ҲАҚИҚАТИ ТАЪСИСЁБИИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ: ШЕВАИ НАВИ МУБОРИЗА ДАР ФАЪОЛИЯТИ НАҲЗАТИЁН

ҲАҚИҚАТИ ТАЪСИСЁБИИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ: ШЕВАИ НАВИ МУБОРИЗА ДАР ФАЪОЛИЯТИ НАҲЗАТИЁН

ТАҲЛИЛ ВА ВОҚЕИЯТ. Таъсисёбии паймони милллии Тоҷикистон аз онҷо манша мегирад, ки чанде аз аъзои раёсати олии ташкилоти террористӣ-экстримистии наҳзати исломӣ аз Ҷумла Айёмиддин Сатторов ва Саид Қиёмиддини Ғозӣ барои эътирофи ҷиноятҳояшон худро ба мақомоти амниятии Тоҷикистон таслим карданд. Ин омил боиси он гашт, ки фаъолиятҳои пасипардагӣ ва ҷиноятии Кабирӣ ифшо шаваду атрофиёни Кабирӣ аз у дурӣ ҷӯянд. Кабирӣ барои наҷотӣ худ аз сенарияе, ки Айёмиддин Сатторов ва Саид Қиёмиддини Ғозӣ алайҳаш истифода карда буданд, ба ҳамин монанд сенарияро таҳрезӣ мекунад. Сипас, у аз ду нафар яке ҷавон бо номи Ҷовидон Ғайюрзода дигаре бо номи Маҳмадалӣ Расулов истифода мебарад. 

Моҳи августи соли 2018 дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие пахш шуда буд, ки як нафар бо номи Маҳмадалӣ Расулов “Гӯё” афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бошад идаоъ мекунад, ки аз ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даст мекашад ва намехоҳад, ба куштори ҳамватанони хеш даст бизанад. Аммо баъд аз пахши ин навор дар фазои интернетӣ аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба дурӯғу сохта будани суханони шахси дар наворбуда, бархурди ҷиддӣ сурат гирифт. Аксарият ин наворро амали дасти наҳзатиён номиданд. Нафарони дигар, он шахсро хиёнаткору ватанфурӯш номиданд. Ҷолибтар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷбудаи тоҷик эътироф карданд, ки ин нафарро мешиносанд ва ба қавли онҳо “Профессиональный мошенник” будааст. Маълум гашт, ки он шахс дар Русия барои дуруст намудани ҳуҷҷатҳои буду боши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз онҳо пулгирифта, баъдан ғайб мезадааст. Барои чунин амалҳояш ба рӯйхати сиёҳи мафиозҳои криминалӣ афтида, қасди ҷони ӯро доштанд. Ягона роҳи наҷоташ аз ин мушикил, пешниҳоди Кабириро қабул намудан дар мавриди ба навор гирифтанаш, ки эътироф мекунад, афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи пахши навори мазкур моҳи августи соли 2018 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изоҳорот дод, ки чунин корманд надоранд.

Ба ҳамин монанд санаи 12-марти соли 2019 дар шабакаи иҷтимоии фейсбук боз як навори видеоии дигари ҷавони тоҷик бо номи Ҷовидон Ғайюрзода, ки худро афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мекард паҳн гардид.

Баъди таҳлилу таҳқиқҳо маълум гардид, ки ин нафар барои ба Олмон ҳамчун паноҳанда ворид шуданаш якчанд маротиба дархости паноҳандагӣ мекунад, аммо аз сӯи Ҳукумати Олмон дархости рад мегирад, сипас маҷбур мешавад бо маслиҳати Кабирӣ аз шеваи маъмули ӯ истифода барад. Яъне барои унвони паноҳандаи сиёсӣ гирифтан бояд ба наҳзатиҳо бипайвандаду худро ба навор гирифта корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муаррифӣ кунад.

Ин бадбахтиҳои дар Аврупо саргардон ҷиноятҳои худро мехостанд бо чунин шева пӯшонанд ва аз кишварҳои аврупоӣ паноҳандагӣ талаб карда, дар  он ҷо кайфу сафо карда гарданд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ба суханони подарҳавою кайҳонии онҳо касе бовар накард, чунки ҳама чиз мисли рӯз равшан аст, ки ин сенарияи навбатии Кабирӣ барои ҷавоб додан мақомоти Тоҷикистон буд.. Ҷовидон Ғайюрзода дар навори мазкур мегӯяд ҳангоми дар Донишгоҳи байналимилалии Қоҳира таҳсил карданаш ӯро ба сафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қабул карданд. Аммо тибқи муқаррарот дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нафароне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил карда бошанд, махсусан дар кишварҳои исломӣ, дар ягон ҳолат ба кор қабул карда намешаванд. Таҳлилҳо нишон додааст, ки он нафароне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ пайвастаанд, қисми зиёдашон ё таҳсилкардаи кишварҳои исломиянд ва ё дар назди ягон мулло дарс гирифтаанд. Қисми дигарашон бошад бо мафкураи носолим ба Ватан баргашта, миёни мардум таблиғу ташвиқотҳои хилофи мазҳабу дин мекарданд. Пас чихел мешавад ин ҷавонро, ки дар шаҳри Қоҳираи Миср таҳсил кардаасту боз онро дар сафи кормандони КДАМ ба кор гирифт, боз вазифаи оддӣ не, балки корманди оперативии разветкаи хориҷӣ…ба кор қабул карда бошанд?!. Воқеъан ҳам хандаовар аст. Ин нуқтаро Кабирӣ дар сенарияааш баинобат нагирифтааст…!

Ҳақиқат чунин аст: Чунон, ки дар боло қайд кардем баъд аз он, ки чандин нафар аз аъзои Раёсати олии ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ барои эътирофи ҷиноятҳояшон худро ба мақомоти қудратии Тоҷикистон таслим намуда, ҳадафҳои разилонаю хиёнаткоронаи Кабирию ҳамаслаконашонро, ки аз сӯи мақомоти разветкавии Эрон роҳандозӣ мешуданд, ифшо гардид, дар байни аъзои ТЭТ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои бо “ном” мухолиф шакку шӯбҳа ба вуҷуд омад. Ин омил боис гардид, ки гурӯҳу паймонҳои дурӯғин аз ҳам ҷудо шаванд ва аз Кабирӣ дурӣ ҷӯянд. Чунин ранг гирифтани кор ба он оварда расонид, ки эътибор ва нуфӯзи Кабирӣ рӯз то рӯз аз байн рафтан гирифт. Аз сӯи дигар кишварҳои аврупоӣ ба хотири он, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ фаъолияташ характери динӣ дорад ва метавонад шаҳрвандони кишварҳои аврупоиро таасубгар намоянд, аз кӯмак кардан ба онҳо даст кашиданд. Баъд аз чунин бохтҳои бузурги сиёсӣ ва чунин ранг гирифтани кор бо дастури хоҷагонаш, ки маблағҳои калонро барои фаъолиятҳои хиёнаткоронааш ба Кабирӣ дода буданд, лозим буд ба ҳар роҳу васила гурӯҳҳои парокандашударо ҷамъ намуда, бо либоси нав зуҳур намояд ва фаъолияташро идома диҳад. Сипас, бо дастуру роҳнамоиҳои ҷосусони кишвари ба мо маълум қарор доданд, ки бояд пеш аз ҷаласаи солонаи САҲА, ки моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) баргузор мегардад, Кабирӣ бояд як нафарро ба навор гирифта, онро ҳамчун корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муаррифӣ кунад ва дар шабакаҳои интернетӣ пахш намоянд. Сипас, барои ин кор Маҳмадалӣ Расуловро, ки ягона илоҷи зинда монданаш пешниҳоди Кабириро қабул намудан буд, ба ин кор розӣ мешавад. Кабирӣ он шахсро моҳи августи соли 2018 ба навор гирифта, дар фазои интернетӣ пахш намуд. Бо ин навор нишон дод, ки гӯё ин шахс бо ТТЭ ҲНИ ягон иртибот надорад. Бо ин ҳадаф аз як тараф таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро сӯи ташкилоти террористӣ экстремистии наҳзати ислом ҷалб намуд ва аз тарафи дигар исбот кардан хост, ки Кабирӣ ва дигар мухолифин зери хатари ҷиддӣ қарор доранд ва ҷомеаи ҷаҳон ба онҳо бояд кӯмак кунад. Аз сӯи дигар Кабирӣ бо ҳиллаву найранг аъзои гурӯҳҳои дигарро, ки аксариат бесаводу камтаҷриба ва пароканда буданд, бо пахши ин навор онҳоро низ тарсонида, “Гӯё” бо ин кораш исбот намуд, ки кормандони мақомоти амниятӣ дар дохили онҳо низ ҳаст. Агар мо якҷо на шавем моро зуд аз байн хоҳанд бурд.

Дар он шабу рӯз “Обсофкунакҳои” наҳзатӣ (ба қавли худи онҳо) ин масъаларо дар сомонаву саҳифаҳои интернетии худ барои боваркунонидани дигар гурӯҳҳо пӯшиши дигар дода, ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намуданд. Ин амалро наҳзатиҳо дар ҳоле руйи кор гирифтанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар Кодекси ҷинояти тағйирот ворид намуда, нафаронеро, ки дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ ва ё дар ҷангҳои ҳудуди кишварҳои дигар қарор доштанд, агар ихтиёран ба Ватан баргарданд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекунад. Дар пайи ин иқдоми хайрхоҳонаи давлат шумораи зиёди ҷавонон аз ҷумла нафароне, ки дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва кишварҳои аврупоӣ қарор доштан ихтиёран ба Ватан баргаштан ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Аммо ин раванд барои Кабирӣ баробар ба марг буд. Агар ин раванд каме дигар идома мекард Кабирӣ танҳо мемонд. Бинобар ин аз ҳар ҳилаву найранг истофода бурда ҷавононро тарсонид, то ки ба Ватан дигар барнагарданд. Айёмуддиин Сатторов яке аз саркардагони наҳзатӣ, ки худро ба мақомоти давлатӣ таслим карда буд дар яке аз наворҳои видеоияш эътироф кард, ки Кабирӣ ҷавононро бо шеваҳои гуногун метарсонидааст, ки ҳар яки шуморо мақомти амниятии Тоҷикистон ҷустуҷуй доранд, дар сурати баргаштанатон шуморо марг ва ё зиндони якумрӣ интизораст. Шумо бояд бо мо якҷо шаведу муборизаро идома медиҳем ва соли 2020 сарбаландона ба Ватан бармегардем.

Дар пайи ифшо гардидани ҳадафу ниятҳои наҳзатиён кишварҳои алоҳида ба ташкилоти ТТЭ ҲНИ маблағгузориро қатъ намуданд. Бо ҳамин хотир барои Кабирӣ як ташкилоте лозим буд, ки фаъолиятҳояшро пӯшиши дунявӣ дода, пиёда намояд. Маҳз барои пиёда кардани ин ҳадаф як чанд ташкилоти дуруғин, аз ҷумла “Анҷумани озодандешон”, “Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ”, “Гурӯҳи 24” ва “Ҳизби назҳати исломӣ”, ки “Гӯё” мутаҳид шуда бошанду боз як ташкилоти дурӯғини дигар яъне “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро ташкил намуданд. Анқитараш дар ҷаласаи САҲА 12 – сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшаваи Полша зери чатри ҳомиёни ҳуқуқи башар чанд гурӯҳе, ки танҳо бо ном вуҷуд доштанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад онҳоро мухолифини сиёсӣ номид, боз як ташкилиоти дурӯғинеро бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис медиҳанду Кабириро раиси паймон, Алим Шерзамонов ва Шарофиддин Гадоевро муовинонаш таъин мекунанд. Баъди таъсиси ин паймон Кабири ба атрофиёни хиёнатпешааш дакстур медиҳад, ки минбаъд вазифаи маро ҳамчун раис паймони миллӣ ном баред. Алббата ин барои як муддат буд. Чун наҳзатиҳо аз рӯзи таъсис додани ҳизби террористияшон садҳо чунин созмонҳоро ташкил кардаанд ва баъди номувафақи аз байн бурдаанд. Возеҳтар гӯем ин ташкилот, ки як шохаи нави ТТЭ ҲНИ буд барои Кабирӣ ба он мақсад лозим буд, ки аз номи ин ташкилот худро ҳамчун як сиёсатмадори дидгоҳи дунявидошта муаррифи намояду таваҷҷуҳи ҷомеъаи авруппоро ба худ ҷалб карда, маблағ ба даст оварад. Нуқтаи ҷолиби дигар ин аст, ки вақтҳои охир Кабирӣ дигар аз номи паймони дурӯғинаш дигар баромад намекунад. Дар баромадҳои видеоияш амалҳои сиёҳӣ худ ва ҳизби террористияшро сафед карда истодаасту корҳои шоистаи дигаронро сиёҳ. Ин ба он мақсад аст, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи Президентӣ бояд баргузор шавад, Кабирӣ низ тамоми талошашро ба он равона кардаистодааст, ки фазои иттилоотиро дар Тоҷикистон вайрон кунад ва пеш аз интихобот мардумро аз сиёсати давлат дилсард сохта, ба тазоҳурот даъват карда истодааст. 

Кабирӣ бо лухтакҳояш Ҷовидони Ғайюрзода ва Маҳмадалӣ Расулов, ки худро ба навор гирифта, аз ҳамкорӣ бо КДАМ дасткашиданашонро эълон доштанд, бо ин амалашон фикр мекунанд ҳамаро фиреб кардаанд, шояд ҳам фикр мекунанд, ки дар сари мардуми Тоҷикистон мағзи хар бошад, ки ҳадафҳои онҳоро пай набурданд…

Як нуқтаро бояд қайд кард, ки қоидаи сармоягузорӣ ба чунин ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва иғвоангез тавре амалӣ мешавад, ки агар аз рӯи принсипу хостаҳои онҳо амал кунад. Кабирӣ низ аз дастур иҷро карда истодааст. Як дам худро пуштибони дину мазҳаб тарошида ба оғӯши охундҳои эронӣ мепартояд, як дами дигар ба оғӯши арабҳо ва як дами дигар худро ҳамчун сиёсатмадори дидгоҳи дунявидошта, ба оғӯши созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва давлатҳои аврупоӣ мепартояд. Ҳамин аст, шеваи мубориза барои гурусна намондани Кабирӣ ва наздиконаш.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ ҲАҚИҚАТ

3 мысли о “ҲАҚИҚАТИ ТАЪСИСЁБИИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ: ШЕВАИ НАВИ МУБОРИЗА ДАР ФАЪОЛИЯТИ НАҲЗАТИЁН

  1. Шумо сагбачаҳои фермаи ҷавоб ва чоплуси эмомтаппак, дуруғи пешвотон ошкор шуд дига чизе гуфтантона намедонен, саги эмомтаппак дар вақташ гуфт мо бо Домулло Саид Абдуллои Нурӣ сулҳ кардем, имруз аз арақнушира фаромуш кардай гуфтаҳо худша

    1. туву кабирит ба Нурӣ чи иртибот дорен??? Нурӣ раиси ИНОТ буд, ки Рахмон бо у созишнома ба имзо расонид, Кабирии ту кист???

    2. Далел: Иқтибос аз Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

      Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем.

      Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст.
      http://prezident.tj/node/23276

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *