МУСИЧАҲОИ ТО БЕХИ ГӮШ ДАР ГУНОҲ ҒУТИДА!

МУСИЧАҲОИ ТО БЕХИ ГӮШ ДАР ГУНОҲ ҒУТИДА!

Дар нимаи дуюми солҳои 80-ум бо роҳандози гардидани сиёсатҳои «бозсозӣ» (перестройка) дар ҷумҳурии мо падидаи номатлуби ҳизббозии динӣ оғоз ва дар як муддати кӯтоҳ тамоми ҳудуди ҷумҳуриро бо номи Ҳизби наҳзати ислом фаро гирифт.

Маҳз ба майдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифротӣ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд. Бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90-ум ба ташкили гирдиҳамоӣ “шаҳидон” оғоз карданд, ки он дар ниҳояти кор ба бархӯрдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шарҳвандӣ дар кишвар оварда расонид. Натиҷаи амали онҳо буд, ки баъзи минтақаҳои Тоҷикистон ба майдони набардҳои бародаркушӣ табдил ёфт ва садҳо ҳазор сокинони кишварро ба Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ фирорӣ намуд.

Имрӯз Точикистон он давлати солҳои 1992 нест ва мардуми он оқибати ҷанги шаҳрвандиро дидаанд. Барои мубориза бурдан бо душманони давлат ва миллат, хоинону, зархаридони хориҷӣ тамоми мардуми Точикистон камари мардӣ мебанданд, намегузоранд то давлат нобуд шавад.

Имрӯз раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад карда, террорист будани худро бори дигар исбот намуда истодааст. Нафароне, ки мардуми осоиштаро ба ҳаргуна роҳҳои ифротӣ ва давлати соҳибистиқлолро пароканда менамояд, чунин шахсонро сиёҳдил, кинадор, иғвогар, яъне террорист  мегӯянд. Ин гуна ашхосон ҳаргиз ба ҳадафи худ нахоҳанд расид.

Нохалафони наҳзати ҷиҳати худро ҳамчун сиёсатмадорони дидгоҳи дунявидошта ҷилва додан дар назди хоҷагон ва дигар кишварҳои манфиатдор аз ин «паймони миллӣ»-ро таъсис доданду бо паҳн кардани хабару гузоришҳои дурӯғин мехоҳанд вазъи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ҳар роҳу восита ногувор намоянд. Онҳо андешаи онро доранд, ки тафаккури экстремистиву террористиро дар мавкураи маррдум, махсусан ҷавонон ҷой намоянд.

Таҳлилҳои мо нишон медиҳад, ки он усулу механизмҳое, ки барои фирефта кардан ва ба ҷанги шаҳрванди кашидани сокинони Сурия ва Либия истифода шуда буд, наҳзатиҳо низ ҷиҳати татбиқи ҳадафу нақшаҳои шуми худ аз он усулу механизмҳо истифода мекунанд. Аз ҷумла, навору барномаҳоеро омода ва дар шабакаи интернет пахш мекунанд, ки моҳияти асосии онҳо аз шиорҳои “роҳбари золим”, “президент истеъфо”, “ҷавонон бедор шавед”, “бар зидди зулм хомӯши гуноҳ аст”, “ҷиҳод” ва ғайраҳоро истифода мекунанд, ки алббата то андозае ба тафаккури ҷавонон таъсирӣ манфӣ мерасонад. Имрӯз онҳо муҳоҷирини меҳнатиии дар хориҷи кишвар қарордоштаро зери ҳадафи худ ҷарор додаанд. Дар ин самт барномаҳои сиёсӣ бо номи муҳоҷир ташкил мекунанду дар шабакаҳои интернетӣ пахш мекунанд. Дар ин наворҳояшон “гӯё” муҳоҷирин ба онҳо занг мезанаду мушкилоти худро ба онҳо мегӯяд ва ё аз сиёсати давлат норози будани худро баён мекунад. Дар асл он нафарони ба онҳо занг мезадагӣ худи наҳзатиҳо мебошанд. Соддатар карда гӯем ровии барномаро аз ҳуҷраи дигаре, ки онҳо якҷо зиндагӣ мекунанд яке аз наҳзатии дигар занг мезанаду худро муҳоҷир муаррифӣ мекунад. Хулоса фиреби назар ё инки хок пошидан ба чашми мардум. Аз суи дигар худро ҳамчун минбардор, дастгир ва пушту паноҳи муҳоҷирин ҷилва додан.

Онқадар куштору ҷиноятҳое, ки ин фитнагарон кардаанд, дар як мақолаву як китобу як барнома намеғунҷад. Боз худро ҳамчун мусичаи бегуноҳ мепиндоранд.

Кабирӣ бо сагбачаҳои наҳзатияш аз рӯзи бунёди ин ҳизби террористияш ба ғайр аз қатлу куштори бераҳмона, гапу калочаи бемаънӣ ва дурӯғу фитна дигар ҳеҷ чиз накардаастт. Ӯ бо ин кораш танҳо ба чашмони хоҷагони маблағгузораш хок мепошаду халос.

Худованд мегӯяд: Эй бандагони ман барои шумо ду неъмати бузургро додаам, яке саломатӣ дигаре тинҷиву оромӣ. Ҳар нафасе, ки дарун мебаред ва ҳар нафасе, ки берун мебароред шукронаи ин ду неъматро бикунед. Шукронаи Худованди бузург мардуми Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои худ ин ду неъматро имрӯз доранд, бино барин барои пойдории ин неъматҳои Худованд мо мардуми Тоҷикистонро зарураст, ки ҳамеша дар атрофи Пешвои худ мутаҳид бошем ва ҳамеша дар талош бошем ва ҳаргиз намегузорем, ки душманони миллат — наҳзатиҳои фитнагар дубора моро фиреб диҳанду ба мақсадҳои ғаразноки хеш бирасанд.

Мо тоҷикон аз қадим миллати ватандору баномус будем ва имрӯз низ ба сарнавишти ояндаи давлати миллии хеш — Тоҷикистони азиз набояд бетараф бошем.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *