ЧЕҲРАИ СИЁҲӢ НАҲЗАТИҲО БОЗҲАМ СИЁҲТАР ШУД!

ЧЕҲРАИ СИЁҲӢ НАҲЗАТИҲО БОЗҲАМ СИЁҲТАР ШУД!

Бо пахш гардидани филми ҳуҷҷатии бисёрсериягии “Хиёнат” парда аз чеҳраи шуми наҳзатиҳо гирифта шуд. Чеҳраи сиёҳи наҳзатиҳо бозҳам сиёҳтар шуд, дигар намедонанд бо чи тавр дуруғу найранг худро сафед кунанд. Баъди пахш гардидани қисмҳои аввали филми мазкур наҳзатиҳо кушиши зиёд ба харҷ доданд, ки худро сафед кунанду далелҳои дар филми мазкур оварда шударо инкор бикунанд, аммо нашуд. Охир офтобро ба доман пӯшонида намешавад. Ҳақиқат, ҳақиқат аст, қад мешавад, вале намешиканад ҳатман рӯзе ошкор мешавад. Акнун баъди пахши қисмҳои чор ва панҷи филми хиёнат, ки бо далелҳои раднопазир шиканҷаву азоб ва қатлу кушторҳои ваҳшиёнае, ки аз ҷониби наҳзатиҳои террорист иҷро гардидааст, нишон дода шуд қисми зиёди мардуми Тоҷикистонро дар шок афтонд. Мардумро боварашон намеояд, ки як инсон, як тоҷик нисбати ҳамватанаш чунин амалҳои ғайриинсониро анҷом дода тавонад. Мардуми Тоҷикистон акнун дуруст дарк карданд, ки аз дасти ин пастфитратҳои наҳзатӣ ҳама амалу ҷиноятҳои ваҳшиён меомадааст. Наҳзатиҳо дар наворҳои видеоияшон онқадар худро дилсузу инсондӯст ва мусалмони воқеъӣ меҳисобиданд, ки қариб буд, ки ҷавонони ноогаҳ дурӯғу сафсатаҳои онҳоро бовар кунанд. Ҳама чиз барои мардуми Тоҷикистон мисли рӯз равшан гардид. Баъд аз ин дигар наҳзатиҳои терорист дар ҳузури мардум агар аз осмон ҳам фароянд, дигар боварашон касе намекунад.  Ин нуқтаро онҳо дуруст дарк кардаанду кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки барои худ ниқоби нав бисозанд ва ба ин васила обрӯву эътибори “набудаи” хешро пайдо созанд.

Аз аввали пайдоиши ин гурӯҳи пинҳонкор, ки дар ниқоби ҳизби сиёсӣ барномаҳои хоҷагонашонро дар кишвари мо амалӣ кардан мехостанд, аъзои қаторӣ ва ҳатто солмандони ҳаммаслаконашон ҳам ирода ва ё ҳуқуқи эрод гирифтан нисбат ба аъмоли роҳбаронашонро надоштанд. Ҳол он ки берун аз дарвозаҳои хонаву макони найрангбозиҳояшон иддаои подарҳавои озодбаёнию аҷргузорӣ ба арзишҳои демократӣ менамуданд.

Афсӯсовар он аст, ки он хоҷагон барои ба мақсади нопоки худ расидан домани ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғ пур намуда, ҷавононро гумроҳ месозанд. Ба қавле мӯйро аз хамир ҷудо накарда, амну осоиши халқи тоҷикро халалдор месозанд.

Наҳзатиҳо то андозае бенангу беномусанд, ки аз дурӯғу найрангҳои рӯйирост ҳам рӯ намегардонанд. Дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистонро   сиёсати ғаразноки Пешвои миллат медонанд. Худ қазоват намоед фароҳам овардани шароити шоиста барои зиндагии арзандаи халқи тоҷик, бедор намудан ва ба ҷаҳониён нишон додани фарҳанги миллати тоҷик  ва бо ин васила муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналхалқӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, аз минбарҳои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, магар манфиати ғаразноки як шахс буда метавонад? Ҳаргиз! Ҳамаи дастовардҳову эътирофи миллати тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмати бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон аст. Маҳз аз фароҳам овардани шароитҳои мусоид чи ба олимону, чи нависандагон ва чи варзишагарон, баровардани халқи тоҷик аз шароити камбизоатӣ заҳмати шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буду ҳаст.

Дар замони ҷаҳонишавии ҷомеаи имрӯза масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти танҳо Тоҷикистон нест ва нахоҳад буд. Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз ба як раванди глобалӣ табдил ёфтааст. Аммо наҳзатиҳоаз дониш фарсаҳо дур давлату ҳукуматро зери танқиду маломат қарор медиҳанд, гуё, ки наҳзатиҳо ба мардуми Тоҷикистон дилсӯз бошанд.

Яқинан сабаби тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ лоф задани наҳзатиҳо танҳо бе ҷонибдорони худ мондани саркардагони ин ташкилоти террористӣ- экстремистӣ мебошад. Аммо бо гузашти айём ҳамаи он хиёнату ҷиноятҳои кардаи наҳзатиҳо ошкор гардида истодааст. Дар филми ҳуҷҷатии Хиёнат, ки дар телевизонҳои давлати пахш гардид, ҳақиқатҳои зиёдеро оиди ҷиноятҳои наҳзатиҳоро, ки то имрӯз мардум намедонистанд, ошкор кард.

Мутмаинан замоне хоҳад расид, ки фарзандони наҳзатиҳо аз доштани чунин волидайни хоин рӯ мегардонанд. Чунки хиёнат, махсусан хиёнат ба Ватан амали нобахшиданист ва ҳатто фарзандони чунин нохалафон агар заррае номуси Ватандорӣ дошта бошанд, ин маъниро дарк мекунанд.

Шомуродзода Саидаъзам, сокини вилояти Хатлон

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *