Ҷанги иттилоотии хоинон ва COVID — 19

Ҷанги иттилоотии хоинон ва COVID — 19

Ҷаҳони иттилоотӣ имрӯзҳо хеле рушд ёфтааст. Баъди ҳодисаҳои солҳои 1992-ум аз расонаҳои гуногуни хабарии интернет маълумотҳое дар ин бора бардурӯғ ба зарарӣ мардум ифшо мегардад. То ҳанӯз инсонҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо суханҳои бардурӯғу беасоси хеш байни мардум воҳимаю низоъ ангезанд.Чунин нафарони ношукр худ фирефтаи доми нокасон гашта, ҳаракат доранд, ки оромии дар кишвар мавҷударо халалдор намуда дар байни мардум тухми кинаю адоватро паҳн созанд. Ҳама медонанду медонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои пешгирии бемории ҷаҳонии COVID -19 (пандемия), ки яке аз вабоҳои аср ҳисобида шуда, тахмин меравад, ки аз ҷумлаи кирдорҳои террористиву экстремистӣ аст, тамоми чораҳоро меандешад. Аммо нохалафон, бадбинон ношукрбандагон аз ин мушкилии ҷаҳонӣ истифода бурда барои нафсу барои ҷайби худ пинҳонию озод корҳои нохалафона анҷом дода истодаанд.Мардуми мо аз азал сабур, сахткӯш, сарбаланд ва босавод ҳастанд. Имрӯз ки ин бемори дар ҷаҳон паҳн гардидааст, моро низ мебояд аз олимону сардорони ватандӯсту ботақво истифода намоем, то аз балои ба сар омада наҷот ёбем. Барои пешгирии ин маризӣ пайваста андешаҳои мутахассисони соҳаи илмро бояд истифода бурд.Набояд ба дасисаҳо дода шавем, хосса, ба эҳсосот! Мо ба ҳар ҳол мардуми бонангу номус ва заҳматпеша ҳастем. Иғво ва фитна андохтан байни мардум ҳаргиз инсонро ба мақсуд намерасонад ва дини ислом ҳам, пеш аз ҳама ваҳдат, меҳрубониву якдигарфаҳмӣ ва якдилиро эътироф менамояд.Чуноне, ки гуфта гузаштем, баъзе ашхос сиёсати Њукуматро ба мақсадҳои баду худбинонаи худ ташвиқ карда, дигаронро низ бо камоли бесаводии худро нишон додан дунболи худ бурда ба бало гирифтор менамояд.Дар ҳар ҳодиса ва воқеа ҳатман ду ҷиҳати фаҳмиш ҳаст. Тарафи хуб ва бад, ва ё манфиатбахш ё зиёновар. Барои ҳамин набояд масъалаеро якҷиҳата фаҳмид. Имрӯз сиёсати Њукумати мамлакат бо Қарору Қонунҳои нав бесабабу беасос нест.Сирояти коронавирус дар Тоҷикистон аз охирҳои моҳи апрел сар шуда то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд. Ин дар ҳолест, ки нишонаҳои пайдо шуданиCOVID-19 дар Тоҷикистон ҳанӯз охирҳои моҳи март зоҳир гаштааст. Бо эҳтимоли зиёд нахустин марг31 март ва1 апрел рӯх додааст.Дар оғоз Тоҷикистон тадбирҳои муҳимеро ҷорӣ намуда, аз ҷумла парвозҳоро тариқи тайёра аз хориҷ ва баръаксро қатъ намуд. Таҳкими назорат дар марзҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Узбекистон, инчунин манъи вуруди хориҷиён ба кишвар дар нимаи дувуми апрел ҷорӣ гашт.Дар як баромади худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз гирифтор шудани»садҳо» нафар ба ин беморӣ ёд кард, дар ҳоле ки ин зери шубҳаи коршиносон буд.Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар кишвар то рӯзи7-уми май олудашавӣ ба ин вирус ба461 нафар сироят шуда аз ин миён12 нафар фавтидаанд.Инчунин дар яке аз баромадҳояш Президенти Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон гуфт, ки: «Мо барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар карда, табибон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии бо ин мақсад махсусгардонидашуда ба табобати шахсони бемор шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳар яки онҳо сипосу миннатдорӣ баён менамоям.»Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои нек ва оромбахш имрӯз як гурӯҳ мардуми ноаҳл, ки дар дил танҳо ҳубби ҷоҳ (ба даст овардани мансаб) мепарваранд халқи тоҷикро ором намегузоранд ва дар кишварҳои бегона худро бо хориву залилӣ андохта, паноҳ меҷӯянд ва аз ин кишварҳо ба сӯи Ватани хеш санг меандозанд. Чунин ашхоси пастфитрат як замоне дар байни мардум фитна ангехта, кишвари азизро ба хоку хун кашиданд. Имрӯз бори дигар мехоҳанд мардуми осударо ноором намуда, ба ин васила боз чанд рӯзаке дар ҳаёти худ айш ронанд.“Паймони миллӣ” аз хориҷ дар тамоми паҳлуҳо мубориза бурда истода, худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда истода бегуноҳии худро нишон дода истодааст. Агар мо ба фаъолияти онҳо назар андозем, мебинем, ки намояндагони он танҳо ба хотири ба даст овардани пул ва сарват бо баъзе кишварҳо муносибат намуда, худро ба онҳо дӯст нишон медиҳанд. Намояндагони дар хориҷбудаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, махсусан ТЭТ ҲНИ бо ақидаҳои барои мардуми Тоҷикистон бегона то ҳанӯз дар атрофи онҳо чархида гаштаанд, ки пуштибоне дошта бошанд. Чуноне ки Саъдӣ Шерозӣ гуфтааст:Эӣ хоҷа чаро дар ин ҷаҳон бехабарӣ,Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ!Сармояи ту дар ин ҷаҳон як кафан аст,Он ҳам ба гумон аст, ки барӣ ё набарӣ!Хулоса, ҷиҳати аз байн бурдани терроризм бояд тамоми роҳу равиши дар пешгирифтаи ҷараёнҳои ифротӣ омӯхта шуда, барномаҳои онҳо муайян карда шавад, то он ки мубориза бар зидди онҳо дуруст ва пурзӯр роҳандозӣ гардад.

Каримов Иноятулло, устоди кафедраи “Улуми Қуръон ва ҳадис”-и ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *