КАБИРӢ Ё КОБРА?

КАБИРӢ Ё КОБРА?

Кабир нест. На ба хислату атвор на ба қудрату рафтор на ба амалу гуфтор, на ба зоту хешу табор.
Кобра ҳаст. Аммо Кобраи дастӣ, Кобраи ромшуда, Кобрае, ки соҳибонаш ҳар амр доданд, содиқона иҷро мекунад: дам меандозад, неш мезанад, заҳр мепошад, фурӯ мебарад.
Абдуллои Нурӣ дар дами марг қарор дошту ончунон дамаш андохтаю сеҳраш кард, ки ҳама «ёрон»-и «наҳзат»-созашро, ки ба гуфти худаш аз ҷавонӣ ҳампою ҳамқадамаш буданд, бо як ишораи даст канор партофт. Муҳиддини латтафурӯши бозори «Черкизово»-ро саркардаи ҲНИ кард. Ҳамон Муҳиддинеро, ки дар дафтари наҳзату хаймаҳои майдоннишинии онҳо оши пасмонда ва «мубораки пирҳои наҳзатӣ»-ро аз ришу табақи онҳо чида мехӯрд. Ҳамин ки майдоннишинон халқи бечораи фиребдодаашонро партофтаю он сӯйи Ому шуданд, Муҳиддини морбаччаи ҳушёр, ки аллакай аз мактаби соҳибони худ дар Эрону Яман гузашта буд, раҳ на ҷониби қибла, балки тарафи бозори ба қавли тоҷикҳо «Черкез» гирифт.
Пирони собиқадори наҳзат ва ба тасдиқи худашон поягузорони ин ҳизби террористӣ – Маҳмадшариф Ҳимматзода, Маҳмадалӣ Ҳайит, Саидиброҳими Назар, қорӣ Муҳаммадҷон, Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳ. Сайфуллозода ва дигаронро касе напурсид ва сукути онҳоро аломати ризо эълон карданд. Хомӯшии онҳо аз тарс буд, зеро медонистанд, ки шамол аз куҷо вазидан дорад. Зеро онҳо низ маззахураки дасти ҳамин хоҷа буданд.
Кабириро, ки он замон ҳанӯз Кобрача буд, падарони аслии ҲНИ, ҳизбе ки аз никоҳи сиға бо онҳо тавлид шуда буд, рӯйи тахт оварданд. Чӣ ҳам мегуфтанд? Мусиқиро оне интихоб мекунад, ки пул медиҳад!
Кобрача хеле зуд Кобра гашт. Оташи нафсаш чунон иштиҳо дошту дорад, ки ҳар куҷое дамашро самт дод, месӯзад, фурӯ мебарад, нест мекунад. Атрофиёни наҳзатиаш ҳар амрашро зери таъсири сеҳри ӯ «ҷоноҷон» гуфта, иҷро мекунанд. Онҳо ҳама медонанд, ки барои ӯ оила, зиндагӣ, сиёсат, дин, вазифа, мартаба ҳама тиҷорат аст. Вале бо вуҷуди ин он қадар сеҳрашон кардааст, ки қурбонии ӯ будан барояшон ифтихор аст.
Он ҳама маблағҳое, ки аз хориҷ гирифту бозору мағозаҳо хариду беморхона, садҳо хонаву даҳҳо ҳазор гектар замин, бӯстонсаройҳою корхонаҳо, қаҳвахонаҳо, фермаю мошинҳо ҷубронашон наҳзатиҳое буданд, ки бо Нурӣ алоқамандӣ доштанд ва бо кӯшиши табаддулоти давлатии анҷомдодаи Кабирӣ пушти панҷара рафтанд. Дили Кобра ҳаргиз ба онҳо нахоҳад сӯхт, зеро пайвандони худу атрофиёнашро кайҳо ба хориҷ кашида буд. Ба баъзе наҳзатиҳои сода ин сабақ дарс нашуд.
Ҳоло бо баҳонаи идома додани фаъолияти зиддитоҷикона, мегӯянд беш аз 8 миллион доллари ИМА дарёфт намудааст. Дар ҷаласаҳои террористони фирорӣ ба онҳо шаурма медиҳаду худу фарзандонаш ба тиҷорат машғуланд. Бо пули аз хоҷагон барои морбачаҳои наҳзатӣ ҷудошуда, тавассути бародарзодааш Кабирзода Эмомалӣ тиҷорати автомошинаҳои сабукрав ва гӯшти говро дар Варшава ба роҳ мондааст. Меҳмонхонаи 3 ошёна дар шаҳри Кассели Олмон, автомашинаҳои тамғаи «Мерседес C-LS» ва «WolsfagenCaddy», дорад. Аз ҳисоби маблағҳои барои фаъолияти ташкилоти террористии ҲНИ воридшуда, дар суроғаи шаҳри Истамбул, маҳаллаи Гултеппе, кӯчаи Алагик, бинои 1, ҳуҷраи 7 манзили истиқоматӣ харидорӣ кардааст. Лекин наҳзатиҳои раҳгуму сеҳршуда ҳанӯз дар хизматаш камар бастаанд.
Акнун Кобра, морбачаҳое чун Кӯри Юнус, Муҳаммадиқболи валади «Гӯсола–о», Варқаи беаслу насл ва майзада, Шерзамони нашъаманд, Кузови бародарфурӯш ва ғ. зери калтаки ромкардагони худ ҳар лаҳзаю даме ҷониби миллати худ неш заданӣ мешаванду заҳр пошиданӣ, аммо ҳама ҷонканиашон асар надорад. Позаҳри омоданамудаи тоҷикон, ки аз ваҳдату сулҳу салоҳу ободкорию ободсозӣ истеҳсол шудааст, талошҳои душманонаи онҳоро барбод додаву медиҳад ва барбод хоҳад дод.

Самандари Пӯлод https://www.facebook.com/rasidiyonik/posts/1160671830976617

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *