муҳиддин Кабирии фиребгар, ки шаби гузашта аз шабакаҳои иҷтимоии фейзбук пахш гардид, андешаҳоям нисбати калимаҳое чун: хиёнат, хоин, хиёнатгар, хиёнаткорӣ, хиёнатпеша ва синонимҳои он нагузоштанд, ки нисбати дигар мавзӯъ фикр кунам. Худ ба худ савол додам,  ки хиёнат чисту хиёнаткор кисту хоин чӣ гуна шахс аст?

Нахуст ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ» муроҷиат кардам ва дарёфтам, ки калимаи хиёнат ва синонимҳояш арабӣ (خیانت) буда, маъноҳояшон нақзи аҳду паймон, аҳдшиканӣ, хиёнат бар амонати мол ё чизи барои нигоҳдорӣ супурдашударо дуруст нигоҳ надоштан, хиёнат кардан нисбат ба касе, ё вазифае, ё ВАТАНИ худ, бевафоӣ ва аҳдшиканӣ кардан, фурӯхтани манфиатҳои ВАТАН ва мамлакат ба душман мебошад. Аз ин маъноҳои «дурушт» хулоса баровардан мумкин аст, ки бадбахттарин ва бераҳмтарин инсон касест, ки бар ВАТАНУ МИЛЛАТИ хеш хиёнат мекунад. Хиёнат чун заҳрпечаке ҳаст, ки на танҳо соҳибашро, балки ҷомеаро вайрон мекунад.

Хоинон  дӯст, рафиқ, ҳамроз, падару модар, хоҳар, бародар, дин, урфу одат, миллат, давлат ва Худо надоранд. Онҳо ваҳшие беш нестанд.

Муҳиддин Кабирӣ – аз зумраи чунин хоинони миллат ва террористи №1- и Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, миллати тоҷик амалҳои террористӣ, кирдорҳои ғайриинсонӣ ва андешаҳои пучу бемаънии ӯро қотеъона маҳкум менамоянд.

Аз суханрониҳои ин хоини миллат бардошт намудан мумкин аст, ки ҳеҷ гоҳ аз оғози соҳибистиқлолии кишвар наҳзатиҳои терорист ва  хунхор пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарифи онро ҳеҷ гоҳ намехостанд ва барои ба вуҷуд овардани низоъҳои гунонгун ва билохира ҷанги хонумонсуз даст заданд.

Аз баромади ин бешараф маълум аст, ки ин хоин алакай миллати тоҷикро ба гуруҳҳо тақсим намуда, хостан ва ё нахостани ҳокимияти имрӯзаро бо нигоҳи ғаразонаи худ рабт ва ё баҳогузорӣ намуда истодааст.

Аз суханрониаш  пай бурдам, ки  ин ватанфурӯши аблаҳ  худашро гуё рӯшанфикр ва ё ягон авлиё эътироф намуда, тамоми табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла рӯшанфикрон, зиёиён, омӯзгорон, табибон, соҳибкорон, ҷавонон ва дигар қишри фаъоли ҷомеаи  тоҷикро,  ки имрӯз дар фикри созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд, таҳқир менамояд.

Дар таҳлилҳои беасоси ин бозингари фиребгари мухолифини сиёсӣ ягон сухани рост дида намешавад ва мардуми шарифи Тоҷикистон худ алакай пай бурдаанд, ки ширинии шакар аз шӯрии намак фарқ дорад.

 Як чизро қайд намудан ҷоиз аст, ки гуфтани дурӯғ, буҳтон, хиёнат ба Ватан маротибаи аввал мушкил аст, аммо вақте ки аз «имтиҳони» аввал гузаштӣ, тамом. Ҳама гуна дурӯғ аз манфиатҷӯйӣ сарчашма мегирад. Файласуфи Юнони қадим Арасту ба ин мавзӯъ хеле хуб таъкид намудааст: «Дурӯғ – таҳрифи ҳақиқати ҳол бо мақсади фиреб кардани нафаре ва ё ҷумлаи мардумон аст, ба қасди ғараз. Ба ҳамин хотир дуруғгӯён ва фиребкорони имрӯза маъбуди худро доранд, ки таҷассумгар ва тимсоли онҳо шайтон — аз образҳои китобҳои муқаддас мебошад.

Чунон ки дар фолклор мегӯянд: «Гадо, ки аз як дар гузашт, шарми рӯяш мепарад». Чӣ расад ба гурӯҳи одамоне, ки фаҳшро мояи зиндагии хеш кардаанд. Оё мо дидаем, ки дузд, авбош, хоин, зани сабукпо ва амсоли ин тоифа боре ҳам аз рафтори хеш эҳсоси хиҷолат карда бошанд ва агар карда бошанд ҳам, ҳеҷ вақт бовар накун, зеро касе, ки як бор фурӯхта мешавад, имкони чандин бор хариду фурӯшро дорад. Чунки ин аъмол барои онҳо аллакай касаба, воситаи рӯзгузаронӣ ва шуҳраталабӣ шудааст. 

Ҳамчун як ҷавон эътироф мекунам, ки  ту ҳам Кабирии лаин алакай фурӯхта шудаӣ ва барои тарси ҷони худат ба худ мухолифини сиёсӣ гирифтаӣ ва аз хоҷагони хориҷиат даромад мегирӣ ва мисли як ҳайвон «хар» дар болоят зин баста савор шудаандат.

Пешгирӣ кардан аз ақидаҳои ифротгароию тундгароии ин хоинони ватанфурӯш яке аз омилҳои муҳими ҳифзи миллат, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суббот ва рушди кишвари азизамон мебошад.

Амедулло Амиров –

корбари шабакаи иҷтимоӣ аз вилояти Хатлон

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА

МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *