ҲАҚИҚАТ ОШКОР ШУДАНИСТ: ҶИНОЯТҲОИ НАҲЗАТИЁН АЗ ДАВРАИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ТО ИМРӮЗИ КАБИРӢ

ҲАҚИҚАТ ОШКОР ШУДАНИСТ: ҶИНОЯТҲОИ НАҲЗАТИЁН АЗ ДАВРАИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ТО ИМРӮЗИ КАБИРӢ

ТАҲЛИЛ. Маркази таҳлилию иттилотӣ ва мубоҳисавии “Ҳақиқат” таърихи фаъолияти аъзои собиқ ташкилоти террористи экстремистии ҳизби наҳзати исломро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Тоҷикистон дар давраи аввали Истиқлолияти давлатӣ ба душвориҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гашт, ки ин ҳолат ҳам ба руҳу равони мардум ва ҳам ба иқтисодиёти кишвар таъсири ҷиддӣ расонид. Бояд ёдовар шуд, ки пеш аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ манфиатҷуён дар  Тоҷикистон садҳо гуруҳу созмонҳо, ҳизбҳои сиёсию мазҳабї ва ҳаракатҳои миллӣ — озодихоҳиро ташкил карданду мардумро ба кӯчаҳо бароварданд. Таърих собит кард, ки аксариати ин гурӯҳу ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳона дар як муддати кутоҳ пурра характери динӣ гирифтанд. Маҳз ҳамон гурӯҳҳо бо тарғиботҳои идеологии худ мардумро ба гурӯҳҳо тақсим карда, зидди як дигар шурониданд, ки ин омил боиси сарзадани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид.

Ҳамаи он ҳодисоту амалҳои рӯзҳои сиёҳи таърихи миллатро наметавон ба қалам кашид. Аммо имрӯз он нафароне, ки миллат ва давлати тоҷикро ба оташи ҷанг кашида буданд, боз кушиши аз сари нав ташкил кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро доранд. Ёдовар мешавем, ки омилони асосии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом буд.

Бо ин амали хоинонаи наҳзатиён зиёда аз 150 000 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расида, зиёда аз 1 миллион нафари тоҷикистониён бо худ номи гурезаро гирифта, ба хоки Авгонистон фирор намуданд. Зиёда аз 1500 ҳазор нафари онҳо берун аз хоки Ватан ҷони худро аз даст доданд. Зиёда аз 55 ҳазор нафар кудакон ятим ва 25 ҳазор нафар афсарону сарбозон ҷони худро аз даст доданд. Зиёда аз 28 ҳазор нафар занону модарони тоҷик бешавҳар ва бесаробон монданд. Ин ҷанги хонумонсуз ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10 милиард доллари амрикої хисорот расонид.

Роҳбарияти онвақтаи собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом бо нақшаи таҳрезинамудаи хориҷиён мехостанд ҳукуматро бо ҷанг соҳиб шуда, дар Тоҷикистон давлатӣ исломӣ бунёд намоянд. Хушбахтона ин ҳадафшон амалӣ нагардид. Баъд аз талафоти зиёди моливу ҷонӣ онҳо маҷбур ба созиш шуданд. Пас аз имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дар миёни хазорон раҳгумзадагону хиёнатпешагон гуноҳи аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ низ вобаста ба нооромиҳо ва қатлу кушторҳои кардаашон, бахшида шуданд.

Мардуми Тоҷикистон умед доштанд, ки ин ҳама ранҷу азоби солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ба роҳбарияти ҲНИ дарси ибрат гардида, аз ин ба баъд дар роҳи ободиву осудагӣ, сулҳу ваҳдат ва созандагӣ кӯшиш мекунанд. Аммо мутаасифона ин ҳизбӣ дуруғин ба ин ҳама ҳусни ният ва некандешиҳо сазовор гашта натавонист.

Бадтарин ҳолат ҳамин аст, ки маҳз аз замоне, ки Муҳиддин Кабирӣ роҳбарии ташкилоти терористи экстримистии ҳизби наҳзати исломиро соли 2006 ба душ гирифт аз он замон аз суйи ТТЭ ҲНИ аҳдшиканиҳо, қатлу куштор, нооромсозӣ вазъ, табадулотҳои давлатӣ оғоз гардиданд ва хуни фарзандони миллатро барои мансабу пул шуда, борҳо резонидаанд.

Бояд парда аз чеҳараи шуми наҳзатиён гирифта шавад, онҳо ҳамеша ҷиноятҳои худро зери ниқоби дин ва фаъолиятҳои ҳизбӣ пинҳон мекарданд, имрӯз бошад фаъолиятҳои аҳриманонаи худро чунон пушиш дода, тарғибу ташвиқ мекунанд, ки гуё ғамхору пуштибони мардуманд. Аммо дар асл инҳо ҷаллодон, хиёнаткорон, мазҳабфурӯшон, ҳуввиятбохтагон ва тоҷирони пулпарастанд. Боз Кабирӣ дар як навори видеоии худ мегӯяд: “Мо наҳзатиҳо  одамони хубем, аммо мақомоти тоҷик ҷавононро мағзшӯйи мекардаасту нисбати Кабирӣ ва дигар наҳзатиён суханони бад мегуфтааст!”

АММО ҲАҚИҚАТ ИН АСТ, ки маҳз аз замоне, ки Кабирӣ ба курсии роҳбарии ташкилоти террористӣ – экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ нишаст, шеваи фаъолият ва мубориза дигар шуду тақрибан ҳар сол нооромсозӣ, ҳамла, коштор, табадулотҳои давлатӣ, фирори зиндониён ва ғайраҳо дар Тоҷикистон оғоз гардиданд.

Дар ин барнома якчанд ҷиноятҳои вазнину нангине, ки аз суи наҳзатиён роҳандозӣ ва амалӣ гаштааст, бо далелу рақамҳои дақиқ мухтассар пешкаш бикунем. Қазоват аз Шумост!

Соли 2009 аз суйи Мирзо Зиёев бо лақаби (Мирзоҷага) – собиқ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ (дар руйхати 30 фоиза аз суйи ТТЭ ҲНИ ба мансаби баланди давлатӣ расида буд).

Моҳи июли соли 2009 Мирзо Зиёев бо шогирди дасти росташ, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ – Неъмат Азизов, ки яке аз наркобаронҳои машҳур дар Тоҷикистон ва яке аз сарчашмаи даромади наҳзатиён буданд, бо ҷалби наёмникҳои хориҷӣ ва дигар аъзоёни фаъоли ташкилоти террористӣ экстеремисти ҳизби наҳзати исломӣ гурӯҳи ҷиноятӣ ташкил намуда, дар минтақаи Рашт бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва норомсохтани вазъ бар зидди қувваҳои давлатӣ бархоста даҳҳо сарбозону аскарони тоҷикро ба қатл расониданд. Дар натиҷа 8-9 августи соли 2009 аз суи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳв гардиданд. Мирзо Зиёев дар ин ҳодиса кушта шуд, қисми дигари ин гурӯҳ дастгир шуда, равонаи зиндон гардиданд.

2. Соли 2010 бародарони Неъмат Азизов, Раҳмиддин ва Зайдулло Азизовҳо, ки баъди маҳви ошуби Мирзо Зиёев дастгир ва равонаи зиндон шуда буданд бо дасгирии Кабирӣ, ки ҳамон замон вакили Маҷлиси намояндагон буд, 5-нафар нигаҳбонҳои зиндон (СИЗО-и шаҳри Душанбе)-ро қатл карда, бо 25 – нафар терористони махсусан хавфнок аз зиндон фирор карданд. Хушбахтона, дере нагузашта ҳамаи фирориён аз сӯи неруҳои давлатӣ аз байн бурда шуданд.

3. Баъди нокомиҳои пай дар пай Кабирӣ бо дигар наҳзатиён нақшаи нави худро таҳрезӣ карданд. Бо ҳамин мақсад аз собиқ фармондеҳони саҳроии неруҳои мухолифин (фаълони ҲНИ)-и ҷанги шаҳвандӣ — Аловиддин Давлатов бо лақаби (Алии Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов бо лақаби (Мулло Абдулло), ки ҳарду дар кофтукови байналмилалӣ қарор доштанд, 19 сентябри соли 2010 бо дастури Кабирӣ онҳо дар ноҳияи Рашт, дараи Камароб  ба мошини сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамла карданд. Дар натиҷа 27 –нафар сарбозони 18-19 солаи Вазорати мудофиаро қатл карданд. Ин бадҷаҳлҳо – наҳзатиҳои террорист, ҳатто бади куштани он ҷавонон онҳоро лату куб карданд, дар болояшон пешоб карда, расм гирифтанд. Беҳуда бузургони мо нагуфтанд: “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Ҳадафҳои разилонаи наҳзатиён низ амалӣ нагардид. Дар натиҷаи амалиётҳои махсуси неруҳои давлатӣ Алии Бедакӣ моҳи январ ва Мулло Абдулло моҳи апрели соли 2011 кушта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Мулло Абдулло ва Алии Бедакии баъд аз созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо дастури роҳбарияти олии ҳизби наҳзати исломӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои пинҳонии тиҷоратӣ, “Гӯё онҳо созишномаи сулҳро напазируфта бошанд” ҳарду ба Афғонистон рафта вазифаи муҳимро иҷро мекарданд. Онҳо аз Афғонистон маводи мухаддиро бо каналҳои махсуси худ ба Тоҷикистон ворид намуда ба Неъмат Азизов (шогирди дасти рости Мирзо Зиёев) мерасониданд. Неъмат Азизов дар якҷоягӣ бо Мирзо Зиёев бо суистифода аз ваколатҳои мансабӣ маводҳои мухаддиро ба Федератсияи Русия ба наркабаронҳои дигар интиқол дода, дар онҷо мефурухтанд ва маблағҳоро ба таври нақдӣ ва ғайри нақдӣ ба ҳсуратҳисоби ҳизби наҳзати исломӣ ворид мекарданд. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз сарчашмаҳои асосии даромади наҳзатиён маҳз аз фурӯши маводи мухаддир буд. Борҳо бар асари тақсими ноадолатонаи маблағҳо аз суи Кабирӣ байни роҳбарияти олии ин ҳизб ҷангу ҷанҷолҳои шадид ҳам сар зада буд.

Бо кушта шудани Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов каналҳои интиқол ва фурӯши маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз байн рафт. Мулло Абдулло бо дастури Кабирӣ бо хотири барқарор кардани каналҳо интиқоли маводи мухаддир ва ташкили табадулоти давлатӣ ба Тоҷикистон баргашт, аммо моҳи апрели соли 2011 дар натиҷаи бархурди муссаллаҳона кушта гардид. Аз паноҳгоҳи онҳо миқдори зиёди яроқу аслиҳа, маводҳои тарканда ва маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

4. Наҳзатиҳо аз куштору қатл ва амалиётҳои нокоми худ хаста нашуда, баъд аз як соли амалиёти қабли анқитараш моҳи июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ бетартибиҳо ва нооромсозиҳои вазъро ташкил намуданд. Яке аз омилони калиди ин ҳодисаҳо раиси ячейкаи дар шаҳри Хоруғбудаи ҳизби наҳзати исломӣ бо бародараш ва дигар собиқ командирони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин (ҳизби наҳзати исломӣ) буданд. Дар инҷо низ бархурд сари манфиатҳои шахсии наҳзатиён ва дигар гурӯҳҳои ба фуруши маводи мухаддир машғулбуда, сурат гирифт.

5. Муҳиддин Кабирӣ ин маротиба хориҷ аз кишвар нақшаи нави разилонаи худро бо мақсади роҳандозӣ намудани табадулоти давлатӣ аз рӯи сенарияи инқилоби исломии Эрон (дар Эрон соли 1979 инқилоби исломӣ ғалаба мекунаду Оятуллоҳ Ҳомайнӣ аз кишвари Фаронса ба Эрон омада, роҳбари давлат мегардад) ба ҳамин монанд нақшаро таҳрезӣ мекунад. Сипас, ба Ҳоҷи Ҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки (дар руйхати 30 фоиза аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ба мансаби давлатӣ расида буд) дастур медиҳад, ки шаби 4-уми сентябри соли 2015 дар маркази шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат табадулоти давлатӣ намояд. Дар натиҷаи амалиётҳои муссаллаҳона 15-уми сентябри соли 2015 гурӯҳи муссаллаҳи ҷиноятии Ҳоҷиҳалим Назарзода пурра аз байн бурда шуда, садҳо нафари узви дигари ин гурӯҳ, ки ҳамагӣ наҳзатиён буданд зиндонӣ карда шуданд. Дар пайи ин ҳодиса Суди Олии кишвар 27-уми сентябри соли 2015 ҳизби наҳзати исломиро ташкилоти террористӣ экстримистӣ эълон кард.

6. Баъд аз он, ки наҳзатиён дар амалӣ намудани нақшаву амалиётҳои террористии пай дар пайи худ ноком гардида, дасташон дар Тоҷикистон кутоҳ шуд, дигар ҳеҷ илоҷи бо роҳи силоҳ зарба задан ба давлату миллат намонд. Бино бар ин роҳи идеологиро пеша карданд. Аммо бояд гуфт, ки дасте, ки ҳамеша бо хун олуда буд, боз илоҷи хунрезонданро ёфт. Бо ин мақсад аз суи аъзои фаъоли ҲНИ бо номи Қори Носир, ки дар Ҷумҳурии исломии Эрон зиндагӣ мекунад, як чанд ҷавони тоҷикро ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯйи намуда, барои анҷоми амалиёти куштори сайёҳон омода месозад. Сипас, Кабирӣ бо нақшаи таҳрезинамудааш ба Қорӣ Носир дастур медиҳад, ки ҷавонони мағзшӯйи шударо ба Тоҷикистон бифиристад. Он ҷавонони омодашуда санаи 29 июли соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба сайёҳони аврупоӣ ҳамла карда онҳоро бо мошин зер мекунанд, баъди зер кардан аз мошин фаромада бо табару корд ба бадани онҳо зада, дар натиҷа чор сайёҳро ба қатл мерасонанд.  

ҲАҚИҚАТИ ДИГАР ИН АСТ, ки маҳз баъди ин ҳодиса ҷомеъаи ҷаҳон, махсусан, давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ин ҳизбро ташкилоти террористӣ-экстримистӣ пазируфтанд, давлатҳои аврупоӣ бошанд эътироф намуданд, ки ҳизби наҳзати исломӣ воқеъан ҳам ташкилоти террористӣ-экстеремистӣ мебошад ва аз суи давлатҳои исломӣ маблағгузорӣ мешавад ва хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи авруппо аст, аз ин лиҳоз давлатҳои авруппоӣ ба ташкилоти ТТЭ ҲНИ ва созмону ташкилотҳои зертобеъи онҳо муносибатро дигар намуданд. Бо ҳамин хотир барои Кабирӣ як ташкилоте лозим буд, ки фаъолиятҳояшро пушиши дунявӣ ва демократӣ дода, пиёда намояд. Маҳз барои пиёда кардани ин ҳадаф боз як созмони дурӯғини дигар, яъне Паймони миллии Тоҷикистонро ташкил намуд. Баъди таъсиси ин созмон Кабирӣ ба зертобеъонаш дастур медиҳад, ки минбаъд уро раиси Паймони миллӣ ном баранд. Бояд гуфт, ки наҳзатиён садҳо ва ҳазорҳо чунин ташкилтҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои шуми худ таъсис ва баъди нокомӣ барҳам доданд.   

Агар инҳо бешармона ва бо роҳи силоҳ давлатхоҳӣ намекарданд, дар Тоҷикистон ҷанг намешуду 150 ҳазор тоҷикистонӣ ҳалок намегардид ва милиардҳо доллар хисорот ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид намегардид. Таърихи давлатдории миллии тоҷикон собит кардааст, ки чунин мулоҳои шайтонсифат мисли наҳзатиҳо, махсусан Кабирию Муҳаммадиқбол, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигарон ҳамеша ба давлату миллат хиёнат кардаанд. Давлати Сомониён низ бо хиёнати маҳз чунин муллоҳо, ки дарвозаҳои шаҳро ба рӯи қарахониҳо боз карданд ва мардумро ташвиқ намудан, ки ҳангоми ҳамлаи қарахониҳо бар зиддашон қиём накунед, онҳо низ мусалмон ҳастан ва ба мо мусалмонҳо кор надоранд, дар натиҷа мардум бар зидди онҳо бар нахесту давлати Сомониён-оромни ҳазорсолаи миллат аз байн рафт. Восеъи қаҳрамонро низ бо хиёнати маҳз муллоҳо дастгир карда ба қатл расонида буданд.

Маркази таҳлилию иттилоотӣ ва мубоҳисавии “Ҳақиқат” ба ин ақидааст, ки бояд наҳзатиҳо пеши ин миллат сар фуруд оварда, ҳазорон бор бахшиш бипурсанд ва товони он ҷиноятҳои кардаашонро бидиҳанд. Аммо мо дида истодаем, ки баръакс ин бадзотон мисли Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин, Саидюнуси Истаравшанӣ, Темур Варақӣ ва дигар хиёнаткорон дар руйи худ пусти хар кашида, боз дар хориҷи кишвар наворҳои видеоӣ ва постҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунон обу тоб дода паҳн менамоянд ки гӯё инҳо ғамхори халқ ҳастанд…, Ин пастфитратҳо мисли саги буйгир барин интизоранд, ки дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нохуш мисли офати табиӣ шамолу бод, заминҷунбӣ, обхезӣ ва ғайраҳо рӯй диҳаду онҳо, кори Худо ва табиатро ба гардани давлату Ҳукумат бор намуда, роҳбарияти давлатро ноудабаро хонда, гунаҳкор намоянд.

ҲАҚИҚАТ ИН АСТ: Барои терористони наҳзатӣ Ватан, миллат, давлат, дину мазҳаб, падару модар дигар ҳеҷ аҳамият надорад, чун террорист танҳо як ҳадаф дорад — террор кардан, хоҳ равонӣ бошад, хоҳ амалӣ.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛИЮ ИТТИЛООТӢ ВА МУБОҲИСАВИИ “ҲАҚИҚАТ”

3 мысли о “ҲАҚИҚАТ ОШКОР ШУДАНИСТ: ҶИНОЯТҲОИ НАҲЗАТИЁН АЗ ДАВРАИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ТО ИМРӮЗИ КАБИРӢ

  1. Инҳо ин қадар ҷиноят содир кардаанд, пас чаро боз дар аврупо худро бегуноҳу ҷабрдида меҳисобанд? Чаро давлат аз паси нест кардани ин душманон намешаванд? Магар инҳо ба амнияти давлатӣ таҳдид намекунанд?

  2. Ин душамнони инқадар ҷиноятҳоро алайҳи давлату миллат содир кардаанд, пас чаро боз дар аврупо худро бегуноҳу ҷабрдида эътироф мекунанд, бар замми ин худро ҳамчун роҳнамо ва ғамхори миллат муаррифӣ мекунанд, чаро давлат ин қадар ҷиноятҳои онҳоро медонад, медонад инҳо ба аминиятӣ давлату миллат таҳдиди ҷиддӣ мекунанд, аммо аз паси нобудии онҳо намешавад! Дар пойдор мондани давлатдории милли шарти аз ҳама муҳим ин аст: ҳангоми таҳдид ба амнияти давлату миллат роҳбарияти давлат, мақомотҳои қудрати ва кулли шаҳрвандон мувазафанд, ки дар ҳар шароите набошад он хаттарро аз байн баранд!

    1. Салом бародари азиз! Бале Шумо дуруст қайд кардед, воқеъан ҳам вақте, ки таҳдид ба амнияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ мешавад дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон, уҳдадориҳои байналмилалӣ, вокуниши ҷомеаи ҷаҳон ҳеҷ аҳамият надорад, дар ҳар сурате, ки набошад, хатар, хатар аст ва бояд аз байн бурда шавад. Дар ин масъъала кулли шаҳрвандон ва кулли мақомоти давлатӣ масъуланд. Мо баъди 1000 соли бедавлатӣ соҳиби давлат шудем. Дар ин муддат чӣ азобҳое, чи дардҳое, ки накашидем, миллионҳо тоҷик ҷонихудро аз даст доданд то ки мо ба ин рӯз бирасем! Мо низ бо Шумо ҳамфикрем бародари азиз, аммо ин саволро бояд давлатмардони тоҷик ҷавоб бигӯянд!.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *