ҚОНУН БАРОИ ҲАМА БАРОБАР ВА РИОЯИ ОН МАСЪУЛИЯТИ БАЙНИҲАМДИГАРИИ ДАВЛАТ ВА ШАҲРВАНД АСТ! (ХИТОБ БА ПИРМУҲАММАДЗОДА)

ҚОНУН БАРОИ ҲАМА БАРОБАР ВА РИОЯИ ОН  МАСЪУЛИЯТИ БАЙНИҲАМДИГАРИИ ДАВЛАТ ВА ШАҲРВАНД АСТ! (ХИТОБ БА ПИРМУҲАММАДЗОДА)

АНДЕША: Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро, ки дар он ронандае дар хусуси пайдо шудани низоъ миёни ӯ ва корманди БДА шикоят мекунад, тамошо кардам. Ҳангоми тамошо ва диққат додан ба суханҳои ронанда хуб эҳсос мешуд, ки барои ӯ муҳим он ҳуҷҷатҳо набуда, мақсаду ҳадафи аслиаш ин паст кардани эътимоду боварии мардум нисбати Ҳукумати кишвар ва Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳоло биёед каме дар бораи кишвари азизамон ҳарф занем. Мо ҳама хуб медонем, ки дар дунёи мутамаддин чӣ дигаргуниҳои зиёде ба вуқуъ пайваста истодааст. Ба мисоли пандемияи КОВИД-19, ки тавонист тамоми кишварҳои ҷаҳонро ба зону афтонад. Аммо мардуми Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии ана ҳамин марди хирад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам мавҷи аввал ва ҳам мавҷи дуюми бемориро муътадил аз сар гузаронид, ки ин таҷриба дар қиёс ба дигар давлатҳои ҷаҳон яке аз таҷрибаи беҳтарин арзёбӣ гардидааст. Ин магар муваффақият нест? Албатта, ин хизмати таърихии Пешвои муаззами миллат аст. Акнун дар мавриди пайдо шудани низоъ миёни тую кормандони БДА гуфтаниям, ки миёни ҳуқуқшиносон як мафҳуми бисёр ҷолиб мавҷуд аст, ки мо дар таҷриба истифода менамоем: «Ҳар он чизе, ки қонун манъ накардааст, равост!» Пас, имрӯз агар кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз болои назорати иҷроиши қонунҳо кор набаранд, вазъият чӣ гуна мешавад? Албатта вазъият бадтар мешаваду беҳтар не! Агар тамоми ҳуҷҷатҳои шумо ҷо ба ҷо мебуду мувофиқи қонунгузорӣ мешуд, яқинан медонам, ки ҳеҷ мушкиле бароятон намеафтод. Шумо бояд дар хотир дошта бошед, ки мо ҳама дар назди ҚОНУН баробарем, ҷавобгарию масъулияти мо баробар аст. Ин яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин рӯ, ба Пирмуҳаммадзода тавсия медиҳам, ки ба ҷойи иғвою дасисаҳои беасос ҳуҷҷатҳо ва фаъолияташро расмию қонунӣ кунад. Дар ин ҳолат ҳеҷ мушкиле барояш пеш нахоҳад омад.

ХУСРАВ БОБОБЕКОВ, намояндаи ҷомеи шаҳрвандӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *