ҲАНГИ ХАРҲОИ МАККАЮ МАДИНА АЗ АВРУПО

ҲАНГИ ХАРҲОИ МАККАЮ МАДИНА АЗ АВРУПО

Мақоли маъруфест, ки ҳама онро медонанд: «Хар рафт то Маккаю Мадина, омад ҳамон хари порина».
Харҳои наҳзатии мо, хусусан, саркардагони террористашон чандин маротиба Маккаю Мадина рафтанд, ба қавли худашон «ҳоҷии чандкарата» шуданд, танҳо аз хислатҳои наҷиби инсонӣ, ба хӯйу феъли карахт ва дар ақидаҳои ҷаҳолатпӯши асримиёнагӣ ғӯтидаашон чизе зам нагашт. Хар буданду хар монданд. Ягона сабақе, ки андӯхтанд, фурӯши тасбеҳ буду қуръонҳои бо фиреби тақсим байни «бародарони мусалмон» аз пирони (аниқтараш соҳибони биёбониашон) дарёфткарда.
Магар нишонаи харигарӣ аз ин бештар мешавад? Дар ҳошияи паҳншавии бемории коронавирус, ҳатто қиблагоҳҳои суҷуди онҳо дарҳояшонро ба рӯйи зойирин бастанд. Ин ҳақиқат собитгари он аст, ки пеши рӯйи ҳама бадбахтиро танҳо ва танҳо илм метавонад бигирад, на даму дуо. Лекин ин тоифаи бадбахт дар қалб, маркази илму техника қарор гирифта, шиору суханашон, доду вовайлоашон боз ҳамон андешаи харона асту нафрини замона. Ҳаққо, ки:
Роҳбару узви эътилоф ҳама хар,
Шуда аз ҳангашон дар Аврупо ҳама кар…
Албатта, шояд касе даъво кунад, ки агар Кабирӣ хар мешуд, чӣ гуна метавонист дигаронро дар гирди худ ҷамъ оварад? Дуруст аст. Ӯ тавонистаст аз насли ин махлуқ чандеро гирди худ ҷамъ оварад. Зеро хари оқилтар баромадаасту соҳиби раҳнамою ҳидоятгар дорад. Зери зарбаи қамчини «Аҳли Байт», як тавилаи наҳзатиро дар ивази молу ҳол, пушти зиндон бурду худаш бо ҳамсару маъшуқаҳо ва ҷамъи фарзандонаш дар фароғат аст. Дар Аврупо.
Ин гурӯҳи кулӯхпараст акнун дар замине қарор доранд, ки зодгоҳи Чарлз Дарвин мебошад. Дарвине, ки пайдоиши инсонро на аз кулӯх, балки аз эволютсияи ҷонзоди дигар ба туфайли ақлу хирад медонад. Агар ин олими маъруф зинда мешуд, ҳатман собит менамуд, ки Кабирӣ ва наҳзатбачаҳояш аз маймун ҳам пайдо шуда бошанд (ӯ симои ду кӯри истаравшанӣ – Саидюнусу Равшани Темуриён, Мухаммадикболи Садруддини ислох нашаванда, хартарин зодаи Бадахшон – Алими Шерзамон ва майзадаи наҳзатӣ-Варқии беаслу насабро дида, аз кашфиёти худ кайф мекард), хулқу атворашон харона мебошад.
Имрӯз оғилгоҳи ин тавила қалби Аврупо гаштааст.
Аврупое, ки ба инсоният Николай Копернику Ҷордано Бруноро дод. Шахсиятҳои беназиреро, ки барои кашфиёти илмиашон аз ҷониби мутаассибоне мисли Кабирию хоҷагону ёрони ӯ дар оташ сӯхта шуданд (динҳо дигар буд, вале мафкура якест).
Аврупое, ки барои ҷаҳониён Галилею Валтер, Руссою Нитше, Дидрою Гёте, Макиавелию Кант ва ҳазорҳо шахсиятҳои мондагорро ҳадя кардааст. Бузургонеро, ки тавассути илм Аврупоро аз ҷаҳолату торикӣ берун кашида, ба олитарин сатҳи рушду пешрафт расониданд.
Дар ҳамин замин, Кабирии душмани донишу тараққӣ иқомат дошта, пешниҳод мекунад, ки «босмачиҳо бояд қаҳрамони миллӣ эътироф гарданд». Зеро онҳо бобоёни баччабози Кабириву ҳамтавилагонаш буданд. Ҳамонҳое, ки муаллимро овехтанд, муаллимаро буз кашиданду мактабу китобҳоро сӯхтанд. Набераю аберагони наҳзатиашон бошанд, солҳои 90-ум бори дигар муаллимро куштанд, нону ҷанозаашро ҳаром эълон карданд. Вале имрӯз бидуни шарму сурхшавии бари рӯй, нони наберагони муаллимон — Гёте ва Кантро мехӯранд, дар хонаашон зиндагӣ мекунанду… торикию ҷаҳолатро таблиғ доранд. Магар дараҷаи тиҳимағзию харигарӣ аз ин болотар мешавад?
Ин махлуқот, ки то дирӯз мусиқиро ҳарому ширк мехонданд, чун хешро дар Ватани Баху Мотсарт дарёфтанд, натанҳо қадамҳояшон ҷон гирифту устувортар шуд, якбора ба рақс даромаданд. Дар ҳавои навои «Қасам ба номат эй…». Вақте эътилофи байнинаҳзатиро зери унвони дуздидаашон – «Паймони миллӣ» эълон карданд, аз хурсандӣ рақси «баччабозӣ», ки дами навраси аз «пирон»-и нафсию имониашон омӯхта буданд, ёдашон расиду реза-реза ба хиромидан пардохтанд.
Ҳақ ба ҷониби муаллифест, ки дар саҳифаи иҷтимоие навишта буд: «Босмачӣ шояд то Аврупо расад, вале аврупоӣ намешавад». Ин гуфта сад дар сад ба Кабирию Мухаммадикболи Садриддину-писари гусола г… ҳамтавилагонаш баробар меояд. Ӯ то Аврупо расид. Кӯшиш дорад, ки баромадҳои қориазёдкардашро бо забонҳои хориҷӣ ироа дорад. Гӯё, аврупоӣ ва ба қавли хоҷагони охундаш «фарангимаоб» шудааст. Лекин «пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад».
Бо ибораи дигар, харбозию хартозиҳо болои Кабирию ҳамдастони террористаш идома доранд. Соҳибонаш аз Сипоҳи посдорон ҳанӯз ҳам аз пушташ нафаромада, дар пайроҳаҳои нави хиёнат ба Ватан қамчин заданаш доранд.

Сиёвуши Ёдгор https://www.facebook.com/rasidiyonik/posts/1159785394398594

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *