НОДУРУСТ ТАШАККУЛ ДОДАНИ МАФКУРАИ МАРДУМ АЗ ҶОНИБИ РАДИОИ ОЗОДӢ ё чи тавр амали ғайриқонунии як шаҳрвандро Радиои озодӣ «бетаваҷҷуҳии мақомот ба сарнавишти мардум» маънидод месозад!!!???

НОДУРУСТ ТАШАККУЛ ДОДАНИ МАФКУРАИ МАРДУМ АЗ ҶОНИБИ РАДИОИ ОЗОДӢ ё чи тавр амали ғайриқонунии як шаҳрвандро Радиои озодӣ «бетаваҷҷуҳии мақомот ба сарнавишти мардум» маънидод месозад!!!???

ВОКУНИШ. Дурустаст, ки мардуми тоҷик дар пайи эъмори як ҷомеаи демократист ва дар он озодии баён бояд мавқеи марказӣ дошта бошад. Бо назардошти ин давлату Ҳукумати кишвар тамоми шароитро барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла ба воситаи ахбори омма, хосса ғайридавлатӣ муҳайё намудааст. Ин аст, ки дар дохили кишвар даҳҳо нашрияҳои хусусӣ ва воситаҳои электронии ахбори омма фаъолият доранд. Аммо бояд дар назардошт, ки вазифаи аслии воситаҳои ахбори омма бояд дуруст расонидани ахбор бошаду халос на чизи дигар. Дар ин росто онҳо бояд ахбори мавҷударо бидуни таҳрир ва маънидодсозии муғризона ба ҷомеа расонад ва ҷомеа нисбат ба ин ё ҳодиса худаш бояд тафаккур кунад ва хулоса барорад.

Аммо солҳои охир чунин ба назар мерасад, ки бархе аз намояндагони васоити ахбори оммаи хусусӣ бо баҳонаи озодии баён ва пахши маълумот ба мафкурасозӣ машғул буда, хулосаи маводро на ба худи хонанда ҳавола мекунанд, балки худашон бо маънидод созиҳои муғризонаашон ба тафаккури мардум таъсири манфӣ мерасонанд. Кор баҳадде расидааст, ки мардум аз мусоҳиба бо чунин воситаҳои ахбор худдорӣ мекунанд, зеро ҳатман лозим меояд, ки боз тавассути дигар воситаҳои иттилоърасонӣ гуфтаҳои худро шарҳу тавзеҳ диҳанд. Чаро??? Ҳадаф чист? Худи онҳо медонанду халос.

Аз он ҷумла, Радиои озодӣ имрӯз ба воситае табдил ёфтааст, ки танҳо ба чопи маводҳои муғризона машғул асту аз ҳамачиз ба қавле мехоҳад фоҷеа созад.

         Агар мақсади радиои озодӣ танҳо ҷалби таваҷчуҳи хонанда бошад, хайр. Аммо ҳадаф дигар аст.

Масалан, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфтани шахс аз ҷаримаҳои ба қавли худаш ҳангуфт шикояти видеои карду, онро дар фейсбук гузошт. Таваҷҷуҳ кунед, дар фейсбук гузошт. Асли матлабу мақсад муайяну мушаххас буд. Яъне шаҳрванд қобили қабул шумурд ва онро на дар Радиои озодӣ балкӣ дар фейсбук пахш кард. Пас ки ба радиои озодӣ ҳуқуқ додааст, ки онро ҳамчун маводи худаш дар саҳифааш инъикос кунад? Магар Радиои озодӣ барои ин маълумотро гирифтан ягон заҳмат бахарҷ додааст, ки ҳаққи пахш дар саҳифаи худро пайдо кунад???

Бозҳам бало ба паси ин кор!

Аммо, чаро масъала ҳам аз ҷониби шаҳрванд Пирмуҳаммадзода, ҳам аз ҷониби хонандагону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тавре қабул шуд, ки гуё дар ин маврид Ҳукумат гунаҳкор бошад???!!! Чи магар аз ҷониби Ҳукумат ягон амалӣ ғайриқонунӣ сурат гирифтааст, ки ин қадар Радиои озодӣ дар зеҳни мардум аз «бетаваҷҷуҳии мақомот ба сарнавишти мардум» мекорад???  Магар Мақомоти Тоҷикистон ягона мақомоти рӯи ҷаҳон аст, ки барои амали ғайриқонунӣ ҷарима муқаррар кардааст??? Магар мақсади ҷарима пешгирии амали ғайриқонунӣ нест??? Ё бояд миқдоре бошад, ки ҳаматавони пардохт дошта бошанду амали манъшударо содир кунанду, ҷаримаро пардохта рафтангиранд????

Чаро мо масъаларо тавре матраҳ накардем, ки амали Пирмуҳаммадзодаро, ки ба фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ машғул шудааст, маҳкум намоем??? Оё мо бо ин гуна мафкурасозӣ ба сохтмони як ҷомеаи мадании ҳуқуқбунёд мушарраф мешавем??? Албатта, ки ҳамингуна мафкурасозӣ бошад, хосса аз-ҷониби ВАО- и хусусӣ ҳаргиз на!!!

Аз ин рӯ, моро мебояд, ки ба ҳодисаҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд, аз нуқтаи назари на ғаразу иғво, балки талаботи як ҷомеаи маданӣ муносибат намоем. Дигар ин, ки воситаҳои ахбор танҳо ахборро расонанд, ба онҳо ҳуқуқ надиҳем, ки ба ҷойи мо хулоса бароранд.

Ҳар амале, ки қонун чи ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар кардааст, чи ҷарима ҳамчун хатар ба манфиатҳои ҷамъиятӣ қабул намоем ва нагузорем, ки фарқ надорад, ки аз ҷониби кист, содиршавад. Магар мешавад, ки якеро бо баҳонаи бекорӣ иҷозат диҳем, ки ба фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ машғул шаваду, дигаре бо баҳонаи бенавоӣ ба дуздӣ ва ғайра? Не албатта!

Ҷомеаҳо ҳамон вақт пешрафт мекунанд, ки аҳли ҷомеа мафкураи солим дошта бошанд. Аз ин рӯ, нагузорем, ки касе ғаразнок барояшон ҳар масъаларо маънидод созад. Нагузорем, ки Радиои озодию чандвоситаи иғвогари ахбор барои мо рафтори зидди ҳуқуқиро тарғиб намоянд. Ин хатар бамафкураи миллист. Ин иғвост, ки байни мардум ва мақомот эҷод карда мешавад.

Бо умеди дарки дурусти масъала аҳли кормандони МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӣ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *