ФАЪОЛИЯТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТИИ НАВНАҲЗАТИҲО ДАР ХОРИҶА

ФАЪОЛИЯТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТИИ НАВНАҲЗАТИҲО ДАР ХОРИҶА

Таи чанд сол аст, ки ТЭТ Ҳизби наҳзат дар миқёси умумибашарӣ ҳамчун ҳаракати моҳияти террористӣ ва экстремистӣ дошта маъмул шуда бошад ҳам, то ҳол ба созмонҳо ва конфронсҳои хориҷӣ роҳ ёфта ба аввомфиребӣ машғул ҳастанд. Фаъолияти ин ҳизби террорӣ, ки бар сари халқи тоҷик роҳи ҷанги бародаркуширо кушода ба офатҳои зиёде дар ҷомеа сабаб шудааст, то ҳол ором нашудаанд ва кори нопоки хешро дар хориҷа идома дода истодаанд.

Садои гӯшхароши онҳо дар наворҳои характери экстримистӣ дошта, ки дар шабакаҳои интернетӣ нашр мешаванд, ба дили ҳама задааст. Ҳайратовар аст, ки чи тавр онҳо ба чашми аҳли башар хок пошида истодаанд ва боз дарёфт мешаванд онхое, ки ин афродҳоро ба қатори худ роҳ медиҳанд. Баромадҳои ин ашхос дар конфронсу кӯчаҳои Аврупо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо амалҳо ва суханҳои пучу бемаъно то ҳадде хандаовар ва гӯшхарош аст, ки дилхоҳ одам онҳоро тамошо бикунад ҳатман мегӯяд инҳо бояд дар ягон сирк ҳамчун сиркач ба кор дароянд. Бисёриҳоро шояд ҳам нафраташон аз тамошои ин террористон. Дар асл наворҳояшонро бе ягон далел ва факт омода месозанд. Аз бесаводӣ ҳарчи дар даҳонашон ояд онро мегӯянд.

Дар ҳақиқат софизми наҳзатиён то ба дараҷае расидааст, ки сафедро сиёҳ кардан, сиёҳро сафед намудан, некро бад нишон додан ва бадро некном кардан, маҳорат пайдо карданд. Фаъолияти навнаҳзатиён шаҳодат медиҳад, ки онҳо аз мақсадҳои ғаразноки худ даст кашидани нестанд, балки бо ҳар роҳ хокимияти давлатро рабудан, сиёсати пешбарандаи Пешвои миллатро бадном кардан, ваҳдати миллиро пароканда намудан ва бар ивази он давлати исломии наҳзатиро барпо карданӣ ҳастанд.

Ҳар фарди бо шуури кишвар дуруст дарк мекунад, ки халқи тоҷиқ бо чи машақатҳои зиёде Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати сар то сариро ба даст овард. Ва инро ҳам дуруст пай мебарад, ки имрӯзҳо ҳарчанд ташкилоту ҳаракатҳои терористӣ-экстримистӣ, аз қабили ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ, «Гурӯҳи экстримистии 24» ва бо ном майда ташкилотчаҳои тобеъи наҳазатиҳо кӯшиши аз байн бурдани ваҳдат ва сулҳу салоҳи миллати тоҷикро доранд, аммо ҳеҷ чиз аз дасташон намеоянд. Бо инкор баръакс сари худро хӯрданашон наздик аст. Ду аблаҳ ба давлат гуё ҷанг эълон кардаанд…

Халқи тоҷик бо сарварии сиёсати пешбарандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият ба дастовардҳои бузург мушарраф гардидааст. Тоҷикистониён сиёсати пешбарандаи Сарвари давлатро хуб дарк мекунанд, бо ақли солим ва заковати худ мефаҳманд ва ба ояндаи дурахшони миллат ва давлати тоҷик бо роҳбари оқилу доно, эътиқоди комил доранд.

Муқовимати навнаҳзатиёни ифротӣ зидди сиёсати давлат ва миллати озодихоҳи тоҷик равона карда шуда, бо ҳар роҳ мехоҳанд давлати дунявӣ-демократии тоҷикро ба давлати исломии мисли афғонистони имрӯза табдил диҳанд. Дасту даҳони хар як наҳзатӣ ба хуни тоҷикони бегуноҳ олуда аст. Таърихи доғдори ТЭТ ҳизби наҳзат бо ҳарфи бардурӯғ сафед нахоҳад шуд ва инро навнаҳзатиён хуб медонанд, лек аз амалҳои нопок даст намекашанд. Аз ин сабаб, ҳизби наҳзатӣ террористӣ ҳеҷ гоҳ бо идеологияи хунини худ ба миллат ва давлати тоҷик дӯст нахоҳад шуд.

Миллати бо нангу номуси тоҷик ақли солими хеш гум накардааст, ки ба доми ин афродҳо афтад. Инро дигар ҳама медонанд, ки барои наҳзатиёни фурӯхташудаи террорист Ватан, миллат, дину мазҳаб дигар аҳамият надоранд ва дар муддати фаъолияти худ чун душмани миллати тоҷик баромад кардаанд. Имрӯз наҳзатиёни бо роҳҳои экстремистӣ дини исломро ҳамчун восита барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразноки худ истифода бурда истодаанд. Муллоҳои чаласаводи навнаҳзатӣ дар созмонҳои байналмиллалии хориҷӣ шаъну шарафи халқи миллати тоҷикро паст заданд. Халқи асили тоҷик аз чунин ашхосон бояд дурӣ ҷӯяд, ба гирдоби макру фиреби онон гирифтор нашавад ва бар зидди аъзоёни ҳизби наҳзат муборизаи оштинопазирро идома диҳад.

Суҳроби Рустам

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *