ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Истиқлолияти комили давлатӣ пеш аз ҳама дар замини худшиносии миллии мардум, дарки дурусти манфиатҳои миллӣ ва талошҳои пайвастаи онҳо баҳри расидан ба он ба вуҷуд меояд. Миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо ормони ташкили давлати мустақили миллӣ умр ба сар мебурд ва дар тӯли ин ҳама давронҳои сангину тӯлонӣ баҳри расидан ба давлату давлатдории миллӣ ва мустақилияти комил ҷони садҳо фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст доданд. Ҳазорон шукр, ки мо имрӯз давлати миллии худро дорем ва бо азму талоши мардуми ватандӯст, бо меҳнати созанда ва талошҳои хастанопазир ба ояндаи босаодат раҳнамун месозем. Донишмандони тоҷик дуруст қайд кардаанд, ки  ҳақиқати таърихӣ ва сабақе, ки дар оғози истиқлолияти ватанамон бардоштаем, нишон медиҳанд, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ба маротибаҳо аз ба даст оварданаш мушкилтар аст.

Истиқлолият дар масири шинохти воқеии давлатҳои сайёра нақши бориз дошта, барои муаррифисозии забон, фарҳанг, миллат ва илму адабиёти халқҳои ҷаҳон таъсири бузург дорад. Аслан давлатро бо истиқлолияту забони миллаташ мешиносанд ва дар дигар самтҳои фаъолияти давлатӣ бо он ҳамкорӣ суръат мегирад. Аз ин лиҳоз дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин вазифаи ҳар сокини кишвар маҳсуб меёбад. Яке аз талаботҳои муҳими пойдории Истиқлолияти давлатии ҳар як кишвар пеш аз ҳама расидан ба истиқлолияти фикрӣ ва худшиносии афроди ҷомеа аст.

Равшанфикрон ба ин назаранд, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳазорсолаҳо орзуяшро дошт ва ба ин ормони миллӣ расид. Боиси ифтихор ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки имрӯз 29-умин солгарди Истиқлолияти давлати миллӣ ва ормонҳои гузаштагони худро бо дастовардҳои зиёд ҷашн мегирем, ки худ бозгӯйи пешрафту тарақиёти Ватан зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст.

Аммо ҷойи зикр аст, ки дар баробари ин ҳама дастоварду пешравиҳои назарас ҳоло ҳам сатҳи дониш, тафаккур ва худшиносии мардуми Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ нест. Ҳоло ҳам дар сатҳи як миллати комил фикр карданро наомӯхтаем. Ин воеъият бозгу аз он мекунад, ки худшиносии миллӣ дар мардуми мо намерасад. Ҳанӯз марҳум Муҳаммадҷон Шукурӣ дар китоби «Хуросон аст инҷо», навишта буданд, ки: «ҷой пӯшида нест, ки мо худро кам мешиносем, таърихи миллати хешро намедонем ва ё сатҳӣ медонем…» аз ин лиҳоз омӯзгоронро лозим аст, ки бидуни кадом мактабу Донишгоҳе набошад, хонандагону донишҷуёнро дар рӯҳияи худшиносиносиву ходогоҳии миллӣ ва ру овардан ба илм тарбият намоем, моҳияти Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро ба онҳо фаҳмонем, дар чунин мавзуҳо мақолаву андешаҳо эҷод намоем ва тарғибу ташвиқ бикунем. Ин беҳтарин роҳест, ки мо насли миллатамонро рӯ ба худшиносии миллӣ меорем, то онҳо дар оянда давлату миллатамонро соҳибӣ карда тавонанд. Миллати камсаводу худноогаҳ ба ҳеҷ ваҷҳ дар мунсибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи хосро пайдо карда наметавонад ва зуд шикаст мехурад. Бо дарки амиқи воқеият Пешвои миллат ҷиҳати боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷамеъа ба ин қишри ояндасозӣ давлату миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.

Миллати азияткашидаи тоҷик ба хуби дар хотир доранд, ки аз оғози Истиқлолият, Тоҷикистон чи тавр дар гирдоби ошуфтагӣ, беқонунӣ, ҳараҷу мараҷ ва ҷанги бародаркуш қарор гирифт. Дар ин айёми мусибатбор Тоҷикистонро аз фано шудан, фосилае ба қадри як сари мӯ ҷудо мекард. Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусаллаҳ мансуб ба ташкилоти террористӣ-экстримистии наҳзати ислом қарор доштанд. Мардум бо сабаби даргириҳои байни гурӯҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб ба сар мебурданд. Ин ҳама мусибатҳо далоили объективӣ ва субъективии худро дошт. Дар асл моро аз бедонишиву худноогаҳӣ ва маҳалгароиямон истифода бурда, ба ҷанги бародаркуш кашиданд. Сад шукр, ки он рӯзҳо сипарӣ шуду мо имрӯз дар фазои тинҷу оромӣ Ватан умр басар мебарем.

Миллатҳое, ки аз китобхонӣ ва ру овардан ба илмҳои замона канора ҷустаанд, дар банди таассубу хурофотҳои динӣ ғутидаанд, ҳамин аст, ки чунин миллатҳо арзишҳои динро танҳо дар шарҳи андозаи ришу саллаву сатр ва ҷиҳод мебинанд. Ҳоло он, ки дар ягон оёти Қуръон дар бораи саллаву риш ва ё моҳияти ҷиҳодро — қатлу куштор эълон карда бошад, чизе гуфта нашудааст. Аммо назарияпардозони таассубгари динӣ бо роҳу усулҳои маъмулӣ, махсусан аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ва барномаҳои телевизеониву радиоӣ тамоми назарияҳои фалсафии равшанфикронӣ Ғарбу Шарқро ва кашфиётҳои созандаи илмҳои табииро бепоя арзёбӣ намуда, ҷавонони акнун ба кофтуковҳои илмӣ пардохтаро бо андешарониҳои ҷазмиву хаёлӣ ва бо паҳн намудани адабиётҳои террористиву экстримистӣ ва хуруфотӣ назару афкорашонро банд месозанд. Яъне, мутаассибон ба хотири пешгирӣ аз рушди илму технология аз дин сӯистифода намуда, бо сохтани ҷомеаи таассубӣ мардумро ба механизми иҷрои андешаҳои муғризона ва ифротгароёнаи худ табдил медиҳанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ моро лозим аст, ки аз диди нав ба арзишҳои маънавии мероси тамаддуни оламгири худ назар афканем ва онҳоро аз нигоҳи илмӣ ҳаматарафа мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор диҳем. Чунки мардуми Тоҷикистон аз арзишҳои фарҳангиву маънавии миллӣ, ки расму русум ва сирати миллати тоҷикро ташаккул додаст, шинохти дуруст надоранд. Ҳамин мушкилист, ки аксаран муллову ходимони динамон дар мавъизаҳояшон танҳо фарҳангу тамаддуни арабро тарғибу ташвиқ мекунанд. Ким кадом арабе, ки бо қатли ҳаммиллатони мо дарёи хунро ҷорӣ карда буд, бо ифтихор онҳоро таъриф мекунанд. Ҳатто барои кадом арабе, ки дар ҷангҳои худашон фавтида будааст, чунон гиря мекунанд, ки ба сухан тавсиф карданаш мушкил аст. Араб мурд, аммо ба мо чӣ? Охир чаро мо барои марги ҳазорон фарзандони миллати худ, ки дар роҳи озодӣ, истиқлолият ва ба ваҳдат расидан ҷони худро дареғ надоштанд гиря накунему барои араб гиря бикунем? Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки мо ҷоҳилу ақибмонда будему арабҳо омада моро тамаддуну фарҳанг омӯзонданд. Дар асл баръакс аст. Замоне, ки мо тоҷикон (мардуми ориёинажот) тамаддуну фарҳанг доштем, низоми давлатории пешрафта доштем, арабҳо дар биёбонҳои нимҷазираи араб мисли ҷамъияти ибтидоӣ зиндагӣ мекарданд. Исломро фарзандони миллати тоҷик ислом карданд, ҳамеша парчами ислом бо илм дар дасти мо буд. Фарзандони миллати тоҷик, аз ҷумла, Имоми Аъзам, Имом ал-Бухорӣ, имом Ғазолӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигар барои ислом хизматҳои бузргро кардаанд. Дар ҳамин маврид Лоиқ Шералӣ сухани ба маврид гуфтаанд:

Манам орёӣ, ки ишқ эълон кардаам,

Ҷаҳонеро сафо инъом кардам.

Худову анбиё аз ман бинозанд,

Ки ман исломро Ислом кардам.     

Гузаштагони мо дини мубини исломро то ҷое тавонистаанд аз тобишҳову чолишҳои арабгароии лашкариёни араб зудуда, сипас пазируфтаанд. Халифаҳои араб ва лашкариёни мутаасиби арабгаро, мардуми тоҷикзабонро бинобар надонистани забони арабӣ, «аҷамӣ», яъне гунг номида, дар талош буданд, ки ҳар чӣ пайваста ба фарҳанги ориёӣ бошад аз беху бунаш канда, фарҳанги арабиро ҷойгузин кунанд. Арабҳо зери ниқоби дин чунон моҳирона миллати араб сохтанд, ки миллатҳои ғайри араб пай набурданд, ки 1400 сол аст онҳо асолати худро фаромӯш карда, араб месозанд. Махсусан, тоҷикон. Ин раванд то имрӯз низ идома дорад. Аз замони ҳукумронии халифаҳои аббосӣ, тамоми арабҳо худро таббаруку муқаддас ва ходимини ҳарамайн муаррифӣ мекарданд, андозу ҷизияи ҳангуфт бар души ғайриарабҳо таҳмил мекарданд. Ин ноадолатиҳои бардавоми арабҳоро шермардони тоҷик дигар таҳаммул накарданд, барои нигаҳбонии аслу насаби тоҷикии хеш сар ба савдо гузоштанд. Ин ҳама таҳқиру заҷр нахуст қиёми Абӯмуслими Хуросониро барангехт, вале бо макру ҳилаи ноҷавонмардонаи Мансури Аббосӣ, Абӯмуслим ба қатл расонида шуд. Аммо бо ин аббосиён натавонистанд садди роҳи ҷунбишу қиёмҳои тоҷикон гарданд. Қиёмҳои интиқомҷӯии пай дар пайи зиддиарабӣ ва зидди халифаҳои аббосии тоҷикон, пас аз марги Абӯмуслим шиддати бештар гирифт. Пас аз Абӯмуслими Хуросонӣ, Ҷунбиши дар торих овозаманди Муқаннаъи ниқобпӯш аз Бухоро бархоста, бо номи «сапедҷомагон» ҳазорон ҳазор мусалмонону зартуштиёнро алайҳи халифаҳои аббосӣ барошуфт ва пас аз муборизаҳои 4 – 5 сола 2000 нафар пайравони Муқаннаъ ба рағми эътироз, дар назди мардум худро оташ зада, ба арабҳо таслим нашуданд.  

Назар ба сарчашмаҳои арабӣ дар миёни асрҳои VIII – IX мелодӣ дар Хуросон ва Вароруд 109 қиёмҳои зиддиистибдодӣ сурат гирифтааст. Натиҷаи ин ҳама қиёмҳои хунини тоҷикон буд, ки соли 822 Тоҳири ибни Ҳусейн Истиқлолияти Хуросонро аз халофати Бағдод эълом дошт. Сипас Яъқуб Лайси Саффорӣ истиқлоли давлати тоҷиконро эълон карда, ба ҷойи забони арабӣ забони тоҷикии дариро расмӣ донист. Сипас, Исмоили Сомонӣ давлати Сомониёнро таъсис дода, пурра Истиқлолияти Хуросону Ворорудро эълон намуд. Маҳз хизматҳои Исмоили Сомонӣ дар ин раванд барои башарият ниҳоят бузург аст. Исмоили Сомонӣ бо ин кораш на фақат тоҷиконро аз арабишавӣ наҷот дод, балки тамоми миллату халқиятҳои минтақаро аз арабишавӣ наҷот додааст. Ногуфта намонад, ки мардуми Мисру Сурия ва Ироқ дар гузашта араб набуданд, бар замми он, ки тамадуну фарҳанги бой доштан, аммо зери таъсири сиёсатҳои арабисозии миллатҳо аз ҷонибӣ хилофати Абосиёну Умавиён, араб шуданд.

Дар дарозои таърих миллати тоҷик шебу фароз ва озмоишҳои бисёр сангинро паси сар намуда, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ дошт ва хушбахтона имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ баъзе назарияҳои илмии асоснокшудаю ба воқеият табдилёфтаро ба гузаштагони мо мансуб медонанд.

  Новобаста аз он, ки Истиқлолият барои халқи Тоҷикистон осон ба даст омад, аммо бар асари оғози хушунатҳою бадбиниҳо ва ҷаҳди мансабталошии садорати аҳзоби сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ  кишвари соҳибистиқлоли навтаъсис маҷбур шуд, ки ҷуброни сахту сангинро интизор бошад. Аниқтараш аз сустии пояҳои давлатдорӣ ва заифии андешаи миллӣ, ҳануз ҳам ба умеди кохи забунёфтаи Шӯравӣ мондани роҳбарияти онвақтаи Тоҷикистон, инчунин рӯз аз рӯз зиёд шудани мушкилоти иҷтимоию сиёсӣ  авзои сиёсии кишвар ноором гардида, ин ҳодисот оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонд.

 Бадбахтона дар ҳамон шабу рӯз тафаккури миллатсозию давлатсозӣ дар умқи дили рушанфикрону сиёсатмадорони давр ва азҳоби сиёсӣ ба таври маҳдуд мечархид. Номуайянию набудани элитаи сиёсии муқтадиру миллӣ, ҳамзамон дахолати бегонагон ба сиёсати дохилии кишвари мо Тоҷикистонро ба майдони ҳарбу зарби ҷанги шаҳрвандӣ таҳрик намуд ва бадбахтона то имрӯз миллату давлати мо аз ҷабри он рӯзҳо нараҳидааст. Ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои бадкору хиёнаткор ба монанди ташкилоти террористӣ-экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ дар фикри таъсиргузорӣ дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии мо мебошанд ва дар ин масир танҳо фаъолияти воқеъбинонаи мо шаҳрвандон  метавонад барои амалисозии мақсадҳои нопоки онҳо садди боэътимод бошад.

Ба ҳар суръат, Тоҷикистон алорагми ҳама тангназарию бадбинӣ  имрӯз ҳамаҷониба пеш меравад. Ҳар як гӯшаи Ватан бо азму иродаи қавии сокинон ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон рӯз аз рӯз боло меравад.

 Душвортарин муаммои мо дар зарфи солҳои соҳибихтиёрӣ ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохтори ҳокимият ҳалли мусби худро ёфт. Имрӯз дар заминаи наздик шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ саноатикунонии  босуръати истеҳсолот ҳамчун ҳадафи чаҳоруми давлат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли амалишавист. Ин раванд барои рушди иқтисодӣ миллӣ, бахусус таъмини  аҳолии қобили меҳнат ба ҷойҳои кори доимӣ, истифодаи ашёи хоми ватанӣ ва дар маҷмуъ афзоиши даромадҳои давлатӣ мусоидат мекунад.

Дар арафаи 28-умин солгарди таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»  ҳамчун рӯйдоди таърихии арзишманд барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хеле азизу муқаддас буда, обрӯю нуфузи давлати соҳибихтиёри моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мебардорад.

 Истиқлолият он интизориҳое, ки мардуми мо дошт барои  ҳар яки мо фароҳам овард. Дар ҳоли ҳазир бо шарофати соҳибистиқлолӣ ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат баробар рушд карда, бо шарофати раванди ҷаҳонишавӣ ва огоҳӣ пайдо намудан аз пешрафту тараққиёти давлатҳои  сайёраю ҳамкориҳои мутақобилаи байнидавлатӣ Тоҷикистони  маҳбуби мо рӯз аз рӯз  ободу зебо мегардад.

Ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиро дарк карда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти миллию давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва пешрафти ватани азиз нерӯю заҳмати  худро  дареғ  нахоҳанд  дошт.  

Мардуми Тоҷикистонро месазад, ки аз рӯзҳои сиёҳи таърихи худ ибрат гирифта, ҳамеша бар ин нуқта фикр бикунем, ки агар тоҷикон ба ваҳдати миллӣ намерасиданду душманони миллати мо – онҳое, ки мехостанд мамлакати моро пора-пора кунанду Тоҷикистонро аз сафҳаи харитаи ҷаҳон номашро ҳазф созанд, ба мақсади нопоки худ мерасиданд, шояд, ки мо тоҷикон баъди ҳазор соли дигар ҳам ба давлати миллӣ намерасидем. Яқинан бо вуҷуди доштани ин қадар собиқаи таърихӣ, анъанаву русуми хоси миллӣ, забону адабиёти борвар ва фарзандони шуҳратманди худ мисли даҳҳо миллатҳои дигар аз неъмати соҳибдавлатӣ бе баҳра мемондем ва бо ҳасрат зиндагӣ ба сар мебурдем. Бино бар ин, мо ҳамеша бояд шукргузор бар саодати соҳибдавлатӣ бошем ва фарзандони худро низ дар рӯҳияи илмомӯзӣ, сарфарозӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол доштан парвариш намоем.

Моро мебояд, ба кулли тафаккури миллатро аз таассубу хуруфотпарастӣ пок сохта, ба ҷойи тақлидкории кур-курона – ру овардан ба илму дониш, ба ҷойи дуо кардан – талошу кӯшиш ва эътимод ба худро, ба ҷойи қаноат кардан – фикр карда расидан ба орзӯҳои бузургро, ба ҷойи аз кадом муллову фолбине талаби хайру фоли нек кардан – тасмими ақлониро, ба ҷойи бегонапарастӣ – ру овардан ба фарҳанги миллӣ ва аз ҳама боло гузоштани манфиатҳои миллиро, ба ҷойи ташкили маъракаҳои дабдабаноку намоишкорона – сарфакориву сариштакориро ва ба ҷойи тақдиру қисмат гуфтан – ирода ва руҳияи шикастнопазири миллиро баҳри рафтану расидан ба ҳадафҳои бузургро таблиғу ташвиқ ва дар мафкураи мардум ҷой карданамон лозим аст!!!

Бояд хотирнишон сохт, ки рушду пешрафти ҳар як ҷомеа аз сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва андешаву маънавиёти созандаи он вобаста аст. Боиси зикри хос аст, ки вазифаи ҷонии ҳар як омӯзгор тарбия ва ташаккули маънавиёт ва мафкураи солими ҷомеа мебошад. Вобаста ба иҷрои ин масъулияти бузург нахуст мебояд бо мафкураи носолим мубориза бурд ва онро аз мағзи ҷомеа берун сохт, сониян андешаи солиму тафаккури созандаро ташаккул дод ва дар қадами навбатӣ ин мафкураи созандаро барои амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи давлату ҷомеа равона кард.

Дар охир месазад қайд намоям, ки дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-Истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *