ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДИВУ НАШЪАЧАЛЛОБИ МУБОРИЗАИ ДАСТАЧАМЪОНАРО ТАЛАБ МЕКУНАД

ПЕШГИРИИ  НАШЪАМАНДИВУ НАШЪАЧАЛЛОБИ МУБОРИЗАИ ДАСТАЧАМЪОНАРО ТАЛАБ МЕКУНАД

АНДЕША. Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар баробари терроризм ва экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба чомеаи чаҳони ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Боиси таассуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар ҳамчун яке аз хатарҳои чидди барои инсоният дар асри 21 боқи мемонад ва ба муътадилии ичтимои-иқтисоди ва сиёсии давлатҳову минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорҳо чавон чони худро бохтаанд.

Барои бештар сохтани таъсири муқовимат бо ин вабои аср моро зарур аст нахуст омилҳои онро мушаххас созем. Таҳлилу мушоҳидаҳо собит сохтаанд, ки омилҳои асосии чалб шудани шаҳрвандон ба нашъамандиву нашъачаллоби ба таври умум чунинанд:

  • Ҳавову ҳаваси фаҳмидани “лаззат”-и маводи мухаддир, ки оқибат ба муътоди ва нобуди оварда мерасонад;
  • Соҳиби пули муфт шудан аз роҳи интиқоли маводи мухаддир;
  • Робитаҳои ғайриқонунии баъзе сокинони минтақаҳои наздисарҳади бо қочоқчиёни афғонистон;
  • Аз тарафи баъзан сокинон дар манзили истиқомати ташкил кардани бангихонаҳо ва дар чойҳои муайян созмон додани фоҳишахонаву дискоклубҳои фаҳшафзо;
  • Бетарафии баъзе нафарон, ки ба мақомот саривақт нисбати чунин амалҳо хабар намедиҳанд ва ғайра.

Агар ба таърихчаи роҳ ёфтани маводи мухаддир ба Точикистон назар андозем, дар кишвари мо то нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи он чандон нигаронкунанда набуд. Зеро дар Точикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 7-10 килограмм маводи нашъаовари навъи бангдона мусодира мешуд ва шумораи нашъамандони ба қайди диспансери гирифташуда ҳамаги 936 нафарро ташкил медоданд. Вале пас аз суқути Иттиҳоди Шўрави дар кишвари мо низоъҳои сиёси ва мазҳаби оғоз шуда, ниҳоят боиси сар задани чанги таҳмилии шаҳрванди гардиданд. Гурўҳҳои чинояткор бо истифода аз вазъи ноороми он солҳо роҳҳои пинҳонии интиқоли қочоқи маводи нашъадори истеҳсоли Афғонистонро, ки яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони маводи мухаддир дар чаҳон ба ҳисоб меравад, ба Точикистон аз худ намуданд.

Аз ҳамон давра дар Точикистон сатҳи чиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир рў ба афзоиш ниҳод ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомии мамлакат бори аввал соли 1993 38 килограмм афюн ва соли 1996 6 килограмм героини истеҳсоли Афғонистонро мусодира намуданд.

Баробари афзоиши ҳачми қочоқи мухаддирот Ҳукумати Точикистон бо эҳсоси масъулият дар назди халқи кишвар ва тамоми башарият ба татбиқи чорабиниҳои мачмўи чиҳати пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шурўъ намуд. Аз чумла, соли 1994 дар сохтори мақомоти корҳои дохили воҳидҳои мустақил ва махсуси мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ташкил карда шуд.

Дар ин чода Точикистон солҳои 1995-1996 ба як қатор Конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ҳамроҳ гардид.

12 апрели соли 1996 Фармони Президенти Чумҳурии Точикистон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба пурзўр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» ба тасвиб расонида шуд, ки асоси муборизаи мақсаднокро бо мухаддирот гузошт.

Бо Фармони Президенти Чумҳурии Точикистон аз 1 июни соли 1999 мақоми ҳифзи ҳуқуқи нав – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ЧТ таъсис дода шуд, ки он барои амали намудани сиёсати давлати, ҳамоҳангсозии байниидорави, инчунин ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилали дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо, муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии онҳо ва пешгирии нашъаманди ваколатдор гардид.

Точикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлоли дилхоҳ ташаббусҳои муфид ва самаранокро, ки дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва нашъаманди равона карда шудааст, дастгири менамуд ва имрўз ҳам дастгири менамояд. Ин мушкилиҳо ҳамеша таҳти назорати роҳбарияти давлат қарор доранд. Оид ба тасмими Ҳукумати Чумҳурии Точикистон чиҳати мубориза бо ин вабои аср борҳо ба чомеаи чаҳони дар тамоми сатҳҳо, аз чумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид хотиррасон карда шудааст.

Ташаббусҳои зиддимухаддиротии Точикистон аз чониби бисёр давлатҳои бонуфузи чаҳон ва созмонҳои байналмилали дастгири ёфтаанд. Мавриди зикр аст, ки Точикистон давлати истеҳсолкунандаи маводи нашъадор нест, вале бо назардошти мавқеи чуғрофии чойгиршави дар баробари Туркманистон ва Ўзбекистон ба давлати транзитии ба ном “Масири шимоли” табдил ёфтааст.

Ҳодисаҳои фочеаоваре, ки тайи солҳои охир аз чониби гурўҳҳои терористи-экстремисти ва гурўҳҳои мутташаккили чиноятпеша содир шуданд, аз як тараф гушрас намудани чомеаи чаҳони оид ба хатари терроризм бошад, аз тарафи дигар кирдорҳои мазкур водор намуданд, ки бо кадом зуҳурот робита доштани терроризмро андеша намоем. Яке аз робитаи хатарноктарини он, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, ки он яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории тероризми байналмиллали аст.

Ҳоло ба чомеаи чаҳони муяссар нагаштааст, то вазъи глобалии маводи нашъаоварро ба самти беҳтар равона созад: дар солҳои 2000-ум маводи нашъаоварро 180 млн. нафар ё инки 3% аҳолии курраи замин истеъмол менамудаанд. Соли 2006 шумораи онҳо ба 200 млн. нафар расид. Ҳоло бошад шумораи расмии он аз 300 млн. гузаштааст. Дар омори чаҳони зикр шудааст, ки нашъаманди яке аз омилҳои гирифторшави ба бемориҳои сирояти мебошад. Масалан, айни замон беш аз 12 млн. нашъаманд ба бемории гепатити С гирифторанд. Беш аз чоряки нашъамандон ба вируси норасоии масъунияти бадан ва бемории норасоии масъуният (ВИЧ/СПИД) гирифторанд.

Хариду фурўши маводи нашъаовар мувофиқи маълумотҳои алоҳида ба 400-500 млрд. долл. ё ин ки 8-10% -и арзиши умумии гардиши моли тамоми дунёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи ин ба тахрибкори ва анчоми амалҳои террористиву экстремисти равона мегарданд.

Яке аз механизмҳои муқовимат ё паст намудани вазъи нашъаманди ин ҳамкории байналмиллалии Точикистон бо дигар давлатҳо ва созмонҳо мебошад. Дар доираи созишномаҳои байналмилалии зиддимухаддироти, ки Чумҳурии Точикистон онҳоро ба имзо расонидааст, як қатор созишномаҳо, протоколҳо ва ёддошти тафоҳуми дучониба ва бисёрчониба қабул гардиданд.

Пас аз сарнагун шудани низоми “Толибон” дар Афғонистон, Точикистон миёни давлатҳои хоричи яке аз аввалинҳо шуда рушди ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар оғоз намуд. Бо ин мақсад 27 апрели соли 2005 дар шаҳри Кобул Созишнома миёни Ҳукумати Точикистон ва Ҳукумати Афғонистон оид ба ҳамкори дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳои онҳо ба имзо расонида шуд.

Точикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бар зидди маводи мухаддир буда, тамоми имконияту воситаҳои худро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб равона намудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 1994 то моҳи январи соли 2018 дар чумҳури аз чониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар 113 тоннаю 541 кг маводи нашъадор, аз чумла: афюн — 38 тоннаю 494 кг, героин — 33 тоннаю 800 кг, гурўҳи бангдона — 39 тоннаю 954 кг ва 1 тоннаю 292 кг дигар намудҳои маводи нашъадор мусодира шудааст. Мувофиқи таҳлилҳои омори ин миқдор маводи мухаддир метавонист қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъаманди гирифтор намояд.

Соли гузашта наздики 5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд, ки ҳар як киллограми он метавонист зиёда аз чорсад нафарро нашъаманд созад. Яъне ин миқдор маводи мухаддири мусодирашуда метавонист 2 миллион нафарро бадбахт созад.

Мутаассифона, ба тамоми чораҳои андешидашуда нигоҳ накарда, ин мушкилот ҳоло ҳам яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудрати боқи мемонад. Бо вучуди чунин ҳамкориҳои мубрам, вазъи нашъаманди дар чумҳури дар сатҳи ташвишовар қарор дорад.

Бо ин мақсад дар Точикистон як қатор тадбирҳои таъхирнопазир барои муътадил сохтани вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, пешгирии роҳҳои қочоқ, коҳиши сатҳи муомилоти ғайриқонунии онҳо ва истифодаи маводи нашъадор роҳандози карда шудаанд.

Бо мақсади пешгири аз болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва истифодаи ғайритиббии онҳо бо Фармони Президенти Чумҳурии Точикистон аз 13-уми феврали соли 2013 таҳти №1409 “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Чумҳурии Точикистон барои солҳои 2013-2020” қабул карда шуд. Қабули Стратегияи мазкур вобаста ба вучуд омадани таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама вобаста ба фаъол гардидани чиноятҳои трансмилли, аз чумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошад. Стратегия барои ҳамкории созанда байни мақомоти ҳокимияти давлати, созмонҳо ва ташкилотҳои чамъияти, ҳимояи манфиатҳои милли ва таъмини бехатарии шахсият, чомеа ва давлат мусоидат менамояд. Мақсади асосии Стратегия коҳиши амалии паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии онҳо буда, хатари ин омилҳоро ба солимии аҳоли коҳиш медиҳад.

Зимнан, бояд хотирнишон сохт, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаест, ки дар мубориза бо он дар баробари сохторҳои давлати чомеаи шаҳрванди низ масъуланд. Чунки дар шароити рўзафзуни мураккаб гардидани авзои чомеа яке аз хатарҳои чидди ба саломати ва генафонди миллат ин маводи мухаддир аст, ки аз тарафи гурўҳҳои манфиатхоҳ ҳамчун яроқи қатли ом мавриди истифода қарор дода шудааст.

Таҳлилҳои омори гувоҳи онанд, ки ба ҳисоби расми теъдоди нашъамандони бақайдгирифташуда дар Точикистон ба беш аз 7000 нафар расида, беш аз 60%-и онҳоро чавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Ин шумораест, ки дар он аксари истифодабарандагони бангдонаву афюн, ки дар қайди расми нестанд, дохил намешаванд. Месазад қайд намоем, ки аз шумораи умумии нашъамандон дар кишвар 3796 нафарашон гирифтори АНМО/ВНМО (ВИЧ/СПИД) ҳастанд.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТИ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *