МАРГ БАР МАН, КИ ГУФТАМ МАРГ БАР ТУ!

МАРГ БАР МАН, КИ ГУФТАМ МАРГ БАР ТУ!

ТАҲЛИЛ: Баъди баргузории интихоботи президентӣ дар ҷумҳурии ба мо дӯст ва бародар – Белорус гирдиҳамоиҳои мардум, махсусан ҷавонон зидди интихоботи баргузоргардида ва зидди сиёсати давлат идома дорад. Мухолифин идаъо доранд, ки интихоботи президенти ғайри демократӣ ва ғайри қонуни баргузор гардидааст ва онҳо натиҷаи ин интихоботро қабул надоранд. Аз суи дигар қишри дигари ҷомеъа бо тарафдорӣ аз интихоботӣ баргузор гардида ва аз сиёсати президент Александр Лукашенко гирдиҳамоӣ ташкил карда истодаанд. Табиист, ки дар ин ҳолати баамаломада, кишварҳои хориҷӣ дасти доранд. Душманони мардуми Белорус аз ҳолати ҳасос истифода бурда, мехоҳанд мисли кишварҳои арабӣ аз ҷумла, Либия ин кишварро низ ба коми ҷанг бикашанд.  

Чандсол пеш дар Либия баъзе кишварҳои аврупоӣ ҷиҳати сарнагун кардани ҳукумати Муаммар Қазофӣ ҷавонони бесаводу ноогаҳро ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фирефта карда зидди сиёсати давлату ҳукумат шурониданду ба кӯчаҳо бароварда буданд. Ин қишри ноогаҳро бо силоҳу маблағ ва дигар маводҳои зарурӣ таъмин мекардан ва бо усулу механизмҳои хоси идеологӣ дастур медоданд, ки даст ба бетартибиҳои омавӣ заданд. Аз ҷумлаи чунин шиорҳои ҷавонони либиягӣ ин буд, ки онҳо ҳама бо як овоз мегуфтанд: «Марг бар ту Муаммар Қазофӣ», «Истеъфо диктатор» ва ғайраҳоро истифода мебурданд. Имрӯз низ айни чунин услу механизмҳои санҷидашударо бо дасти ҷавонони белорусӣ бар зидди худи мардуми Беларус истифода бурда истодаанд.

Мо ба ин андешаем, ки мардуми Беларус бояд дар атрофи роҳбари сиёсии худ Александр Лукашенко мутаҳид бошанд, дар ғайри ин сурат онҳоро рӯзи сиёҳе, ки бар сари мардуми Либия оварда буданд интизор аст.

Муаммар Қазофиро, ки мардуми либияро аз ғуломӣ аз фақру қашоқӣ берун оварда, беҳтарин шароити зиндагиро фароҳам оварда буд, душманони манфиатҷу аз гумроҳиву номутаҳидии мардуми Либия истифода бурда, тавре чашми мардумро кӯр карданд, ки бар ивази ин хизматҳои Муаммар Қазофи уро ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Баъди қатли Муаммар Қазофӣ баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки барои сарнагун кардани ҳукумати у маблағгузорӣ карда, бо авиатсияи худ Либияро бомбаборон карда ҳукматро аз байн бурда буданд, барои ин дастгириҳояшон Зиёда аз 40%-и даромади нефти ин кишварро, ки дар ҷаҳон дар ҷойи 4-ум аз ҷиҳати захира ва истеҳсоли нефт меистод соҳиб шуданд. Мамлакати воҳид ва ободу зеборо ба ду қисм тақсим карданд, ки то ба ҳол дар ин кишвар ҷанг рафта истодааст.

Мардуми Либия то дарк карданд, ки онҳоро фиреб додаанд, кор аз кор гузашта буд. Онҳо афсус хурданд, ки Муаммар Қазофӣ падарвор ба мардуми Либия хизмат карда будааст, бар ивази арзи сипос кардан мо уро вашиёна қатл кардем. Баъди дарки воқеъият, мардуми Либия дар телевизионҳои давлатии баъзе кишварҳо баромад карда гуфтанд: «Марг бар ман, ки гуфтам марг бар Ту». Имрӯз истифодаи чунин калимаҳои «Марг бар туву» «Истеъфо диктатор» -ро ҷавононе, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷи фирефта шудаанд дар Белорусия зиёд истифода мекунанд. Маълум мешавад, ки ин идеология ҳамон идеологияе ҳаст, ки дар Либияву дар Сурия ва дар Ироқ истифода шуда буд.

Бояд қайд кард, ки ин усул ва ё механизам аз ҷониби наҳзатиён низ дар фазои иттилоотии (интренетӣ) Тоҷикистони азизи мо низ вақтҳои охир зиёд садо медиҳад. Аз инҷо бармеояд, ки ҳамон идеологияҳои ифротии санҷидашударо наҳзатиён ҷиҳати дубора ба ҷанг кашидани мардуми Тоҷикистон истифода менамоянд.

Бояд мардуми Тоҷикистон, махсусан, ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба идеологияҳои ифротии наҳзатиёни террорист дода нашаванд. Ин бадзотон чандин маротиба рӯзҳои сиёҳро бар сари мардуми Тоҷикистон овардаанд, насли калонсоли Тоҷикистон он рӯзҳоро бо чашми сар дидаанд ва хуб медонанд, ки ин хуксифатон чи амалҳоеро анҷом надодаанд.

Дар хулоса ба давлатмардони тоҷик тавсия медиҳем, ки Тоҷикистон низ дар ру ба руи интихоботи президентӣ қарор дорад, бинобарин дар ин давраи ҳасос корҳои фаҳмондадиҳӣ ва идеологиро бо ҷавонону донишҷуёни донишгоҳу донишкардаҳои олӣ ва касбӣ ҷоннок намоянд.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *