МАСҶИДҲО КУШОДА ШУДАНД, АММО ДАҲОНИ НАҲЗАТИЁН БАСТА НАШУД. ЧАРО?

МАСҶИДҲО КУШОДА ШУДАНД, АММО ДАҲОНИ НАҲЗАТИЁН БАСТА НАШУД. ЧАРО?

ВОКУНИШ: Масъалаи дар давраи пандемияи коронавирус қатъ шудани фаъолияти масҷидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарҳои гуногунро ба бор овард. Хусусан, ба истилоҳ мухолифини наҳзатӣ дар атрофи ин масъалаи ҳассос моҳҳо иғвоандозӣ карда, хостанд, ки бо истифода аз эҳсосоти динии мардум афкори ҷомеаро ба инҳироф кашанд. Аммо ҷолибтар ин аст, ки бо вуҷуди аз 1-уми феврал кушода шудани масҷидҳо, даҳони наҳзатиён баста нашуда, иғвою фитнаҳои онҳо дар ин масъала давом ёфта истодааст.Мушоҳидаи мавқеъ ва рафтори ин гурӯҳи ифротӣ дар ҳамин масъалаи мушаххас, яъне мавзӯи бастану кушодани масҷидҳо, як силсила ҳақиқатҳо ва моҳияти асосии ин гурӯҳро пурра нишон медиҳад:1.Пандемияи каронавирус ҷашн барои наҳзатиҳо: Мушоҳидаи рафтору гуфтори роҳбарияти ин гурӯҳи ифротӣ нишон медиҳад, ки онҳо умуман омадани бемории каронавирусро ҳамчун фурсати ғанимат истифода намуда, дар ин давра ҳуҷумҳои худро ба ҳукумат ва миллат чанд баробар афзоиш доданд. Онҳо аввал масъалаи гӯё пинҳон дошта шудани ин беморӣ, баъдан масъалаҳои гӯё набудани ҷой дар бемористонҳо, нарасидани доруворӣ ва воситаҳои антисептикӣ, нодуруст будани омори фавтидагон, вазъияти иқтисодию иҷтимоии вобаста ба давраи пандемия ва ғайраро ба роҳҳои иғвоангез шарҳ дода, хостанд, ки дар ин давраи ҳассос бо эҳсосоти мардум бозӣ кунанд ва фоидаи сиёсӣ ба даст оранд. Онҳо ҳатто дар чунин давраи барои давлату миллат мураккаб дар пайи манфиати сиёсии худ шуда, мардумро рӯирост ба бетартибӣ ё эътироз ё ба қавли худашон, қиём даъват карданд. Хушбахтона, сухани онҳо миёни мардум харидоре надорад. Ба ибораи дигар, ин бадбахтӣ ва фоҷеаи инсонҳо барои мухолифону наҳзатиён ба як ҷашн табдил шуд. Зеро агар вазъият мураккабтар бошад, масъалаҳо ҳасостар бошанд, онҳо имконияти бештари таблиғоту фитна хоҳанд дошт. 2.Масҷид — баҳони таблиғотии наҳзатиёни бенамоз: Масъалаи дигаре ки дар давраи пандемияи каронавирус наҳзатиён рӯи он холи сиёсӣ гирифтанӣ шуданд, мавзӯи масҷидҳо буд. Тавре маълум аст, бо паҳн шудани ин беморӣ ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо каронавирус фаъолияти муассисаҳои хидмати маишӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии серодамро маҳдуд карда, баргузории ҷамъомадҳоро ба танзим даровард. Мақсади ягонаи ин чораҳо пешгирии паҳн шудани бемории хатарнок ва ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти мардуми кишвар буд. Ин чораҳо дар тамоми ҷаҳон гузашта истодаанд ва доираҳои солим онро бо ақли солим мефаҳманд. Баробари ба эътидол омадани вазъият, бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолияти муассисаҳои мазкур қадам ба қадам иҷозат дода шуд ва ҳоло аксаран ба фаъолияти оддии худ баргаштанд. Аммо наҳзатиён ин мавзуъро махсусан интихоб намуда, ҳар рӯз дар бораи он барномаю фитна мекоштанд ва ба хотири наҷоти ҷони мардум муваққатан дар масҷид баргузор нашудани намозҳоро гуё «мухолифати ҳукумат бо дин» ҷилва доданӣ мешуданд. Онҳо бешармона ва аблаҳона савол мегузоштанд, ки чаро фаъолияти «дискоклубҳо» иҷозат шуданду масҷидҳо не? Онҳо ҳатто оддитарин қоидаи замони пандемияро донистан намехоҳанд, ки меъёри асосии маҳдудсозии ин ё он ҷой ҷамъшавии теъдоди одамон аст. Масҷид бошад, калонтарин ҷойи ҷамъшавӣ ва истодани одамон мебошад. Масалан, агар дар ҳамон «дискоклуб»-и гуфтаи наҳзатиҳо дар як вақт 50 кас ҷамъ оянд, дар як намози ҷумъа дар масҷид ҳазорон нафар ҷамъ шуда, соате дар як толор паҳлӯи ҳамдигар меистанд. Дар намози ҷумъаи масҷиди марказӣ шояд даҳ ҳазор нафар ҷамъ шавад. Бинобар ин, агар дар масҷид ҳодисаи сироятшавӣ аз ҳамдигар пеш ояд, он бо суръати ҳазорон баробар бештар аз як сартарошхона, тарабхона ё «дискоклуб» паҳн мешавад. Маҳз бо ҳамин мантиқ, кори масҷидҳо то пурра ба эътидол омадани вазъияти эпидемологӣ маҳдуд буд. Имрӯз, ки бо тадбирҳои роҳбарияти кишвар ва талошҳои табибони мо ин беморӣ дар Тоҷикистон ба нестӣ расидааст, акнун дари масҷидҳо боз шуд ва хоҳишмандон озодона машғули ибодати худ мебошад. Аммо маълум аст, ки наҳзатиҳо аз ин хел сурат гирифтани кор хеле нороҳатанд, зеро яке аз мавзуъҳои сербинандаю серхолро аз даст доданд. Зеро ин мавзуъ барои онҳо на аз назари динӣ, балки маҳз барои имтиёзи сиёсӣ муҳим буд. 3.Наҳзатиҳо худашон масҷид намераванд: Дар ин давра маълум гашт, ки барои мухолифони наҳзатӣ ягон муқаддасот вуҷуд надорад. Онҳо рӯирост фаъолияти масҷидҳоро бо «дискоклубҳо» баробар карда, ҳамеша саволи дӯстдоштаашон ин буд, ки чаро ин иҷозат шуду масҷид не? Сабабашро дар боло гуфтем. Аммо ҷолиб ин аст, ки чаро наҳзатиён масҷидҳоро ҳамеша бо клубҳои шабона ва дискотекаҳо ё ба қавли худашон «фаҳшхонаҳо» муқоиса мекунанд? Магар онҳо аҳли дискотека ҳастанд, ки фаъолияти онҳоро ба чунин ҷузъиёт баён карда, онро бо масҷид муқоиса мекунанд? Умуман, ин муқоиса аз назари ахлоқӣ ҳам хеле зишт аст, аммо мазҳаби наҳзатиҳо ин беахлоқиро иҷозат медиҳад.Дигар ин, ки онҳо ҳамчун гурӯҳи сиёсӣ динро бо мақсадҳои сиёсӣ барои расидан ба қудрат истифода мебаранд, аммо дар асл худашон дар зиндагии шахсӣ на аҳли намозанд ва на аҳли масҷид. Маълумотҳои фаровон мавҷуданд, ки аксари наҳзатиён ва махсусан, фарзандони онҳо рӯзи дароз дар шабакаҳо «ислом, ислом» мегӯянду аммо худашон умуман намоз намехонанд ва ба корҳои фаҳшу беахлоқӣ машғуланд. Ҳамчунин, солҳои охир дар расонаҳо даҳҳо маводи нишондиҳандаи зиндагии ғайриахлоқӣ ва ғайриисломии роҳбарону фаъолони ин гурӯҳи ба ном «исломӣ» фош шудааст, ки умуман ба ислом ягон робита надоштани ин гурӯҳро нишон медиҳад. Бинобар ин, исрори наҳзатиҳо ба «фаъолияти масҷидҳо» аз исломдӯстии онҳо нест, балки бозӣ бо эҳсосоти мардуми мусулмони кишвар ва мақсади сирфан сиёсӣ аст.Тартиби муайян доштани иҷозат шудани фаъолияти муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз тарафи ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо каронавирус имрӯз ҳам риоят мешавад. Агар ба он нигарем, дурӯғи маҳз будани даъвои наҳзатиён дар бораи гӯё аз ҳама охир кушода шудани масҷидҳо исбот мешавад. Зеро ҳанӯз ҳам иштироки оммавии мухлисон дар майдонҳои футбол, баргузории ҷашнҳои оммавӣ, баргузории тӯйҳо бо иштироки беш аз 40 нафар ва дигар чорабиниҳои оммавӣ иҷозат дода нашудааст. Оё инро наҳзатиён «мухолиф будани ҳукумат» бо варзиш ё бо тӯй шарҳ медода бошанд? 4.Чаро даҳони наҳзатиҳо баста нашуд? Тавре эълон шуд, баъди ба эътидол омадани ваъияти эпидемологии икшвар, бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ аз 1-уми феврал ба фаъолияти масҷидҳо иҷозат дода шуд. Гӯё масъала тамом ва ҷамъбаст гашт. Аммо тавре гуфтем, наҳзатиён аз ин ки чунин мавзӯи муфтро аз даст додаанд, хеле нороҳатанд. Бинобар ин, акнун ин масъаларо ба таври дигар тоб дода, иғвои наверо оғоз кардаанд. Ин сиёсати нопоки онҳоро дар ду масъалаи мушаххас дидан мумкин аст:Якум, наҳзатиён акнун ба мавзӯи риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар масҷидҳо часпидаанд. Онҳо ба ҷойи истиқбол кардани таъкиди ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи зарурати риояти ин меъёрҳо дар масҷидҳо, онро ба таври муғризона шарҳ медиҳанд, ки акнун чаро дар «дискотека» ниқоб ҳатмӣ набудасту дар масҷид ҳатмист? (Бозҳам «дискотека», меъёр ва мавзӯи муқоисаи ба ном исломиён!) Онҳо бо бемасъулиятӣ талаботи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиуфунӣ дар масҷидҳоро «таҳдиди ҳукумат ба масҷидҳо» номида, боз бо эҳсосоти динии мардум бозӣ мекунанд. Ин ҳолатҳо умуман, доираи солимфикр будани онҳоро зери савол мебарад? Магар онҳо дарк намекунанд, ки агар беморӣ дубора паҳн шавад, ҷони ҳазорон ҳамватани мо дар хатар меафтад? Магар барои онҳо як холи сиёсӣ гирифтан болотар аз ҷони мардум аст? Магар онҳо намебинанд, ки дар ҳамон кишварҳои аврупоие, ки худашон паноҳ бурдаанд, ҳануз ҳам дарси мактабу донишгоҳҳо фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Магар бо меъёри наҳзатиҳо, ин давлатҳо, ки барои наҷоти мардумашон чунин чораҳо мебинанд, давлатҳои «зидди илманд»? Дуюм, акнун ифротгароён «дар масъалаи масҷидҳо» баҳонаи тамоман нави эродгирӣ ва фитнаро ёфтанд, ки чаро дар масҷидҳо хатибон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ мекунанд? Ин танқиди наҳзатиҳо ҳам пурра як мавқеи ғайриисломӣ ва нишонаи бехабарии онҳо аз дину мазҳаби мусулмонони тоҷик аст. Зеро аз давраи аввали ислом ҳамавақт дар ҳамаи хутбаҳои намози ҷумъа дар канори мавъизаи динӣ, хатибон дар бораи вазъияти кишвар ва масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа ба мардум андаке маълумот дода, онҳоро ба самти дуруст ҳидоят мекарданд. Дар тамоми давраҳои таърихи ислом дар хутбаи намози ҷумъа зикр шудани номи роҳбари давлат на танҳо ихтиёрӣ, балки ҳатмӣ буд ва муаррифии баъзе фармонҳои муҳими оммавии ӯ як амри маъмул ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, агар имом-хатибе бо чанд ҷумла мардумро ба Паёми роҳбари давлат ошно кунад ва ё дар бораи талаботи ҳукумат ба риояи меъёрҳои санитарию эпидемологӣ суҳбат кунад, ин ҳаргиз хилофи талаботи ислом ё мухолифи суннати хутбаи намози ҷумъа нест. Балки баръакс, суннати хутбаи ҷумъа дар мазҳаби аҳли суннат ҳамеша ин бахшро дар бар мегирад. Яъне, бо кушода шудани масҷидҳо, акнун наҳзатиён аз мавзӯъ маҳрум монда, ба ин масъалаҳои нав часпидаанд ва мехоҳанд боз ҳам марудмро ба гумроҳӣ баранд. 5.Мақсади ифротгароён танҳо фитна ва низоъ аст. Хулоса, агар тамоми фаъолият ва мавқегириҳои наҳзатиҳо дар давраи пандемияи каронавирусро таҳлил кунем, як ҳақиқати бебаҳс ошкор мешавад: мақсади ин гурӯҳ фақат фитна ва низоъ аст. Барои онҳо на ислом лозиму на дину на масҷид, балки фақат мавзӯъ лозим аст, фоҷеа лозим аст, то онҳо фитнаро идома диҳанд. Махсусан, масъалаи масҷидҳо ин ҳақиқатро пурра исбот намуд. Аммо муҳимтар аз инҳо, муносибати наҳзатиён бо буҳрони каронавирус ва вазъияти кишвар ин ҳақиқати бузургтарро исбот мекунад, ки ин гурӯҳ на гурӯҳи динӣ, балки як гурӯҳи комилан сиёсӣ буда, мақсади он фақат гумроҳ кардани мардум, халалдор кардани суботу оромии кишвар, заиф кардани ҳукумат ва дар натиҷа, расидан ба қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад. Яъне мақсади асосӣ, ғояи фаъолият, дин ва мазҳаби ифротгароёни наҳзатӣ фақат қудрат ва ҳокимияти сиёсист. Бинобар ин, бояд ҷомеаи мо фиреби исломгӯйӣ ва исломбозии ин гурӯҳи сиёсиро нахӯрда, ба доми онҳо гирифтор нашавад. Зеро таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки онҳо ба ҷуз фоҷеа ва хунрезӣ, ба сари давлат ва мардуми мо чизи дигаре оварда наметавонанд. Фаҳмидан ва ба мардум фаҳмондани ин ҳақиқат вазифаи ҳар шахси огоҳ ва ватандӯсти кишвар мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *