НЕКИ ЧУ АЗ ҲАД БИГЗАРАД НОДОН ХАЁЛИ БАД КУНАД

НЕКИ ЧУ АЗ ҲАД БИГЗАРАД НОДОН ХАЁЛИ БАД КУНАД

ВОКУНИШ.  Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ мардуми Точикистон барои мустақилият ва барои бунёд кардани давлату давлатдории милли муборизаҳои шадид бурданд. Бояд гуфт, ки миллати точик дар тули садсолаҳо бо ормони ташкили давлати мустақили милли зиндаги ба сар мебурд ва дар тули ин ҳама давраҳои тўлони чони садҳо фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст додааст. Ҳазорон бор шукр, ки мо ба ин оромони ҳазорсолаамон расидем ва имсол 29-умин солгарди таъсисёбии давлати миллии худ-ормонҳои гузаштагони худро бо талошу заҳматҳои аҳлона чашн мегирем ва онро аз соле ба соле мерасонем. Маврид ба зикр аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳое мебошад, ки дар таърихӣ тоҷикон аз ҷиҳати сиёсӣ ва маънавӣ мислаш назире надорад.

Бо шарофати соҳиистиқлолии кишвар дар харитаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъи худро пайдо намуда, мардуми сайёра ин миллати куҳанро ҳамчун миллати дорои таърихӣ қадима ва фарҳанги бою ғаннӣ шинохт. Баъд аз талошҳои зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои рӯ ба тарақи мубадал гардидааст ва дар ҳалли маъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухадир, норасоии  оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳо пайваста ташаббусҳои назаррасӣ худро нишон медиҳад.

Аммо мутаъсифона имрўз гурўҳҳо ва шахсиятҳое ҳастанд, ки аз ин ободиву аз ин пешрафтҳои Ватан ва аз ин оромии миллат ҳасад мебаранд ва дар пайи аз байн бурдани ин оромиву ин пешрафтҳо ҳастанд. Аз чумлаи чунин гурўҳҳо ин ташкилоти террористи-экстримистии ҳизби наҳзати исломи бо роҳбарии Муҳиддин Кабири ҳаст. Ин касофатҳо миллати куҳанбунёди точикро дар аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлати ба гирдоби нобасомониҳо гирифтор карда ба ҷанги шаҳванди кашиданд, ки дар натича ҳазорҳо падару модарон бе фарзанд, ҳазорҳо фарзанд бе волидайн, ҳазорҳо зан бе шаҳвар ва ҳазорҳо шаҳрванд бехонаю дар монданд. Ин ҳама вазининиҳои он даврон бар ивази ҷони ҳазорҳо ҷавонмардони миллат боз дубора ба сулҳу ваҳдат ва ҳамдили расидем. Модари точик баъди онкадар чиноятҳо, онкадар кушторҳои бераҳмонаи кардаашон гуноҳи наҳзатиҳоро барои ояндаи орому осуда ва дурахшони фарзандонаш бахшид. Модари точик умед дошт, ки он рўзҳои сиёҳе, ки аз касофатии наҳзатиҳо бар сари миллат омада буд, барои наҳзатиҳо дарси ибрат шуда аз ин ба баъд дар пайи ободиву пешрафт мекушанд. Вале сад афсус, ки наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабири баъди ин қадар бахшишхо, гузаштҳо ва некиҳо ба ин ҳама ҳусну ният сазовор гашта натавонист. Хубиву некии ин миллатро нодида гирифта боз дар пайи ташкили чангу чидол ва хунрезии миллат шудаанд. Ба қавли Саъди: “Неки чу аз хад бигзарад нодон хайёли бад кунад”. Воқеъан ҳам нисбати наҳзатиҳо хубиву некиҳои ин миллат аз ҳад зиёд шуд. Бинобарин он хуксифатон фикр мекунанд, ки мардуми Точикистонро дубора бо ҳиллаву найранг фиреб медиҳанду ба чанг мекашанд. Аммо онҳо фаромўш карданд, ки мардуми Точикистон дигар мисли замони аввали истиқлолият  нест, ки бо истифода аз эҳсосоти диниву мазҳаби ва дассисаву найрангҳо фиребашон диҳанду ба майдон бароранд, имрўз мардуми Точикистон дар атрофи Пешвои худ мутаҳиданд, дигар наҳзатиҳо ба суханони пучу бемаънии худ наметавонад мутаҳидиву сарчамии мардуми Точикистонро барҳам занад.

Ба ҳар сурат мо ба ин ақидаем, ки яке аз талаботҳои муҳими пойдории давлатдори милли ҳамин аст, ки хатар ба амнияти миллат ва давлати милли дар ҳар сурате, ки набошад новобаста аз қонунҳо, уҳдадориҳои байналмилали, дидгоҳи мухталифи чомеаи чаҳон, марги одамон, хисороти молияви ва ғайраҳо бояд аз байн бурда шавад. Чаро Точикистон бояд дар амали гардидани ҳадафҳои стратегии баъзе кишварҳо, ки гуруҳҳои террористиро маблағгузори мекунанд, қурбон шавад? Бинобарин Ҳукумати Чумҳурии Точикистон, мақомотҳои дахлдори давлати чиҳати аз байн бурдани наҳзатиҳо ва дигар гурўҳу созмонҳое, ки амнияти давлатиро зери хатар мегузоранд бояд иқдомҳои чиддиро руйи кор бигиранд…

Мо баъд аз ҳазор сол соҳиби давлати милли шудем… Ин нуқтаро бояд ҳар як точикистони дуруст дарк кунад. Мо абади нестем, аммо бояд манфиатҳои миллии мо, давлатдории миллии мо абади бошад ва Точикистони азизи мо бузургтару бузургтар шуда хонаи тамоми точикони чахон гардад.МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТИ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *