ТЕРРОРИСТОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИ!

ТЕРРОРИСТОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИ!

 Ҳизби наҳзати исломи баъди он, ки созмони террористи-экстримисти аз чониби Суди Олии Чумуҳурии Точикистон эълон гардид, аъзо ва пайравони ин ўизби террористи ба хоричи кишвар гурехта барои сафед кардан ва пушонидани чеҳари манфури хеш пай дар пай созмону гурўҳҳо ва паймонҳои дурўғинро таъсис дода бо истифода аз ВАО ба дасисабозиву фитнаандозьи пардохтанд. Аммо тавре мушоҳида мешавад, бар замми таъсисдодани созмону паймонҳои дурўғин рўз то рўз парокандатару пурутар ва чеҳраи аслии онҳо дар назди на танҳо мардуми Точикистон, балки дар назди мардумони давлатҳои аъзои САҲШ ва ИДМ низ ошно гардид. Чунки ин ду созмони минтақавии дунё САҲШ ва ИДМ ташкилоти террористи будани ҳизби мамнуи наҳзати исломиро ба таври сиёси эълон ва эътироф кардаанд. Созмонҳои номбурда анқариб 3,5 милиард аҳолии дунёро ҳушдор доданд, ки ҲНИ ҳизби терраристи-экстримисти ва хатарзо ба ҳисоб меравад.

  Ҳарчанд, ки Суди Олии Точикистон то бо садҳо далелҳои муттамад ТТЭ ҲНИ- ро ҳамчун ҳизби террористи фаъолияташро манъ дошта, аъзоён ва раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабириро дар чустучуи байналмилали дода бошад ҳам, аз хатари амалхои террористии он ҳеч гоҳ бепарво будан мумкин нест. Барои ин муаллимон, падару модарон, калонсолонамон,  диндоронамон дар масчидҳо аз рўи талаботи ватандори ва вазифаи шаўрванди масъул ва вазифадор бошанд, ки шогирдонро дар мактаб, фарзандонро дар хона, намозгузоронро дар масчидҳо аз хабари ин ҳизби мамнуъ огоҳ кунанд. Ҳар кадоми мо масъули амнияти зиндагии хеш ва истиқлолияту ваҳдати миллату давлат мебошем.

  Чангхои шаҳрванди хомўш карда шуданд, давлат равиши зиндагиро ба роҳ монд. Фаромуш набояд кард, ки мо точикон чи душвориҳои мушкилро аз сар гузаронидем. Ба қадри заҳматҳои кашидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон расидан, сиёсати сулҳофаринии онро дастгири кардан, дар назди Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд аст.

Наҳзатиҳо аз он бесарусомониҳо истифода бурда, беҳтарин фарзандҳои миллати точик, аз қабили: Муҳаммад Осими, Минҳоч Ғуломов, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзод, Отахон Латифи, Юсуф Исҳоқи, Моёншоҳ Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Давлатали Раҳмоналиев, Муродулло Шералиев ва садҳо дигарро бо роҳи террор аз байн бурданд. Ин ҳизби хуношом барои Точикистонро ба хун оғушта кардан беш аз ҳазор аъзоёнашро ба кишвари сарпарасташ барои гирифтани таълимоти террористи фиристода буд. Мардум аз ин кори сиёҳашон бояд огоҳ бошанд. Устод Лоҳути дар солҳои сиюм дар нисбати душманони сохти нави чамъият гуфта буданд: « Гурги ин мартаба дар чомаи меш омадааст…» Аз ин лиҳоз барои мо лозим аст, ки зираку ҳушёр бошем, ҳамон душманонамон дар шаклу намуди дигар пайдо шуда истодаанд.

  Аз ин лиҳоз, ҳамватанони азиз, ТЭТ ҲНИ дар кишварҳои чангзада бо терроризми байналмилали бо сад роҳу восита иртибот дорад. Ҳатто худи Кабирии беимон барои амали кардани нақшаҳои террористиаш баҳри ба даст даровардани маблағ сарашро ба сад дар зада, кўмак пурсида истодааст. Фаромўш накунем, ки сулҳу ваҳдат ва оромию тинчии кишварамон бо баҳои чон ба даст омадааст, ки бо қадри он бояд бирасем ва аз ин хатар фарзандонамонро низ огоҳ бигардонем.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТИ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *