ФАРҚ БАЙНИ КАБИРИЮ МУҲАММАДИҚБОЛ ВА ШАЙТОН ДАР ЧИСТ?

ФАРҚ БАЙНИ КАБИРИЮ МУҲАММАДИҚБОЛ ВА ШАЙТОН ДАР ЧИСТ?

ТАҲЛИЛ. Рости баъди тамошои якчанд наворҳои видеоии кабирию муҳаммадиқбол, ба худ истодаму савол додам, ки фарқ байни КАБИРИЮ МУҲАММАДИҚБОЛ ва ШАЙТОН дар чи бошад? Бояд бигуям, ки хело фикр кардам ва ҳақиқатро низ дарёфтам. Маълум гардид, ки Кабирӣ ва муҳаммадиқболи садриддин худи шайтон будаанд, ҳатто аз он образҳое, ки ба шайтон сифат медиҳанд, дар пеши амалҳои инҳо хело камаст! Ин ҳарду аз шайтонҳам шайтонтаранд.

Рӯзҳои охир, аниқтараш баъди пахши филми ҳуҷҷатии “ХИЁНАТ”, мисли фоишаҳои сиёсӣ беқарор шуда, бо омода кардани филмҳои сохтаву бофтаи худ машғуланд. Ин фоҳишаҳои дар аврупо саргардон худро ҷилваи сиёсӣ дода “гуё” як қувваи бузурганду баъзе аз собиқ кормандони давлатӣ, муҳоҷирони меҳантӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба онҳо бовар карда, арзу шикоят мекарданд… бо омода кардани чунин наворҳои дуруғин  ҳақиқатҳои таърихие, ки ҷиноятҳои нобахшидании онҳоро собит мекунад, мехоҳанд ҳамаашро бе поя хонанд.

Дар асл ҲАҚТҚАТ ИН АСТ, КИ яке аз наҳзатӣ ба наҳзатии дигар, яъне муҳаммадиқбол занг мезанаду худро яке аз собиқ кормандони Кумитаи амнияти миллӣ муаррифӣ карда, мегуяд фирори зиндониёни соли 2010 ва ҳамла ба сарбозони вазорати мудофиаро, ки дар натиҷа 25 сарбоз кушта гардида буданд, худи Ҳукумат ташкил карда буд. Ё ин ки ба ҳамин монанд як муҳоҷири дигар занг мезанаду чунон бо эҳсосот рузгорашро таъриф мекунад, ки шояд аз чашмаш ҳам ашк ҷорӣ шавад. Аҷабе ҳам нест, ки инҳо курси актиёриро низ машқ мекарда бошанд. Бояд дарк кард, ки ин қадар сенария навистан, ин қадар стендап омода кардан, ин қадар дуруғ бофтан ҳам кори осон нест. Адабӣ карда гӯем андозаи пас калон мешавад.  Ба ин хотир бояд иқрор шуд, ки наҳзатиҳо сахт меҳнат мекунанд.

Бо ин амалашон наҳзатиҳо мехоҳанд корҳои сиёҳи худро дар пеши мардум сафед бикунанд, аммо дасте, ки бо хун олудааст баъди шустан ҳам бӯяш мемонад. Ҳарчанд ин фоҳишаҳои сиёсӣ кӯшиш кунанд, ки гардани ҳақиқатро бо худсафедкуниву суханпардозӣ шикананд, аммо ҳақиқат қад мешавад, вале намешиканад.

Табиати иғво андохтан, бадбинӣ, дурӯғгӯӣ, ҳақиқатро инкор кардан, дар ҳаққи касе ва чизе ғаразгӯӣ кардан хоси наҳзатиён ва роҳбарашон Кабирӣ аст. Чунин одамон омодаанд, барои манфиати шахсӣ аз баҳри тамоми муқаддасот – Ватан, миллат, мазҳаб, хонаю дар гузаранд. Онҳо барои расидан ба мақсади нопоки худ ҳозиранд, ҳазорҳо одамонро кушта гузоранд, миллионҳо ҳамватанонро ватангадо, яъне гуреза кунанд, садҳо кӯдакро ятиму бепарастор намоянд. 

Ҳамаи инро мардуми мо дар симои наҳзатиён ба чашми худ диданд ва солҳои навадум бо гуноҳи нобахшидании онҳо тамоми хорию зориро аз сар гузаронданд.

Вақте аз он рӯзҳо ёдовар мешаванд, шоҳидони ҳол аз Худо илтиҷо менамоянд, ки дигар он рӯзҳои мудҳиш ба сари мардум наояд.

Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки Кабирӣ ва думравонаш аз карда пӯшаймон нестанд. Онҳо гуноҳи дар назди Ватан, миллат ва дину мазҳаб кардаашонро дар ин дунё шустан намехоҳанд. Яъне иқрор намегарданд, ки маҳз бо дастури хоҷагони хориҷӣ ва бо иғвоандозии  онҳо миллат, ду бародари як падару модари тоҷик ба муқобили якдигар бархестанд.

Баъди тираш ба ҳадаф нарасиду амали хиёнаткоронааш ошкор гардид, дума ҳода карда, рӯ ба гурез овард. Албатта дар Ғарб худро мӯсичаи бегуноҳ ва гурезаи сиёсӣ муаррифӣ намуда, то имрӯз аз сомонаҳои интернетӣ нисбати Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат суханҳои подарҳавои ғаразона паҳн менамояд.

Кабирӣ ту гумон накун, ки мардуми кишвар чизеро намедонаду ту гулашон мезанӣ. Мо хуб медонем тӯҳмат задан, иғво андохтан ин вазифаи ту ва ба ибораи дигар ҷойи кори туст. Мо хеле хуб медонем, ки барои ин амали пасти инсонӣ ба ту маблағ медиҳанд ва аз пули ҳаром вуҷуди фарзандонатро чун забон ва вуҷуди ҳароми худ ҳаром мегардонӣ. Он чи ту мегӯӣ ва менависӣ дар назди мардуми сарбаланди тоҷик қадре надорад.

Зимни ташкили саволу ҷавоби видеоии Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол дар баробари бисёр маккор буданашон, хислати дигарашон ҳам аён шуд, ки хоси арӯсон аст. Одатан арӯсон дар бари худ дугонаҳои аз худашон безебтар мегиранд, то дар маҷмуъ зебову дилфиреб намоянд. Кабирӣ ҳам ба сифати модератори сӯҳбатҳои худ Алим Шерзамонро, ки бо лакнат сухан мегӯяд, интихоб кардааст, то дар фони ӯ хушсухании худро ба намоиш гузорад. Ҳол он ки дар ду суҳбати кардааш гапи наве, ки кирои шунидан дошта бошад, нагуфт.

Мо, сокинони мамлакат  ҳамарӯза шоҳиди як дастовард, бунёди як иншооти бузурги аср  мегардем. Тоҷикистон дигар он Тоҷикистон нест, ки 10- 15 сол пеш буд.  Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва сатҳи зиндагии мардум пайваста боло меравад. Агар касе ба ин дастовард ва пешравиҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ғаразона нигарад ва меҳнату заҳмати Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нодида гирад, Худо кӯраш мекунад.

Сухани пандомези дигаре ҳам ҳаст, шояд ту надонӣ.Чунки як умр дар орзуи пул ҳастию курсии роҳбарӣ. Иншоолоҳ ҳар дуяш ҳам насибат намекунад. Мегӯянд, кӯр асояшро як бор гум мекунад. Мардуми мо аз қафои шумо ҳайвонҳои одамсурат рафта, як бор асояшонро гум карданд, (фиреб хӯрданд) дубора онҳоро ба доми тазвир андохтан, ба муқобили давлат бархезонидан аз имкон берун аст.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *