ҶАВОНОН НАБОЯД ФИРЕФТАИ ДАСИССАҲОИ НАҲЗАТИЁНИ ТЕРРОРИСТ ШАВАНД

ҶАВОНОН НАБОЯД ФИРЕФТАИ ДАСИССАҲОИ НАҲЗАТИЁНИ ТЕРРОРИСТ ШАВАНД

АНДЕША. Инсоният дар асри 21 бо вуҷуди инқадар пешрафтҳои илму техника, ба хатари ҷиддие рӯ ба рӯ шудааст, ки онро ном “терроризм ва экстремизм” аст. Давлатҳои алоҳида ҷиҳати пиёда кардани манфиатҳои миллии худ бо истифода аз эътиқодоти динии мардуми ҷаҳон ташкилотҳои террористӣ-экстримистиро таъсис медиҳанд ё чунин ташкилотҳоро маблағгузорӣ менамоянд.

Ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ барои ба ҳадафҳои худ расидан аксаран аз эътиқоди динии мардуми мусалмон суистифода бурда, онҳоро зери таъсири ақидаҳои ифротии худ қарор дода, бовар мекунонанд, ки сиёсати давлатҳо бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита террористон дини мубини Исломро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ ҳамчун ниқоб истифода мебаранд.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон азизи мо низ аз руи чунин сенария ташкилоти террористи-экстримистии ҳизби наҳзати ислом аз бовариҳои мазҳабии мардуми Тоҷикистон суистифода бурда, бо фиребу найранг сараввал дар дохили кишвар низоъҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки бо амалҳои даҳшатбор анҷомид, ташкил намуданд, сипас, диданд, ки дар ин ҷанги бародаркуш ба ҳадафҳои ниҳоияшон нарасида истодаанд ба сулҳ розӣ шуданд. Наҳзатиҳо ҳарчанд имрӯз дар кишварҳои аврупоӣ сарсону саргардонанд, аммо боз кушиши ба ҷони ҳам андохтани мардуми Тоҷикистонро доранд.

Аслан имрӯз дар ҷомеъаи ҷаҳон қурбони терроризм ҷавонон мешаванд.Чун василаи расидан ба ҳадафҳои ташкилотҳои террористӣ ин ҷавонони ноогаҳ мебошанд. Онҳоро бо роҳҳои идеологӣ мағзшӯи намуда, ба гурӯҳҳои террористӣ худ шомил мекунанд, сипас, онҳоро барои инфиҷору таркишҳо ва баромад кардан зидди сиёсати давлатҳо равона мекунанд.

Агар ба таърихи сиёҳи наҳзатиён назар афканем, фаъолияташон нахуст ҳамчун “мусичаи бегуноҳ” аз мағзшӯии ҷавонони ноогоҳ оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид. Инак, пас аз муддате дар пушти пардаҳо машқи террор кардан, боз ба саҳнаи ҳангомаҳо ворид гардиданд.

Он намоишҳои тақаллубие, ки онҳо дар кишварҳои Аврупо нишон медиҳанд,  исботи ҳизби террористу экстремист будани онҳост. Инҳо ҳатто хоҷагони маблағғузори худро бо ин бозиҳояшон фиреб мекунанд. Ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат таҷрибаҳои  зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кадани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.

Ҷавонон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллатанд, набояд ин қишр фирефтаи тасиссаҳои ташкилотҳои террористӣ-экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ шаванд. Ҷавонони тоҷик бояд пуштибони сулҳу субот, ҳимоятгари мероси ниёгон ва муҳофизони дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар бошанд.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *