ДАР ШИНОХТИ БАШАРАИ МАНФУРИ ТЕРРОРИЗМ

ДАР ШИНОХТИ БАШАРАИ МАНФУРИ ТЕРРОРИЗМ

АНДЕША. Терроризм ва чойгоҳи сиёсию ичтимоии он печ дар печ буда, ба чанбаҳои таърихи, фарҳанги, сиёси, идеологи ва чаҳонбини робатаи зич дорад. Тааcсуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми динию мазҳаби асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгаро бошад, аҳли гуфтугў нест. Гуфтугў бо онҳо кори муҳол аст. Бунёдгаро ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати маҳзро танҳо вай медонад ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарку бардошти бунёдгароён аз воқеият сатҳи ва нодуруст мебошад. Шарт аст донем, ки шахси худкуш то кадом андоза аз масъалаҳои дини, ахлоқи, ҳақиқат, фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкори, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндори ва он чи марбут ба инсону инсоният асту боиси боздорандагии чурму чиноят мешавад, огоҳи дорад. Онҳое ки огоҳи ва иттилоъ аз дин ва инсоният надоранд, фавқулода хатарноканд ва амалеро анчом медиҳанд, ки ба чойи фоида ба чомеа зарар мерасонад.

Терроризми имрўз хусусиятҳои нав пайдо кардааст. Яке аз ҳамин гуна хусусиятҳо пайванд додани хушунат, даҳшатафкани бо расонаҳои хабарист. Террористон аз расонаҳои хабари ба таври васеъ истифода мебаранд. Расонаҳо дар бузург кардан ва аҳамият додан ба таҳдидҳои террористон дар афкори омма зеҳниятсози мекунанд, тарс ва ваҳшатро дар вучуди одамон чо менамоянд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёри мерасонанд.

Имрўзҳо терроризм тобиши дини бештар касб намудааст. Террористон, мутаассифона, тибқи паймони мазҳаби ва бо пайванд ба ақоиди дини амал менамояд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирии ҳамачониба дар соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони дини ташкил медоданд. Тачрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм– терроризми дини ба шумор меравад. Хусусияти дигари терроризми байналмилалии Шарқ ба марзҳои милли, минтақави, ба нажод ва қавм аҳамият надодани он аст. Барои онҳо фақат масъалаи уммати исломи аҳамият дораду бас. Ин гурўҳҳои террористи барои эҳё ва тачдиди хилофати исломи, ҳокимияти Қуръон ва чори сохтани шариати исломи чиҳод менамоянд.

Шак нест, ки терроризм дар пайи нест кардани низоми ичтимоист. Дигар мақсади терроризм самтбахшии афкори омма мебошад.

Истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи  калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони точики» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва мачозан ба маънои ҳилагар, маккор, айёр оварда шудааст. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафкани ва хунрези аз калимаи «таррор» гирифта бошанд. Бояд гуфт, ки хушунат, қурбонии ғайринизомиён, ваҳшатафкани, такони равони, ангезаҳои сиёси, дини, шахси, иқдомоти ғайриқонуни, баъди амали террористи содир кардани эъломия ва ба уҳда гирифтани масъулияти амали террористи кўшиши самтбахшии афкори омма чанбаҳои асосии терроризм мебошад.

Иттиҳоди Аврупо аз 30 кишвар ташкил ёфта, яке аз қудратҳои сиёси ва иқтисодии чаҳони имрўз аст. Худи қитъаи Аврупо дорои 50 кишвар ва 60 миллат ҳаст. Дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо терроризмро чурм эълон намуда, чазои онро дар қонунҳои чазоияшон пешбини намудаанд.

Чое, ки беадолати ва нобаробарии ичтимои мавчуд ҳаст, он чо терроризм реша медавонад. Хушунат ва таҳдид хусусияти хоси терроризм мебошад.

Онҳо бо як ваҳшонияти гўшношунид кормандони давлати,ҳифзи ҳуқуқ ва ғайри низомиёнро қурбон мекунанд. Ҳангоми «бархўрди тамаддунҳо» борои пайдоиши терроризм шароит ба вучуд меояд. Одатан, террористҳо афроди тундрав ва бераҳм ҳастанд. Эътиқод ва афкори ифроти, дини ва қавми доранд. Узвият дар созмонҳои террористи содаю осон нест, ҳамин тариқ баромадан аз ин гурўҳҳо хеле хатарнок аст.

Аз рўйи чуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлати, фаромилли, маҳали ва фарди тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбанди нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёси, дини, миллигарои, терроризми чаҳони, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаи, кимиёвию биологи тақсим намудаанд.

Дар тамоми ҳаракатҳои тундрав терроризми миллатгаро баҳри ҳадафҳои истиқлол, озоди, ҳокимияти милли мубориза менамояд. Навъи дигари терроризм терроризми сиёси аст, ки барои ба даст овардани дигаргуниҳои сиёсию ичтимои аз он истифода мекунанд. Ба ин кор гурўҳҳои террористие даст мезананд, ки қудрати мухолифати сиёсиро надоранд.

Наркотерроризм. Ин навъи терроризм аз зиддиятҳо ва рақобатҳои шадиди миёни қочоқ барои маводи мухаддир сар мезанад. Дар вақтҳои киштукор,

чамъовари, захира, интиқол ва фурўши он зиддиятҳо вусъат меёбанд.

Истилоҳи наркотерроризм нахустин маротиба соли 1983 аз чониби Президенти Перу Фернандо Белаунде Терри истифода бурда шудааст.

Бераҳмтарин навъи терроризм терроризми динист. Террористони дини дар динҳои ислом, насроният, калими (яҳудият), ҳиндуизм, буддизм ва дигар фирқаҳои мазҳаби ба чараёнҳои ифроти мансубанд.

Кибертерроризм. Ин навъи терроризм фазои иттилоотиро халалдор намуда, бо дохил шудан ба сайтҳои интернети таблиғи мақсадҳои ифротии худро ба роҳ мемонанд,барномаҳои парвози тайёраҳоро шикаста, садамаҳои ҳавои ташкил менамоянд.

Терроризми ҳастаи. Ин навъ гурўҳҳои террористон кўшиши ба даст оввардан ва истифода намудани силоҳҳои қатли омро доранд. Давлатҳое, ки дорои яроқи ҳастаи мебошанд, масъуланд онро маҳфуз нигоҳ доранд, то ки силоҳон ба дасти террористон наафтанд.

Соли 1980 заҳри «трикутсан», ки бо номи «борони зард» маълум аст бар зидди мучоҳидони афғон истифода шуд. Соли 1984 террористон аз маводи «солмонолез» ба воситаи неруҳои мазҳаби барои халалдор кардани интихоботи маҳалли дар ИМА истифода карданд, ки дар натича 751 нафар гирифтори бемории меъда гардиданд. Ду маротиба кормандони гумруки Канада дар солҳои 1993 ва 1995 ду нафарро, ки бо худ заҳри «ресану бутулин» доштанд, дастгир карданд. Ин маводи тарканда метавонист миллионҳо нафарро қурбон кунад. Баъзе гурўҳҳои террористи силоҳҳои радиологи, биологи ва кимиёвиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки амнияти милли ва байналмилалиро зери хатар мегузоранд.

Имрўзҳо ба мавчудияти инсон хатарҳои зиёде таҳдид менамоянд. Хатарҳое, ки ба ҳастии инсон таҳдид мекунанд, чангҳои миллию мазҳаби, мусаллаҳшавии давлатҳо бо силоҳи қатли ом, гармшавии иқлими чаҳон, метеориту астероидҳо, дуршавии моҳ ба шумор мераванд. Дар асри ХХ ва оғози асри ХХ1 шадидтарин чангҳои миллию дини ва инқилобҳои синфи рўй доданд, ки табиату инсон истисмор ва истило гардиданд. Буҳрони баҳри Кариб дар Куба чаҳонро андаке монда буд ба чанги атоми гирифтор намояд. Дар Ховари Наздик ва Миёна бархўрди манфиати давлатҳои абарқудрат боиси чангҳои динию мазҳаби ва ташкил ёфтани гурўҳҳои террористи гардидааст.

Ғайри бархўрди манфиати абарқудратҳо эътиқоди дини ва мазҳабии одамон мушкили дигарест, ки мутаассифона, аз тарафи созмонҳои террористи барои амали сохтани нақшаҳои нопок истифода карда мешавад. Ин эътиқодҳо боиси афзоиши нофаҳми ва ноороми миёни одамон гардидааст. Тўли таърих дар чомеаи инсони одамон ҳеч гоҳ ба як дину ба як мазҳаб эътиқод надоштанд. Гаравиш ба ин дину мазҳабҳо бисёр вақтҳо шудааст, ки падару писарро аз ҳамдигар чудо карда, онҳоро муқобили ҳам ба сангарҳои мухолиф кашидааст. Аммо воқеияти зиндаги тақозо мекунад, ки одамон новобаста аз эътиқодот, мансубияти қавмию нажодиашон бояд бо ҳам муттаҳид шаванд.

Танҳо муттаҳидию ҳамбастаги шарти асосии раҳоии инсоният аз хатарҳои ичтимои ва табии мебошад.

Инсон ба чаҳон маъни мебахшад. Шахс дар зиндаги бояд ҳадаф дошта бошад. Агар инсон ҳадафу мақсад дошта бошад, пас зиндагияш маъно пайдо мекунад. Инсони комил худро муқобили қувваҳои ваҳшии табиат ва чамъият мегузорад. Тамоми зиндагии инсон дар асл аз муқобилат ва талош иборат аст. Мо ҳамеша дар муборизаву пайкорем, аз ин рў, зиндаем. Ба қавли аллома Муҳаммадиқболи Лоҳури:

Соҳили афтода гуфт: Гарчи басе зистам,

Ҳеч на маълум шуд, оҳ, ки ман чистам.

Мавчи зи худ рафтае тез хиромиду гуфт:

Ҳастам, агар меравам, гар наравам, нестам!

Дар олами муосир чизе устувор нест. Мавчҳои «инқилобҳои ранга», «баҳори араб» ба қитъаҳои бутуни олам таҳдиди чидди доранд. Дар чунин шароит ба табақаҳои ҳассосу осебпазири чомеа диққати махсус мебояд дод.

Омўзгорони донишгоҳи исломи, намояндагони Шўрои исломии Точикистон, кормандони Маркази исломшиноси дар назди Президенти Чумҳурии Точикистон, Кумитаи дини назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон ба воситаи радио ва телевизиони чумҳурияви хеле кам ва он ҳам бошад, вақти моҳи шарифи рамазон суханрони мекунанду бас. Ҳол он ки миёни ходимони дин шахсони босаводу мавқеи фаъоли шаҳрвандидошта кам нестанд. Аз ходимони дин, олимони соҳа, кормандони ба ин соҳа алоқаманди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои фош кардани башараи манфури терроризм, тундгарои ва ифротгарои, фаҳмонидани мавқеи дину мазҳаб нисбати ин падидаҳои манфии чамъият тариқи воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ истифода бояд кард. Дар ҳар манзили шаҳрванди Точикистон радиову телевизион ҳаст ва онҳо ахбори лозимаро қабул намуда, мусаллаҳ мегарданд, маълумоти ибтидои пайдо мекунанд, мавқеи давлатро мушаххас мефаҳманд ва аз нигоҳи ҳуқуқи аз ин масъала низ огаҳи пайдо менамоянд.

Шояд кам касон донанд, ки дар Точикистон даҳҳо таълимгоҳҳои ғайриқонунии дини амал карда истодаанд, наврасон ва чавононро бо таълимоти ғайрирасмии дини фаро мегиранд, ки муҳтаво ва мундаричаи ин таълим ба касе маълум нест. Дар даврони шўрави дарсҳои дини шабона, пинҳони ба роҳ монда мешуданд. Рўҳан муллобачае,ки дар муҳити тарс пинҳони дарс меомўзад, аксаран афкори зиддидавлати хоҳад дошт. Натичаи чунин фаъолиятҳоро солҳои 90-уми қарни гузашта Чумҳурии Точикистон дид. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўрави чавонон ба тарзи оммави барои таҳсил дар таълимгоҳҳои дини ба Эрон, Покистон, Миср, Арабистони Сауди, Туркия ва дигар давлатҳои Шарқи Наздик барои таҳсил рафтанд. Ходимони диние, ки дар ин давлатҳо тайёр карда мешаванд, табиист, ки чаҳонбинии ҳамон давлатҳо ва гурўҳҳои дар он чойҳо фаъолият доштаро доранд. Арзишҳои динии дар он давлатҳо роич ба мағзашон чо шудаю ба эътиқодашон табдил ёфтааст. Онҳо ба ватан баргашта, ба дигарон дарс мегўянд ва пайравони худро пайдо мекунанд ва аз тарафи марказҳои кишварҳои хоричи маблағгузори карда мешаванд.

Тачрибаи гузаронидани аттестатсияи таълимгоҳҳои дини дар давлатҳои дигар вучуд дорад. Шояд ин тачриба дар Точикистон чори гардад. Онро якчоя бо сохторҳои давлатии ба дину оин сарукордошта ба роҳ мондан имкон дорад. Гузаронидани атестатсияи доимии имомхатибҳо, ходимони дин ва омўзгорони муассисаҳои таълимии дини ба мақсади мувофиқати касби, чаҳонбинии динию дунявии онҳо ба исломи ҳақиқи аз манфиат холи нест. Ходимони дин ҳатман ва танҳо дар дохили Точикистон тайёр карда шаванд.

Агар дар таълимгоҳҳои олии давлатии Чумҳурии Точикистон таълими асосҳои дин ба роҳ монда шуда, ба ин восита ходимони динии ба давлату миллат содиқ тарбия карда шаванд, нуран алонур мебуд. Ходимони дин, махсусан имомхатибҳо, онҳое ки ба таълимоти динии аҳоли сарукор доранд, бояд дорои ду маълумоти оли (дини ва дуняви) бошанд. Имону эътиқод ба ислом бошаду вале дониши дини набошад, одам метавонад ифротгаро шавад. Хоҳишмандоне ҳастанд,ки барои таълимоти дини гирифтани фарзандонашон онҳоро бо худ ба Федератсияи Русия, Чумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва ғайра мебаранд.

Солҳои охир дар чаҳон, аз чумла дар кишварҳои пасошўрави ва араби воқеият собит намуд, ки маҳз чавонон гурўҳи осебпазири чомеа мебошанд. Ҳама гуна тазоҳурот ва паҳн намудани идеологияву ақидаҳои гуногун маҳз ба воситаи чавонон тарҳрези мешавад. Дар ин чода фаъолияти дурусти Кумитаи кор бо чавонон, варзиш ва сайёҳии Чумҳурии Точикистон манфиати зиёде оварда метавонад. Гумон мекунам диққати асосиро чавонони дар маҳалҳо буда, талаб менамоянд. Имрўз масъалаи чавонон аз нигоҳи тафаккури онҳо, муносибат ба дину мазҳаб ва оинҳо ташвишовар аст. Ташаккули идеологии чавонон қариб ба ҳоли худ гузошта шудааст. Ҳол он ки тақдири ҳар миллату давлат ба масъалаи идеологи ва тарбиявию ахлоқии чавонон вобаста аст. Аз рўҳониёни суннати барои тарбияи насли нави рўҳониён ва умуман, тарбияи динию маънавии наврасону чавонон ба таври фаровон истифода бояд кард. Масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгарои ва тундгарои мақоми масъалаи стратегиро касб бояд намояд. Барои татбиқи он мақомоти давлати, ташкилотҳои чамъияти, ташкилоту муассисаҳои дини, ҳизбҳои сиёси ва воситаҳои ахбори омма якчояю бо мутобиқат амал намоянд.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлати, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо вазифаи кормандони ниҳодҳои қудрати ва хизматчиёни ҳарби, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Точикистони азиз аст. Ба ватани мо омилҳои хатарбори зиёде, мисли терроризми байналмилали, ифротгарои ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гурўҳҳои чинояткори фаромилли таҳдид менамоянд. Ин воқеият ба оромию суботи минтақа ва Точикистон хатар дорад.

Имрўз дар чаҳон масъалаи терроризмро ба дини мубини ислом нисбат додани мешаванд. Ин тарзи муносибат гаразнок буда, мутаассифона, тарафдорони худро дорад. Оё бо ин айби бардурўғ ба дини ислом ва фишору таҳқири мардуми мусулмон терроризмро маҳв кардан мумкин аст? Ҳаргиз не!

Ислом дини парҳезгори буда, эътиқодмандони худро аз рафтори номатлубу зиддиинсони нигоҳ медорад, сулҳпарвариро аз рисолҳои муҳими имони медонад. Айнияти ислом ба терроризм ва экстремизм ғалати маҳз аст.

Дар мисоли одамони муваффақ дар соҳаҳои гуногун барои чавонон тавассути васоити ахбори умум пешкаш намудани мисолҳои зинда ба манфиати кор аст. Мақсад он аст, ки чавонон намунаи одами муваффақро бибинанд ва ба он пайрави намоянд. Манзурам он аст,ки воситаҳои ахбори омма барои чавонон идеал офаранд ва он симо боиси пайрави гардад.

Боиси ташвиш аст, ки ҳоло 1094 нафар чавонони гумроҳи точик дар сафҳои гурўҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» мечанганд. Суханони канслери Олмон Ангела Меркел дар бораи ислом ва мусулмонон барои ҳар як мусулмон бисёр нанговар аст, вале афсус, ки ҳақиқат аст. Ана, ин суханон: «Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳоли 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар вазъи сулҳ

зиндаги мекунанд. Мусулмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст. Қотилаш мегўяд: Аллоҳу Акбар! Мақтулаш ҳам мегўяд: Аллоҳу Акбар! Ва куштаҳои ду тараф «шаҳид» номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутаввачеҳ нестем дин чист». Чи қадар нанговар! Аммо чи метавон кард, ки ҳақиқат аст. Шояд суханони хонум Меркелро хонда, ҳар як мусулмон мақоли «муъмин бародари муъмин»-ро ба ёд биёранд.

Имрўз чаҳон субот надорад,ҳайфе,

Як ними замин хоб надорад, ҳайфе,

Аз чанги Сауд бо Яман сад тавба,

Муслим бародари надорад, ҳайфе.

Танҳо моҳи март чаҳор нафар шаҳрванди Точикистон бо иттиҳоми зархариди ва қасди ширкат дар чангҳои Сурия ҳукми зиндон гирифтанд. Ҳамаи онҳо аз сўйи мақомоти Туркия дар марз бо Сурия дастгир шудаанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ботирали Чалоловро 7 сол аз озоди маҳрум намуд. Ботирали ҳангоми муҳочират дар Федерастсияи Русия тариқи шабакаи «Одноклассники» бо шаҳрванди Чумҳурии Ӯзбекистон бо лақаби «Абумайрам» шинос шуда, даъвати ўро барои пайвастан ба террористони «Давлати Исломи» пазируфт ва 13-уми октябри соли 2015 ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Истанбули Чумҳурии Туркия парвоз кард. Аммо дар сарҳади Сурия аз сўйи мақомоти Туркия дастгир ва ба Точикистон фиристода шуд.

Назарали Сафарзода, ки дар шаҳри Санкт-Петербург тавассути ҳамватанаш А.Х.Доров ба созмони террористии «Давлати Исломи» шомил гардида буд, рўзи 7 октябри 2015 бо ҳавопаймо ба Истанбул парвоз намуд. Назарали низ вақти гузаштани сарҳади Сурия ба даст афтод ва ба Точикистон баргардонида шуд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Назарали Сафарзодаро ба 7 соли зиндон маҳрум кард.

Заррина Сардорова соли 2015 ҳашт моҳ дар Сурия ба сар бурдааст. Дар сомонаи ичтимоии «Одноклассники» бо ҳар ном саҳифаҳо кушода, худро «зани чиҳоди» муаррифи мекард. Ӯ тариқи интернет бо Маърифат ном зани узви «Давлати Исломи» шиносои пайдо намуда, бо даъвати ў 23 январи соли 2015 ба Истанбули Чумҳурии Туркия парвоз намудааст. Ҳамроҳи Маърифат ва шавҳари вай аз сарҳад мегузарад ва дар шаҳри Дайруззори Сурия ба чиҳодиён ҳамроҳ мешавад. Бо супориши роҳбарияти ташкилоти террористии бо ном «Давлати Исломи» ба чалби шаҳрвандони Точикистон ба сафи чиҳодиён машғул шуд. Ба пайвандон ва дўстонаш паёмакҳо фиристода, онҳоро ба фаъолияти экстремисти даъват менамуд. Заррина Сардорова тибқи моддаҳои 307 қисми 2 ва 401-и Кодекси чиноятии Чумҳурии Точикистон ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Точикистон (КДАМ)-и Чумҳурии Точикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус дар деҳаҳои Даҳана ва Шўрча, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 12 нафарро бо иттиҳоми тарғиби ғояҳои ифротгароии динии ташкилоти экстремистии «Чиҳодгароён» ва даъвати мардум барои барпо намудани хилофат дар Осиёи Маркази дастгир намуданд.

Тавре,ки маълум шуд роҳбари ин чамъияти «Чиҳодгароён» шаҳрванди Точикистон, зодаи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон Алишер Каримов бо лақаби «Мулло Али» будааст. Ҳамдеҳагонаш ва пайравонашро гирд оварда, ба чалби чавонон ба сафи мучоҳидон машғул мешавад. Ӯ чавонони гумроҳро ба Чумҳурии Туркия мефиристод ва баъди дар он чо мағзшўйи шуданашон, онҳоро ба Чумҳурии Сурия мефиристоданд. Ба воситаи интернет ба ҳаммаслакони дар Сурия будаи худ дар тамос буд. Алишер Каримов, муътақидони худро ба воситаи Афғонистон–Покистон–Сурия ба сафи «Давлати исломии Шому Ироқ» мефиристод. Ба ҳар як чалбшуда 500–600 доллар медод.

Мулло Али шахсан чанд маротиба гурўҳҳои чавононро бо канорароҳҳои ноҳияҳои Ёвону Шўробод тарафи Афғонистон бурда, онҳоро ба чиҳодиёни афғон супоридааст. Тафтиши аъмоли Алишер Каримов давом дорад. Вазорати корҳои дохилаи Чумҳурии Точикистон Шамсидин Фатҳидинови 30 сола ва Саймубиддинов Самовиддини 28 солаи сокини ноҳияи Чиликўлро боздошт намуд, ки қасди тарконидани бинои Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро доштанд. Шамсиддин Фатҳиддинов ба дарачае ифроти шудааст, ки худро бо мошини мучаҳҳаз бо маводи тарканда дар назди бозори шаҳри Мосули Сурия таркондан шудааст. Фатҳудинов ва Саймубиддинов тариқи Чумҳуриии Туркия ба Федератсияи Русия ва аз он чо ба Чумҳурии Точикистон баргаштанд.

Бо мақсади тарконидани бинои Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон Шамсиддин ва Савомиддин зарфҳои газдору мошин тайёр карда буданд, вале хушбахтона, ба даст афтоданд. Тафтишот идома дорад.

Дар дигар нуқтаҳои чаҳон террористон даст ба таркишу амалҳои дигари даҳшатовар мезананд. Дар таърихи 27 марти соли 2016, дар боғи «Гулшани Иқбол»-и шаҳри Лоҳури Покистон маргталабе худро тарконд. Ин таркиш 72 қурбони ва зиёда аз 300 захми боқи гузошт.

Дар санаи 22 марти соли 2016 таркишҳо дар Брюселл, дар метро ва дар фурудгоҳ боиси марги 34 нафар гардиданд. Тўли таърих империяҳо, шоҳигариҳо, қавитарин лашкарҳо, чаҳонитарин динҳо ва бисёре аз кишварҳо, нажодҳою миллатҳо маҳз аз ихтилофи назарҳо таназзул ёфтанд. Ҳама гуна низоъҳо, чи қавми, чи динию мазҳаби ва маҳалли, аз ихтилофи назари табақаҳои гуногуни ичтимои маншаъ мегиранд.

Чараёни равандҳои сиёси собит менамоянд, ки ихтилофоти ичтимои бо дахолдат аз берун бо дахолати тарафи сеюм буҳрони мешавад. Гурўҳи сеюм танҳо ба хотири ба вучуд овардани вазъи буҳрони яке аз тарафҳои даргирро дастгири намуда, таваччуҳи чомеаро самти ба худашон зарур мебахшанд ва бо ин пардаи «харчу марч»-и сиёсию ичтимои мақсадҳои нопоки худро пиёда мегардонанд. Аз рўйи мақоли англисии «тафриқа андозу ҳукмрони намо» амал намуда, давлатҳои бутунро ба пораҳо тақсим менамоянд (Олмонҳои демократи ва федороли, Судон, Гвинея…). Ин кишварҳо ба ду давлат ва Гвинея ба се давлат тақсим шуданд. Дар чунин ҳолати воқеии парокандаги аз пешрафти иқтисоди, ичтимои ва сиёси ҳочати гап нест. Дар кишвари Ироқ вақти сари қудрат будани Саддом Ҳусейн таълим,табобат ройгон буду суботи чамъият пойдор, аммо манфиати давлатии ИМА ин кишварро ба бесуботию хунрези мувочеҳ гардонид. Саддом Ҳусайн моҳи декабри 2006, рўзи иди Қурбон ба дор овехта шуд. Имрўз Чумҳурии Ироқ як давлати ноамн, гирифтори таркишҳою макони гурўҳҳои террористи гардидааст, аммо аз яроқи қатли оми Ироқ то имрўз дараке нест. Шояд ИМА аз ҳисоби нафти Ироқ харочоти дар Афғонистон кардаашро пўшонидани (чуброн) кардани буд? Шояд. Ироқи имрўз низ се пора аст. Дар шимолу шарқ гурўҳи террористии ДИИШ хилофати худро бунёд кардааст. Минтақаҳои курднишин талоши истиқлолиятро доранд. Ва ниҳоят пораи дигар минтақаҳои зери назорати артиши ҳукуматии Ироқ.

Талоши абарқудратҳо барои пиёда гардонидани манфиатҳои миллии худ дар нуқтаҳои гуногуни олам боиси пайдоиши ҳаракату гурўҳҳои террористи мегардад, ноамнию бесуботию бесару сомониро боис мешавад.

Дар таърихи 16 декабри соли 2014 аъзои ҳаракати Толибони Покистон иборат аз 9 нафар ба мактаби кўдакону наврасон воқеъ дар шаҳри Пешовар ҳамла намуда, 132 кўдак ва 9 омўзгорро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Дар ин миён писараки 9-сола низ буд. Навоз Шариф, сарвазири Покистон баъди ин ҳодиса ҳукми қатлро барои террористон, ки қаблан манъ шуда буд, дубора чори кард.

Худи ҳамон рўз дар Чумҳурии Ироқ 150 духтару зан (қисме занони ҳомила) ва кўдакон аз тарафи силоҳбадастони ДИИШ қатл карда шуданд. Сабаб он буд, ки ин занону духтарон аз ҳамхобаги бо чангиёни ДИИШ сар печиданд. Маъракаи интихоботи дар Чумҳурии Исломии Афғонистон бо иштироки Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғани Аҳмадзай ва ғайричашмдошт дастболо шудани охир чомеаи Афғонистонро метавонист ба гирдоби чанги қавми кашад. Ба хотири оромиши Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ аз даъвои президенти гузашт ва вазифаи сарвазири Афғонистонро ба уҳда гирифт. Ба ин монанд Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон Эмомали Раҳмон барои якпорчагии кишвар, Ваҳдати милли чон ба каф гирифта, оқибат Точикистонро ба як давлати воҳид, марзи сулҳу субот табдил дод. Шубҳае нест, ки Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар Афғонистон аз тачрибаи сулҳи точикон истифода намояд.

Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон мухолифинро ба Ватан баргардонид, ба сохторҳои идории давлати шомил намуд ва бо ин суботи чамъиятию сиёсии Точикистонро таъмин кард. Аммо кўрнамакҳо низ буданд. Баъди соли 1997 то имрўз силоҳбадастони мухолифини точик на як бору ду бор хиёнатро нисбати миллату давлати худ раво диданд, аз қабили Мирзо Зиёев (Тавилдара), Алии Бедаки, Мулло Абдулло (Рашт), Абдуҳалим Назаров (Ҳочи Ҳалим қасди табадулоти давлати дошт). Ҳамаи ин магар терроризм нест? Бешубҳа, терроризм аст. Терроризмест, ки дар ҳар як давлат бо башараи хоси худ, вале мазмунан ҳама чо яксон, бо тарсондани мардум, дар дили онҳо чой кардани воҳима пайдо мешавад. Бо вучуди ин, чунончи дар урфият дар ин маврид мегўянд:

Ба ҳар ранге, ки хоҳи чома мепўш,

Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

Зубайдулло Давлатов, сармутахассиси

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Чумҳурии Точикистон 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *