АЗ СУЛҲУ ВАҲДАТ ТО ДАСТОВАРДУ ПЕШРАФТ

АЗ СУЛҲУ ВАҲДАТ ТО ДАСТОВАРДУ ПЕШРАФТ

Таърихи навини Тоҷикистон давраи ҳассос, пурҳаводис, давраи талошу заҳматҳо маҳсуб ёфта, онро коршиносон ва таърихнигорон ба се қисмат тақсимбандӣ намудаанд. Қисмати аввал талошу кӯшишҳои роҳбарият ва ҳукумати мамлакат баҳри пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, бунёди низоми давлатдориву ҳуқуқӣ, бартарафсозии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, қисмати дуввум-таҳкими ваҳдати миллӣ, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва қисмати сеюм- баромадан аз буҳронҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди самтҳои афзалиятноки мамлакат . Ин 29 солро дар сухан ва рӯи коғаз овардан осон аст. Вале бо тассавури он лаҳзаҳо ва фоҷиаи миллату хоки поки Тоҷикистони маҳбуб касро даҳшат фаро мегирад. Лаҳзаҳое, ки ҳалкунанда буданд. Лаҳзаҳое, ки тақдири Тоҷикистону тоҷикон зери суол буд. Лаҳзаҳое, ки Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Имрӯзҳо баъди ошкор шудани бозиҳои сиёсии давлатҳои абарқудрати манфиатдор аён гардид, ки Тоҷикистон, низ чун Сурияву Ироқу Ливия он солҳо бозичаи дасти ин сиёсатҳо нопок будааст. Баъди ин қадар ҷоннисорию заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри наҷоти миллат аз вартаи ҳалокат, сулҳу суботи сиёсӣ, рушду пешрафт, ки сиёсати муваффақона, одилона, хирадмандонаву ҳакимона буд, мо аз вартаи ҳалокат, нокомиву нооумедӣ ба вартаи наҷот, шодкомиву умеду орзуҳо расидем. Аз мамлакати ҷангзадаву қашшоқзада ба мамлакати орому осоишта ва хурраму шукуфону пешрафта расидем. 29 сол, ки 29 китоби муборизаву талошҳои ва ҷоннисориҳои  Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри давлату миллат маҳсуб меёбад, давраи кӯтоҳи таърихӣ вале сермаҳсулу пурпечутобу пуҳаводис аст. Ин кору пайкори гӯшношунид ва тассавурнопазир дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ боиси васфу сано ва ифтихори ҳар ватандӯсту ватанпарвар аст. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки  фоҷиаҳои таърихиро пушти сар намудаву ба марҳилаи нави рушд расидааст, дар миёни бисёр ҳамсоякишварҳо ва ҷумҳуриҳои ИДМ аз рӯи бисёр нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Бунёди ҳазорҳо киломметр роҳ, пулу нақбҳо равуои мардумро осон, минтақаҳоро ба ҳам наздик ва мамлакатро ба кишвари транзитӣ табдил доданд. Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ расид, зеро имкони таъмини барқ на танҳо барои худ, балки ҳамсоякишварҳо пайдо намуд. Бунёди садҳо гетар боғу токзор, рушди чорвопарвариву мурғпарварӣ рӯзгору дастархони мардуми ҷумҳуриро пурфайзу пурбаракат намуд. Деҳоти Тоҷикистон имрӯз ба сатҳи навоҳӣ ва навоҳӣ ба шаҳрҳо расидааст. Имрӯз ҳар як шаҳрванд соҳибватан дар хотир дошта бошад, ки мо аз куҷо то ба куҷо ва аз чӣ  ба чиҳо расидем.            

         Дар ҷаҳони муосир ва шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи амнияти давлат, сулҳу суботи сиёсӣ яке аз   вазифаҳои муҳим ва рисолати ҳар ватандӯст ва ватандор маҳсуб меёбад. Зеро қувваҳои зиёди манфиатдору манфиатҷӯе ҳастанд, ки мехоҳанд бо истифода аз неруҳои манфии ҳар кишвару давлат ба он давлату миллат, мушкил ва ба сулҳу субот ва амнияти он хатар эҷод намоянд. Аз ин рӯ ин,  Тоҷикистони маҳбуберо, ки баъди ҳазор  сол  боз соҳибистиқлол гардид, бояд бо тамом ҳастӣ ҳифз намуд.  29соли соҳибистиқлолӣ, 29 соли корнамоӣ дар роҳи таҳкими истиқлолият, дастоварду пешрафти Тоҷикистони маҳбуб, 29 китоби бузургро ин фурсат ва ин коғаз дар инъикосу баёнаш оҷизӣ мекашад. 

З. Сафарзода, аъзои ҲХДТ http://hhdt-dushanbe.tj/views.php?id=2098

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *