ТАФАККУРИ ҶОМЕАРО АЗ ҲАМАЛАҲОИ МАҒЗӢ СОЛИМ БОЯД НИГОҲ ДОШТ!

ТАФАККУРИ ҶОМЕАРО АЗ  ҲАМАЛАҲОИ МАҒЗӢ СОЛИМ БОЯД НИГОҲ ДОШТ!

АНДЕША. Ифротгароӣ, радикализм, терроризм, демократияи таҳмилии ғарб ин падидаҳои номатлубе мебошанд, ки барои амнияти миллии ҳар як кишвар, хусусан Тоҷикистони соҳибистиклол ва тамоми ҷомеаи  ҷаҳонӣ  хатар  эҷод  мекунад. Натиҷаҳои хатарбори чунин падидаҳоро дар нуқоти ҷаҳон дидаистодаем, ки ба тафаккури ҷомеа ва пояҳои давлатдории миллии кишварҳо чи хатарҳое эҷод карда истодаанд.

Аз таҳлилу таҳқиқи маводи илмӣ, барномаҳои  телевизонӣ ва воситаҳои ахбори омма хулоса баровардан мумкин аст, ки дар баъзе кишварҳои олам ва махсусан мусалмоннишини араб ин ҷараён густариш ёфтааст.

Яке аз омили асосии сабаби «ифротгароӣ ва терорризм исломӣ» ном гирифтани ин падидаҳои  хатарнок дар он мебошад, ки як идда гурӯҳҳои  хилофкор ва ба асли ислом бегона барои татбиқи  ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломи сӯистифода мебаранд. Онҳо даъвои «пуштибонӣ аз ислом», бунёди «хилофоти исломӣ» ва «ислоҳи ислом ва мусулмонон»-ро  баҳона  пеш оварда, аслан барои амалӣ  сохтани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсии худ ва фармонравоҳои хориҷиашон талош менамоянд. Ба монанди қатлу кушторҳои ваҳшиёнаву гушношуниде, ки ин гурӯҳҳои ҷинояткор дар қаламрави  Шому Ирок, Афғонистон, Нигерия, инчунин   кишварҳои дигари ҷаҳон содир намуда истодаанд, аслан бо дини мубини ислом ҳеч гуна равобите надорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад».

Як ида ҷавонони кишвар, ки  дар хориҷӣ кишвар кору фаъолият мекунанд ва маълумоти кофии дунявӣ ва динӣ надоранд, бо роҳи пулу мол ба дассисаҳои таблиғотчиёни гурӯҳҳои эстремистӣ дода шуда, ба сафи онҳо шомил мегарданд. Ҳол он, ки баъзе аз онҳо худ намедонад, кӣ  ба чӣ корҳои ғайридинӣ ва мазҳабӣ даст зада истодаанд. Аз ҷумлаи чунин ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ ин ҳизби наҳзати ислом мебошад.Тарғиби ҳар гуна ақидаҳои динӣ-ифротӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ бо мақсади зиёд намудани лашкарони наҳзатӣ буда, ба шуури мусулмонони Тоҷикистон, бахусус  ҷавонон бетаъсир намемонад ва метавонад дар онҳо ҳисси бадбинию нафратро нисбат ба дигар динҳо, нисбати сиёсати давлат ва ҷомеа бедор карда, ҷиҳати барангехтани низоъҳои динӣ-мазҳабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ  заминаҳои ақидавӣ фароҳам оварда, сулҳу суботи  ҷомеаи Тоҷикистонро зери хатар мегузоранд.

Мебояд, ки ҳар як шахси ватандӯст, миллатдӯст ва мусалмон сайъу кушиш намояд, ки аз чунин равияҳои номатлуби замони муосир ба монанди радикализм, экстремизм ва терорризм дур бошад.

Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ баён намуда буданд, ки: “Мардуми шарифи Тоҷикистон  масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи Истиқлолият, ҳимояи манфиатхои  миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои  давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату  ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари  азизамонро  ба зиммаи  мову шумо вогузор намудаанд.” Бинобарин мақомотҳои дахлдори давлатиро мебояд корроҳои фаҳмондадиҳиро дар самти баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва дунявии ҷомеа ҷоннок намоянд, вагарна дар шароити пуртаззоди бархурдҳои ҷаҳонӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ ба тафаккури ҷомеаи мо таъсирӣ ҷиддӣ мерасад ва асараш шояд солҳо дар тафаккури мардум боқӣ монад.

Масъулини давлатиро зарур аст нахуст, механизмеро ба вуҷуд биоранд, ки зеҳнҳои ошуфтаи ҷомеаи тоҷикро атрофи як ғояи умумимиллӣ мутаҳид кунад ва баъдан дар ин самт  корбарӣ бикунанд. Солим нигоҳ доштани зеҳни ҷомеа шарти муҳими давлатдорист. Дар ин роҳ чи қадар маблағе харҷ шавад, арзандааст. Имрӯз тамоми ҳамлаҳо ба мағзҳо аст. Дар раванд муборизаҳои иттилоотӣ ба мағзо ҷомеа солим боқӣ мемонад, ки аз назари идеологӣ тафаккури солим дорад. Танҳо тафаккури солими ҷомеа ояндаи дурахшони давлату миллатро месозад.  

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *