АБДУСАТТОР ПИРМУҲАМАДЗОДА. ҲАДАФ ВА МОҲИЯТИ АСОСИИ ҶАЗОИ МАЪМУРӢ

АБДУСАТТОР ПИРМУҲАМАДЗОДА. ҲАДАФ ВА МОҲИЯТИ АСОСИИ ҶАЗОИ МАЪМУРӢ

ТАҲЛИЛ. Чанде пеш муроҷиати видеоии як таксист бо номи Абдусаттор Пирмаҳмадзода оиди баланд будани ҷаримаҳо ва набудани ҷойи кор шикоят карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ба қавле дастаке барои ташкилотҳои террористӣ экстримистӣ ва ВАО ғайридавлатӣ ва дигар манфиатҷуён шуд.

Хостем андешае чанд атрофи ин мавзуъ иброз намоем. Аслан мо дар ҷомеи демократӣ ва ҳуқубунёд зиндагӣ мекунем, ки  дар он давлат озодии баёнро барои шаҳрвандонаш кафолат додааст. Аз ин лиҳоз, ҳар шаҳрванд метавонад фикру андешаҳояшро ва дигар мушкилоташро озодона баён намояд. Абдусаттор Пирмаҳмадзода низ ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар андешаҳояшро озодона баён намудааст, ҳарчанд, ки ғайриқонунӣ ба таксиронӣ машғул шудааст.

Дар ин кор ҳеҷ ҷойи шуру вал-вала андохтан ва бе иҷозати шахси мазкур дар бораи вай хабарҳои бардурӯғро паҳн кардан лозим нест. Аммо баъзе ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилоти террористӣ-экстримистии ба ҳамаи мо маълум – ҳизби наҳзати исломӣ ва дастгоҳи таблиғотиву идеологии Амрико – радиои “Озодӣ” навори мазкурро ба манфиати худ истифода бурда чунон обу тоб дода матлабҳои пурсару садоеро омода карда ва дар шабакаҳои таблиғотии худ пахш намуданд, ки “гуё” замин ба осмон расида бошад. Расонаҳои таблиғотии террористони наҳзатӣ хабарҳоеро пахш намуданд, ки гуё Абдусаттор Пирмаҳмадзодаро мақомоти марбутаи давлатӣ зиндон карда, мавриди лату куб қарор дода бошанд. Онҳо аз ин овозаи бардурӯғ ҳангомаю вал-вала сохта, ба амалисозии нақшаҳову ҳадафҳои нопоки худ машғул гардиданд. Аз ҷумла, роҳбарияти ТЭТ ҲНИ Кабирӣ бо ҳамроҳии Муҳаммадиқбол ҳатто барномае ташкил кардаву бо истифода аз таблиғотҳои ифротиашон навори мазккуро муғризона маънидод карда, ҳатто аз мардум даъвати ғасби ҳокимиятро кардаанд. Дар як нуқтаи барномаи муғризонаашон Кабирӣ мегӯяд: Шумо (мардумро дар назар дорад), аз мо даъват мекунед, ки ба Ватан биёед ба чунин мушкилот расидагӣ кунед, аммо чи тавр мо биёем, ки Шумо барои мо шароит муҳайё намекунед, мисли Абдусаттор ҷуръат карда бар зидди ҳукумат бархезед, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунед баъдан мо меоем. Террористони наҳзатӣ аз муроҷиати Абдусаттор Пирмаҳмадзода ба манфиатҳои худ истифода бурда, рӯйи рост даъват ба ҷанг мекунанд, ҳоло он ки ин корро қонун манъ кардааст ва ҷинояти махсусан вазнин меҳисобат, аммо боз худро мусичаҳои бегуноҳ меҳисобанд.

Радиои Озодӣ низ мисли наҳзатиҳо рафтор намуда, даҳҳо хабару гузоришҳои муғризонаро атрофи муроҷиати Абдусаттор Пирмуҳамадзода омода ва пахш намуданд, ки бо ин корашон ба мафкураи мардум таъсири манфӣ расонида истодаанд. Як тасаввур кунед, ки чаро Радиои озодӣ ҳатто дар як нуқтаи гузоришҳояшон боре нагуфтанд, ки Абдусаттор Пирмуҳамадзода воқеъан ҳам ба таксиронии ғайриқонунӣ машғул гардида буд. Ё ин кӣ чаро боре намегӯянд, ки воқеъан ҳам дар моддаи 510 Кодекси ҳуқувайронкунӣ барои машғул шудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад, ҷарима таъин карда шудааст?. Ё ин ки Радиои озодӣ чӣ ҳақ дорадд, ки бе иҷозати Абдусаттор Пирмуҳамадзода дар бораи ӯ хабар пахш мекунад. Магар масъулини Радиои озодӣ намедонанд, ки бе иҷозати шаҳрванд дар борааш хабар пахш карданро қонун манъ кардааст?.

Имрӯз ҳама медонанд, ки радиои “Озодӣ” фаъолиятҳояшро дар манфӣ пушиш додани сиёсати давлат, ошуфта сохтани мафкураи мардум танзим кардааст ва ҳамакнун рӯйрост ба як минбари танқидиву дуруғафканӣ ва таблиғи террористону экстремистон табдил ёфтааст.

Бояд ба таҳамулпазирии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аҳсан гуфт, ки солҳост наҳзатиҳои террорист ва минбари террористон-Раидиои озодиро таҳаммул карда истодааст. 

Фикр мекунам андешаҳои Абдусаттор Пирмуҳмадзодаро, яъне ба хизматрасонии таксӣ машғул шудан ва ҷарима кардани уро аз ҷониби кормандони Бозрасии автомобилии давлатии шаҳри Душанбе бояд аз назари қонунӣ баҳо бидиҳем. Воқеъан ҳам Абдусаттор Пирмуҳамадзода қонунро вайрон кардааст ва давлат уро барои вайрон кардани талаботӣ қонун ҷазои маъмурӣ додааст. Аслан ҷазои маъмурӣ, яъне ҷарима кардан барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб  менамояд, чораи маҷбуркунии давлатӣ аст ва тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судя – мақоми ваколатдорӣ давлатӣ нисбати шахсони воқеъи, ҳуқуқӣ ва мансабдорон барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад.

Ҳадаф ва моҳияти татбиқи ҷазои маъмурӣ, пеш аз ҳама дар руҳияи риояи қонун тарбия кардани шахс ва пешгирӣ кардан аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҷомеа аст. Аз суи дигар татбиқ гардидани ҷазои маъмурӣ нисбати шахси ҳуқуқвайронкунанда, ҳаргиз мақсади таҳқири шаъну шараф, расонидани озорӣ ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, табъиз ва ё тарсониданро надорад. Бинобар ин, баланд будани андозаи ҷарима ва мақсади ҷарима кардан —  ин ғани кардани буҷаи давлат набуда, балки пеш аз ҳама пешгирӣ намудани омилҳои ҳуқуқвайронкунӣ мебошад, ки аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда дубора чунин амал содир карда нашавад ва тартиботи ҷамиятӣ вайрон нагардад. Пас агар Абдусаттор Пирмуҳаммадзода фикр мекунад, ки маро кормандони БДА ҷарима кардаанду бинобар сабаби маблағи ночиз ба даст овардан аз хизматрасонии ғайри қонунии таксӣ наметавонад ҷаримаро пардохт намояд ва иддои  напардохтани ҷаримаро дорад, ин куллан фикри хато аст.

Давлат фаъолияти хизматрасонии таксиро манъ накардааст. Балки давлат мегӯяд дар доираи қонун фаъолияти таксирониро амалӣ бикун. Яъне хизматрасонии таксӣ ба категорияи фаъолияти соҳибкорӣ дохил мешавад. Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳа ҳар шаҳрванде, ки мехоҳад ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад бояд ба буҷаи давлат андоз бисупорад. Меъёри андоз барои амалӣ намудани хизматрасонии таксӣ он қадар баланд ҳам нест, тақрибан дар як моҳ 100 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин миқдор маблағи дигар барои ширкате, ки аз номи вай фаъолияти таксирониро ба амал мебарорӣ пардохт карда мешавад. Дар маҷмуъ дар як моҳ 200 сомонӣ барои машғул шудан ба фаъолияти таксиронӣ лозим меояд. Лекин қисми зиёди ронандаҳои таксии ба қавле 5 сомона ғайри қонунӣ фаъолият менамоянд, пас табиист, ки аз ҷонибӣ кормандони БДА тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ғайриқонунӣ, яъне фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад, аммо онҳо ғайриқонунӣ машғул мешаванд, ҷарима ба миқдори аз 10 то 20 нишон барои ҳисобҳо таъин карда мешавад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 58 сомониро ташкил медиҳад, яъне аз 580 то 1160 сомонӣ миқдори ҷаримаро ташкил медиҳад. Ин меъёр барои шахсони ҳуқуқӣ ва ё мансабдорон ду баробари ин маблағро ташкил медиҳад.

Аз инҷо бар меояд, ки агар меъёри ҷаримаҳо паст мебуд, ҳарвақт бепарвоёна шаҳрванд ҳуқуқвайронкунӣ содир мекарду ҷаримаро пардохт кардан мегирифт. Дар ин ҳолат Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ, ки механизми асосии пешгирии кардани чунин ҳуқувайронкуниро бо пардохти ҷарима муайян кардааст, моҳияти  худро гум мекард.    

Дар фарҷоми сухан инро блояд бигӯем, ки мавзуро манфиатҷуён ҷиҳати таъсир расонидан ба мафкураи мардум тибқи хостаи худ пӯшиши дигар дода, ба манфиати худ истифода бурданд. Абдусаттор Пирмуҳамадзода хуб медонад, ки қонунро вайрон кардааст ва барои ин кораш ҷазои маъумрӣ таъин кардан нисбаташ қонунӣ аст. Аммо вай аз бо истифода аз таҷрибаҳои гузаштааш, ки собиқ журналист аст чунон моҳирона ва бо эҳсосот навор омода кардааст, ки шояд бисёриҳо фикр мекунад, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки шаҳрвандонашро барои содир кардани ҷиноят ва ё ҳуқувайронкунии маъмурӣ ҷарима мекунанд. Аммо ин фикри куллан хато аст. Тоҷикистон шояд дар миёни кишварҳое, ки оиди ин масъала сиёсати гуманистиро пеш мебаранд дар рӯйхати аввал бошад.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *